Чандин сол аст, ки дар бораи кору пайкори ин марди асил, фарзанди накуноми Ватан матлабе омода кардан мехоҳам, вале ҳар дафъа розӣ нагашта, мегӯяд: «Хизмати софдилона ба Ватан қаҳрамонӣ нест, балки қарзи фарзандӣ ба ин сарзамину миллат аст. Мо рисолатамонро иҷро мекунем, вале бузургии ин миллати фарзонаро бубинед, ки барои ин моро қадр мекунад».
Ин бор истодагарӣ кардам: «Насли ҷавонро зарур аст, ки бидонанд дар дунё муқаддамтар аз хизмати содиқона ба халқу Ватан кори дигаре нест». Солҳои 2006–2010, вақти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ будани Шукурҷон Зуҳуров, дар ин вазорат сардори шуъбаи умумӣ будам. Азбаски шуъба салоҳияти қабули шаҳрвандонро ба зимма дошт, имкони зиёди шинохти ин инсони комил, хоксор, cамимиву ватандӯсти асилро доштам. Бемуболиға, дар тули 30 соли собиқаи кориам мисли ӯ роҳбари воқеан раҳнаморо кам дидаам.
Ҳаммаслаки Пешвои миллат
«Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулугир намуда буд, ҷавонмарди ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум мақом доданд. Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият бурда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем».
Ин суханони самимӣ аз ҷониби қаҳрамони ин сутур - Раиси вақти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дувоздаҳ сол муқаддам – 9 декабри соли 2015 зимни қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони МОҶТ, даъвати панҷум садо дода буданд.
Мавсуф парвардаи мактаби сулҳофарину созандаи Пешвои миллат буда, солиён дар паҳлуи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва самимона ба халқу Ватан хизмат намудааст.
Ӯ аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон (аз ҷониби ҳайати ҳукуматӣ) ширкат варзида, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Солҳои 1997 - 2000 дар вазифаи раиси зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ фаъолият дошт. Ҳамзамон, солҳои 1998 - 2000 раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ буд.
- Бароям мояи ифтихор аст, ки пайрави шахсияти таърихӣ мебошам. Дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири барқарор намудани сулҳ, нигоҳ доштани давлат ва якпорчагии Тоҷикистон шабу рӯз ва бо тамоми ҳастӣ талош меварзиданд. Мо, ҳаммаслакон, хизматҳои ин шахсияти таърихиро медонем. Ман низ он замон роҳи худ - дар паҳлуи ин шахсияти худодод барои ободии сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат карданро интихоб кардам, - мегӯяд Шукурҷон Зуҳуров.
- Он шабу рӯз Президенти мамлакат мекӯшиданд, ки миллати парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъу муттаҳид сохта, давлати навбунёди моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бубахшанд. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ низ худро нороҳат ҳис мекард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ менамуданд: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем», - ба ёд меорад ин суханонро Шукурҷон Зуҳуров ва таъкид менамояд, ки ин сулҳу ваҳдат барои кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст, ҷоннисориҳои Сарвари давлатро дар ин роҳи мушкилу пур аз печутоб, онҳое, ки дар паҳлуяш будем, дидаему беҳтар медонем.
«Дар мулоқоти Хосдеҳ ба ҳайси муовини раиси ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот иштирок доштам. Ин гуфтугӯи таърихӣ барои мо – тоҷикон, сабақи бузург гашт. Зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон аз таҳти дил сухан ронданд, ки гумон мекунам ба ҳозирон таъсири амиқ гузошт. Мавсуф изҳор намуд: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, ақаллан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дӯстии шуморо халалдор карда натавонад…», - афзуд Шукурҷон Зуҳуров ва хотиррасон кард, ки имрӯз низ масъалаи сулҳу оромӣ бояд дар мадди аввал бошад. Ҷавононро тарзе тарбия кардан лозим аст, ки ба доми фиреби дигарон наафтанд. Мақсаду маромашон танҳо ободии Тоҷикистон, хушбахтии мардум ва сулҳу оромии кишвар бошад.
- Душманони миллат ҳанӯз ҳам мехоханд бо кадом роҳе набошад фазои ороми Тоҷикистони азизро ноором созанд, албатта, онҳо ба мақсад намерасанд, вале тавре Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак ва аз хулқу атвори фарзандонамон огоҳ бошем. Шукргузорӣ ва накукирдориро дар ниҳоди онҳо тарбия кунем, то онҳо дар руҳияи қадршиносӣ ба Ватан, ваҳдат ва худшиносӣ ба воя расанд, - изҳор дошт мавсуф.
Ба андешаи Шукурҷон Зуҳуров, дар самти тарбияи ҷавонон дар баробари падару модарон омӯзгорон, домуллоҳои шинохта, хатибони масҷидҳо низ метавонанд бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамроҳ бо кормандони соҳаи дин ва дигар шахсони масъул ҳиссаи сазовор гузоранд. Онҳое, ки худро қурбони фитнаи мағзшӯён мекунанд, аз табиати ислом бехабаранд.
Ҳамсуҳбатам зикр кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ изҳор доштанд: «Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намояд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонда шаванд».
- Ин беҳтарин пешниҳод ва иқдоми саривақтист. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои таълими калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимии марбута фаъолият мекунанд ва ҷавонон метавонанд дар онҳо касбу ҳунар омӯзанд, - мегӯяд ӯ.
Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки яке аз пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оқилона истифода бурдани ҳар порча замин мебошад. Масалан, сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт замоне бо истеҳсоли себу нок ва картошкаи хушсифат на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он машҳур буданд. Имрӯз аз он боғҳои машҳур фақат ном мондааст. Бо ҳидоят ва раҳнамоии Сарвари давлат миқдори заминҳои корам сол аз сол зиёд шуда, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад. Пешвои миллат зимни ҳар сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар вохӯрӣ бо сокинон пайваста таъкид мекунанд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ ва ғайра вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. Ва баъдан мегӯяд, ки ҳар оила мебояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад.
Назаре ба роҳи паймуда
Шукурҷон Зуҳуров 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Соли 1976 Институти муҳандисони заминсози Москваро хатм кардааст. Фаъолияташро ба ҳайси муҳандис-маркшейдери ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) оғоз намуда, солҳои баъдӣ ба сифати мудири шуъбаи истифодаи замин ва геодезияи Комиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон), инструктор, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 1986–1990 раиси комиҷроияи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) буд. Соли 1990 раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва таълими коргарони ҶШС Тоҷикистон таъин шуд. Сипас, дар вазифаҳои мудири шуъбаи шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997–2000 раиси зеркумита оид ба гурезаҳо дар Комиссияи оштии миллӣ буд.
Соли 1992 Академияи идоракунии Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Солҳои 1993–1998 ва 2006–2010 ҳамчун вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифои вазифа намуд.
Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум (1995–2000) буд. 28 феврали соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати чорум интихоб шуд. 16 марти соли 2010 Раиси Маҷлиси намояндагони МОҶТ ва Раиси Шурои Маҷлиси Олӣ интихоб гардид. Ҳоло нафақахӯр аст.
Нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров дар Донишгоҳи давлатии заминсозии Россия
Соли 2019 Донишгоҳи давлатии заминсозии Россия зери лавҳаи «Кӯи номдорон» нимпайкараҳои 12 нафар донишмандону профессорон ва хатмкардагони шинохтаи ин даргоҳро гузошт. Миёни онҳо нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ мақом ёфтааст. Дар «Кӯи номдорон» нимпайкараҳои дигар чеҳраҳои шинохтаи Донишгоҳ, аз ҷумла вазири маорифи Россияи императорӣ Владимир Глазов, профессор Иван Герман, мутахассиси геодезия Иван Иверонов, донишмандони рус Алексей Маслов, Сергей Удачина, муовини раиси Ҳукумати Россия, вазири кишоварзии Россия дар солҳои 1996–1998 Виктор Хлистун, донишманди Латвияи шуравӣ Виктор Тимофеев, нахуствазири Муғулистон Жанлавин Нарантсатсралта, вазири замин ва захираҳои табиии Чин Ма Кэвэй ва академик Юрий Неумивакин гузошта шудаанд.
Дар ин маврид ноиби ректор доир ба равобити байналмилалии Донишгоҳи мазкур Василий Нилиповский чунин гуфт: «Мо барои гузоштани нимпайкараҳо беҳтарин хатмкардаҳои ин Донишгоҳро интихоб намудем. Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар рушди кишвари худ саҳми арзанда гузоштаанд. Ба назари мо Шукурҷон Зуҳуров яке аз беҳтарин хатмкардаи тоҷикистонии Донишгоҳи мо мебошад, ки барои пешрафти Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом додааст».
Шоиста
Ҳукумату давлати Тоҷикистон хизматҳои шоёни фарзанди хешро қадр намудаанд. 29 августи соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагони МОҶТ Шукурҷон Зуҳуров ордени «Зарринтоҷ»- дараҷаи I -ро супурданд. Мавсуф, ҳамчунин, дорандаи орденҳои Дӯстӣ, Шараф, медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Беҳтарин қадрдонӣ ин эҳтироми самимонаи мардум аст. Вақте аз мансаб меравӣ ва мебинӣ, ки онҳо эҳтироматро ба ҷо меоранд, сидқан ба меҳмонӣ даъват мекунанд ва бо муҳаббат ба сӯят менигаранд, cарат ба осмон мерасад, - мегӯяд ӯ, ки имрӯз дар ҳалқаи панҷ фарзанд ва набераҳои зиёд даврони пирӣ меронад.
«Насиҳати пайвастаи падар ба фарзандону набераҳояш хизмати содиқона кардан ба Ватан аст. Хоҳед, ки ман аз шумо розӣ бошам, ҳеҷ гоҳ манфиати худро аз манфиати халқу Ватан боло нагузоред. Талош варзед, то номи некатонро нигоҳ доред!», -мегӯяд Далер - писари Шукурҷон Зуҳуров.
Рухсораи НУР,
рӯзноманигор