04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚОСИДИ ВАҲДАТ

 


Bonu 06_2022__111 _opt Ҳарчанд 25 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ба назар чунин мерасад, ки гӯё дирӯз бошад. Он шабу рӯз мо, алоқачиён, хеле серташвиш будем, қариб бетанаффус кор мекардем. Масъулияти муҳим бар дӯш доштем: оҷилӣ ва дақиқкорӣ,- ба ёд меорад Сулҳия.

  • Рӯзи 27-уми июн дар узели алоқаи вилоятӣ кор бо ҷӯшу хурӯш пеш мерафт. Садои телефон лаҳзае ором намегирифт, пайдарҳам ба марказ занг ворид мешуд. Вазифаи Сулҳия Муминова низ мисли дигар алоқачиён пайваст кардани истгоҳҳо буд. Ӯ мекӯшид, то ин корро зудтар анҷом дода, ҳар ду ҷонибро маътал насозад.

- Ҳамон рӯз бори аввал дарк кардам, ки алоқачӣ будан чӣ қадар кори душвор будааст. Андак саҳлангорӣ метавонист боиси ба миён омадани мушкилиҳои зиёд гардад.

Як вақт ба рақами умумии 07 занги навбатӣ ворид гардид. Он чӣ шунидам ва эҳсос кардам, тасаввурнокарданист ва то ҳол аз ёдам намеравад:

«Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.»

Ин паём аз истиқболи ваҳдат ва сулҳу суботи комили кишвар буд. Фавран ба ҳамаи истгоҳҳо пайваст шуда, ин навиди фараҳбахшро расондам, -мегӯяд ӯ.

Сулҳиябону аз он мефахрад, ки нахустин пайғомбари сулҳу ваҳдат буд, зеро мардум боварӣ дошт, ки кор ба хубӣ меанҷомад ва ба рӯзи саодат мерасанд. Ӯ аз он шукрона мегӯяд, ки ин шарафи бузург маҳз ба вай насиб гардид.

Воқеан, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои миллати тоҷик иҷлосияи тақдирсоз гашт. Он роҳи рушди минбаъдаи кишварро муайян намуда, мамлакатро аз вартаи нестӣ эмин дошт. Маҳз ин Иҷлосия боис шуд, ки шахсиятҳои тоза ба майдон омада, ояндаи рахшони мамлакатро барои садсолаҳо дақиқ карданд.

  • „ ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО

Пас аз хатми Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) ҷустуҷӯи кор ӯро ба узели вилоятии алоқа овард. Ҳарчанд аз рӯи ихтисос омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буд.

- Давоми 40 сол дар ин даргоҳ ҳамчун телефончӣ фаъолият намудам. Гоҳ-гоҳ ба дафтарчаи меҳнатӣ назар карда, танҳо як навиштаро мебинам: ду ишора, «Ба кор омад» ва «Аз кор рафт». Дигар қайде нест. Ва ҳамоно гуфтаи падарам ба хотир меояд: «Духтарам, дарахт дар як ҷой месабзад!»- ёд меорад Сулҳиябону.

Гуфтаи қиблагоҳ рост баромад. Вай то охир ба касбаш содиқ монд. Дар ин ҷо ҳам нон, ҳам ном ва ҳам обрӯ ёфт. Ӯ барои ҳама «Сулҳияи телефончӣ» буд. Хурду калон эҳтиромаш мекарданд, бархе номи духтарашонро ба шарафи ӯ мегузоштанд.

Мегӯянд, ки то ҳол аз Россия ба собиқ коргоҳаш занг мезананд ва ӯро мепурсанд.

Сулҳия Муминова рӯзҳои рафтаро ба ёд меораду ба ҷасорати хеш қоил мемонад.

- Шоми 13-уми октябри соли 1985 бароям даҳшатбор ва фаромӯшношуданӣ буд, зеро дар шаҳри Хуҷанд зилзилаи мудҳиш рух дод. То саҳар коргоҳро тарк накарда, идораву ташкилотҳоро бо телефон пайваст намудем. Ҳоло он воқеаро ба ёд меораму боварам намеояд, ки то чӣ ҳад ба касби хеш содиқ будем, - илова менамояд вай.

  • „ ШАРОРАИ ХОТИРАҲО

Бонуи меҳнатқарин имрӯз шуғли наве дар­ёфта: эҷоди хотираҳо. Аллакай қисми аввал дар маҷмуаи «Умре дар хидмати халқ» гирд омадааст.

- Навиштанро дӯст медоштам. Аз давраи мактабхонӣ бо нашрияҳо ҳамкорӣ доштам. Нахустин матлабам ба муносибати зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, дар нашрияи «Пионери Тоҷикистон» ба табъ расида буд,- мегӯяд Сулҳия.

Сеҳри сухан ӯро бо «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Бо роҳи Ленинӣ» мепайвандад. Ҳатто Университети мухбирони коргару деҳқони назди идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»-ро хатм менамояд. Пас аз ин, бо тавсияи адиб ва рӯзноманигор Солеҳи Зарифзод ба навиштани ёднома мепардозад.

Маҷмуаи «Умре дар хидмати халқ» оғози кори ӯ буд, ки бо Ҷоизаи адабии ба номи Карим Абдулов сазовор гашт. Ин меҳри Сулҳия Муминоваро ба навиштан ва эҷод кардан боз ҳам афзунтар намуд.

  • „ ПОСИ ЗАҲМАТҲО

Сулҳия Муминова нафақахӯри сатҳи ҳуку­матӣ аст. Ҳамчунин, мавсуф яке аз барандагони Квотаи президентӣ мебошад, ки ройгон фаризаи Ҳаҷро ба ҷой овардааст.

Хизмати шоёни ӯ бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, бо медали Муборизи сулҳ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудаанд.

Сулҳия Муминова муҳаббати халқро беҳтарин мукофот медонад ва то ин мартаба расиданашро маҳз аз дуои халқ меҳисобад.

 

:.  Сиёсат 05.07.2022 13:16 466

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz