Дар зарфи сӣ соли охир дар бораи ташаккул ва пешрафти давлатҳои тозаистиқлоли собиқ Иттиҳоди Шуравӣ донишмандону сиёсатшиносон, таърихдонон дар бораи шахсиятҳои барҷаста - пешвоёни миллатҳо бисёр навиштаанд. Зуҳури падидаи «Пешвои миллат» дар фарҳанги сиёсии кишварҳои пасошуравӣ наву нодир мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва ташхиси саҳеҳи воқеиятҳо дар пайи гуфтушунид бо роҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо гурӯҳҳо ва неруҳои мухолифи дохилию хориҷӣ рӯ ба рӯ музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои рушди минбаъда ҳамвор намуд. Имрӯз, бидуни истисно, тамоми аъзои ҷомеа эътироф мекунанд, ки барқарор гаштани сулҳу субот ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон аз бузургтарин хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони мост, хидмате, ки ба шарофати он Истиқлоли давлатии Тоҷикистон устувор ва амнияти мардум таъмин шудааст.
Таърихи 30 соли Истиқлол гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз бо талошҳои ин фарзанди фарзона миллат, билохира ҷойгоҳеро дарёфт, ки аз даст дода буд. Ва ин таърихи сисола бори дигар собит сохт, ки бидуни раҳбари кордон, ҷомеа пеш нахоҳад рафт.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир аст, ки давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор додаанд, зеро дар таърих кам ҳолатест, ки миллати аз ду тараф ба низоомада, дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд талаф ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа, сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯро дар дидаи мардум маҳбуб сохт. Сарвари давлат бо зиракии хеш Тоҷикистонро аз қумандонсолориву ҷангҷӯӣ берун кашида, ваҳдати миллӣ ва созгории умумиро таъмин намуд. Хизматҳои ӯ дар назди миллату кишвар чун шуълаҳои офтоб рӯшан мебошанд.
Эътирофи падидаи «Пешвои миллат» на танҳо ба хотири қадршиносии хидматҳои ашхосест, ки дар як давраи муайяни таърихи миллате, кишваре нақши сарнавиштсоз доштанд ё доранд, ҳамчунин, ба хотири он аст, ки он омили муттаҳидсозанда ва пешбаранда мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки Президенти мамлакат барои аз вартаи нестшавӣ баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсӣ, эҷоди ҳусни тафоҳуми тамоми гурӯҳ ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Ба шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари дурандешу тавоно имконпазир гашт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ пойдор гарданд.
Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби маҳфилҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун гардонд. Президенти Тоҷикистон бо талошу пайгириҳои худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва сайёра ҳамчун шахсияти таъсиргузори муносибатҳои байналмилалӣ шинохта ва эътироф гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби касбӣ, роҳбарӣ ва болотар аз ҳама, инсонии хеш маҳбуби мардум гардиданд. Халқи шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама, пуштибон, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонӣ, муаррифгари таъриху тамаддуни ниёгон ва амалисозандаи орзуву омоли худро ёфтааст ва эътимоди комил дорад, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи ӯ ба манфиати ҳар як фарди Тоҷикистон аст. Сиёсати созандаи Сарвари муаззами кишвар барои ободонӣ, некуаҳволӣ ва таъмини шароити шоистаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат, таҳкими давлати соҳибистиқлолу куҳанбунёд равона шудааст. Бо дарки ин ҳақиқат, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» таҳия ва қабул гардид, ки рисолати Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат аз лиҳози ҳуқуқӣ танзим менамояд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар фарде, ки халқ, миллат ва Ватани хешро дӯст медорад, боиси ифтихор аст.
Бинобар ин, аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан, Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи миллати тоҷик, ки маънии асосиаш ҳамеша сулҳ ба хотири манфиатҳои олии Ватан буд, рӯ оварда, аз пешсафони мухолифини мусаллаҳ даъват ба миён овард, ки силоҳ ба замин гузоранд.
«Мо як Ватан, як модар дорем. Биёед хашмро фурӯ нишонему ниқорталабӣ накунем. Бародарвор дасти ҳам бигирему машғули меҳнати осоиштаи созанда шавем. Танҳо дар сурате, ки мо муттаҳид бошем-Тоҷикистонро аз хавфи нестшавӣ ва порашавӣ наҷот медиҳем, онро ба давлати воқеан мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил медиҳем».
Бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дигари Сарвари давлат интихоб шуданаш, намояндагони тарафҳои муқобил бори аввал рӯ ба рӯи ҳам нишастанд. Ҳарчанд то лаҳзаи аз миён бурдани муқовимат, ҳанӯз вақти зиёде буд, ба дилу нияти пок ва азму кӯшиши Роҳбари ҷавон, ки дар назди худ мақсад гузошта буд, ки пеши роҳи ҷанги таҳмилии хонумонсӯзро бигирад, дар касе шубҳа намонд.
Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ба раванди музокироти миёни тоҷикон асос гузошта шуд ва бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва нахустин вохӯрии ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарони мухолифини мусаллаҳ ба вуқуъ омад, ки он оғози хотима ёфтани амалиёти ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ҳалли масъалаи гурезаҳо гардид…
Аз қадами нахустин Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медод, ки душманӣ ва ҳиссиёти нобовариро дар миёни гурӯҳҳо бартараф намояд ва ҳамдигарфаҳмию дӯстиро барқарор созад. Ба хотири ин Эмомалӣ Раҳмон, борҳо гузашт намуд, хирадмандӣ ва сабру таҳаммулро пеша карда, доимо ёдрас менамуд, ки Ватани ягонаи мо Тоҷикистон аст.
27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин ҳуҷҷат ба зиддият нуқта гузошт ва марҳилаи нави сулҳ ва рушду нумӯи давлати соҳибистиқлол оғоз гардид. Ба имзо расидани Созишнома cамараи он заҳмати зиёдест, ки Сарвари давлат тули 1495 рӯзи ба сари ҳокимият омадан интизор буд. Дар он рӯзи фаромӯшнашаванда дар фурудгоҳи Душанбе Сарвари давлатро одамони қалбашон саршор аз ҳисси миннатдорӣ бо гулдастаҳо истиқбол гирифтанд. Дар чашмони аксари онҳо ашки шодӣ ҳалқа зада буд. Тамоми халқ фарзанди барумандӣ худро, ки ба сарзамини тоҷикон сулҳу салоҳ овард, муборакбод мегуфт.
Имрӯз ин далел аён ва бе баҳс аст, ки баргардондани гурезаҳо аз Афғонистон ва дигар кишварҳо зуҳуроти беназир дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Инро Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф намуданд.
Бешак, ҳалли масъалаи гурезаҳо, ҳамчун тамоми модели тоҷик дар роҳи бунёди давлати дунявии демократӣ, комилан бо ном ва фаъолияти серҷабҳаи Сарвари давлат алоқаманд аст. Наҷотбахш будан, инсонпарварӣ, кӯшишҳои пайваста баҳри осон намудани мушкилоти халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро соҳибэҳтиром ва маҳбуби халқ гардонданд.