Аҳмадҷон АЛИЗОДА:
Мусоҳиба бо яке аз пешоҳангони таърихи таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода
- Пеш аз шарҳи ин мафҳуми муқаддас ба таърихи миллат таваҷҷуҳ намоем, ки тули 6 ҳазор соли рушду камолоти инсонӣ тоҷикон аз мардумони эҷодкору соҳиби илму фарҳанг, дину давлати қудратманд ва асосгузори нахустин империяи бузург буданд. Дар аҳди подшоҳии Куруши Кабир ва фарзандони ӯ аз 100 миллион сокинони кураи Замин 50 миллион нафари онҳо дар қаламрави ин империя ба сар мебурданд. Форсҳо соҳиби забон ва дину оини худ буда, ҳунармандони машҳураш шаҳрҳои калону қасрҳои ҳазорсутун бунёд намудаанд. Онҳо бо навовариҳо дар соҳаи кишоварзӣ, обёрии заминҳои корам ва корез сохтанро кашф карда, косибони шаҳрнишинаш ба оламиён ҳунарҳои оҳангариву истеҳсоли ашёҳои муҳими аз шишаву сафолу коғазро омӯхтаанд.
Ҳамакнун, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷаҳонишавӣ моро мебояд, ки ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, аз таърихи гузаштаи миллат ёдовар шуда, мардумро воқиф созем, ки ҳамин гуна давлату империяи аҷдодони мо аз қудратмандии неруи душманони худ мағлуб нашуда, балки аз ҳавобаландӣ ва иллати ғурури атрофиёни ҳокимони худ шикаст хӯрд. Аз ҷумла, империяи форси қадимро на мақдуниҳо, балки худи онҳо бо аспу пилҳои ҷангиашон, ки баргустувон (ниқоби оҳанин) доштанд, парешон карданд. Яъне, ин сабақи муҳим барои насли имрӯзу ояндаи мост, то ваҳдати сартосариро андешамандона ҳифз намоем. Чаро ки аз шикасти лашкари Доро то Истиқлоли давлатӣ давоми 2300 сол миллати замоне соҳиби сарзаминҳои паҳновар дигар давлати комилан мустақил надошт. Ҳатто Исмоили Сомонӣ, ки давлати тоҷиконро эҳё намуд, зери таъсири хилофати араб қарор дошт. Аммо шоҳ Исмоил тавонист забони тоҷикиро ривоҷ диҳад ва ба шарофати ҳимояти ӯ аз забони тоҷикӣ мо соҳиби «Шоҳнома» ва дигар шоҳасарҳои безавол шудем. Вале дар натиҷаи фисқу фасоди дарбориён давлатдории Сомониён ҳам завол ёфт.
Яъне, сабақи талхи таърих моро водор менамояд то ба қадри соҳибистиқлоливу давлатдории миллӣ бирасем. Халқи тоҷик ин неъмати бебаҳоро баъди шикастурехти ҳазорсолаҳо ба даст овард. Абдураҳмони Ҷомӣ дар ашъори хеш ҳоли миллату бедавлатиро чунин инъикос кардааст:
Ҳама як сӯ бувад, нодидани он гулбадан як сӯ,
Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватандорӣ
Ҳолиё, 30 сол мешавад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шукри соҳибдавлативу моҳияти таърихии ваҳдати миллӣ сухан мегӯянд, вале ҳоло ҳам иддае ба дарки ин нукта нарасидаанд.
- Бори аввал ин андешаи бузург дар Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии ҷумҳурӣ дар нахустин суханронии Роҳбари ҷавони кишвар садо дода буд. «Ман ба шумо сулҳ меорам» гуфта, меҳри ваҳдатро дар қалбҳои миллионҳо нафар тоҷикони ҷаҳон ҷо кард. Гарчанде дар арсаи сиёсатҳои калон ҷавон буд, мақсаду мароми мардумро ба ҳам овардан дар дилаш пайдо шуд, ки баъдан, ин нияти ояндасоз ба маънии ваҳдати миллӣ ва ғояи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфт. Идеяи ваҳдати миллиро ҳам мисли дигар ҳадафҳои давлатсозӣ бо маром дар зеҳну замири мардум ҷо кард.
Дар таърихи миллатҳои ҷаҳон шахсиятҳои бо ғояҳои пешбарандаи ҷомеа ва андешаҳои бузурги давлатсозӣ дар саду ҳазорсолаҳо як бор зуҳур менамояд. Дар масири давлатдории мо ҳам маҳз аз забони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми сулҳу ваҳдати миллӣ кушоду равшан баён гардида, дар ҷомеа таҳаввулоти бузург ба вуҷуд оварда, ба миллат умри абад бахшид.
- Баъд аз Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16 - уми Шурои Олӣ бо саъю кӯшишҳои Сарвари давлат ҷиҳати ба созиш овардани ду ҷониби даргир дар кишварҳои гуногун зиёда аз 40 музокирот баргузор гардида, ахиран, 27 - уми июни соли 1997 ҷонибҳо дар шаҳри Москва ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Раванди сулҳ оғоз ёфт ва рӯзи 16 июл як гурӯҳ фаъолони вилояти Хатлон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таъсис доданд. Баъдан, намояндагии Ҳаракат дар Суғд ва дигар минтақаҳои кишвар таъсис ёфтанд ва 18 июл ба пойтахт омада, дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ Маҷлиси муассисони ҲВМЭТ-ро баргузор намудем, ки мароми он амалӣ намудани ҳамаи бандҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ буд. Дар Анҷуман банда, ба ҳайси намоянда аз вилояти Хатлон номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешниҳод намудам. Воқеан, дар он Анҷумани мардумӣ мо, ҳамдилон, ҷамъ омада будем, ки ҳама андешаву пешниҳодҳои маърузачиён якдилона ҷонибдорӣ меёфт. Дар панҷсолаи аввал ман ва якнафарӣ аз дигар шаҳру вилоятҳо муовинони Раиси Ҳаракат будем. Шуруъ аз ҳамон сол фарзандони фарзонаи кишвар Султон Мирзошоев, Лоиқ Шералӣ, Нодир Одилов, Меҳмон Бахтӣ (равонашон шод бод), Қосим Роҳбар ва дигарон дар тарғиби ғояи ваҳдати миллӣ ва амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифтаи Сарвари давлат саҳми бузург гузоштанд.
- Таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояндагии сиёсати пешгирифтаи давлати мо аз омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бастагӣ доранд. Ҷиҳати мафкурасозӣ дар ҷомеа, ташаккули афкору ҷаҳонбинӣ ва раҳнамоии мардум ба зиндагии шоиста аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ояндасоз гирифта шудааст. Дар самти иқтисодӣ бошад, илова ба амалисозии барномаҳои ҷадид ва эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» ҳисси ватандӯстии сарватмандонро бояд бедор кард, то фишангҳои иқтисодии дар ихтиёр доштаро ба манфиати рушди ҷомеа ва беҳбудии зиндагии мардум равона созанд.
Омили дигари рушд заминҳои корами Тоҷикистон мебошад, ки нисбат ба дигар захираҳои табиӣ муҳимтар буда, дар сурати истифодаи оқилона замин барои таъмини рӯзгори то 40 миллион аҳолӣ кифоят мекунад. Бешубҳа, агар ин гуна заминҳои зархез дар Япония мебуд, онҳо мошинсозӣ не, кишоварзиро рушд медоданд. Пояндагии давлат аз боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми одӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, барои беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ки омили рӯ ба илму фарҳанг овардани сокинон, ба хусус наврасону ҷавонон мегардад, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва дигар ғояҳои пешбарандаи ҷомеа ба сӯи ояндасозиҳо мусоидат мекунад.
Василаи дигари тақвият бахшидани идеяҳои роҳнамосози ҷомеа ин тарғиби бештари мавзуи ваҳдати миллӣ ва қадрдониву муаррифии собиқадороне мебошад, ки дар он солҳо ҳампаҳлуи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти соҳибистиқлолии давлат, сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва афкори инсондӯстиву иттиҳоду дӯстиро тариқи вохӯриҳо ба мардум расондаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон