Моҳи май авҷи баҳор аст. Табиат пироҳани сабз ба бар ва мавҷи гул бар дӯш мегирад. Аз тамошояш ҷону равони ҷавону мардумони солдида ҳаловат мебаранд. Таҳдашт бо моҳи ҷавпаз шуҳрат дораду мавсими тутпаз. Аз кӯҳу даман навои най бо садои парандаҳои хушхон ҷӯр мешавад. Чӣ манзараи дилрабое:
Биё мутриб, он нойро кун ба даст,
К –аз ӯ арғунунҳои Юнон шикаст.
Ё оҳанги нойи даҳмардаҳост, ки асрори рашки замон будани табиати афсункори диёрро ба дараву ёлаву барзанҳо мезанад. Барои барзгар моҳи андозагирӣ аз заҳмати тирамоҳиш бувад. Рафи дукону бозорҳо аз ҳосили нав мешукуфанд. Гелосу зардолу, олу ва ангуру шафтолуҳои пешпазак дастархони мардумро пурнеъмат мегардонанд. Моҳи бофайз аст май ва мавсими хушиҳои насли инсон. Ба он муруввати табиат меафзояд. Умед ба зиндагӣ тоза мешавад.
Дар маҷмуъ, айни ҷавонии кишвари нозанин эҳсос мегардад, ки шодиву нишотро фароҳам овардааст. Фасли «хубони порсигӯст», фавҷашон бо пираҳанҳои зебои миллӣ ва хандаҳои шаҳдрез, мавҷ мезанад ва ҳусни шаҳру деҳотро дучанд мефизояд. Ҳама ҷо тантанаи ишқ асту зебоӣ ва нишоту саодатмандӣ. Дил аз он фараҳ мегирад, ки манзараи ҳайратангез пеши назар аст ва ёд меояд байти шоир:
Агар шавқаке ҳаст дар анҷуман,
Набошад кам аз даф задан, каф задан.
Дар баҳри дунёи зебоӣ ва ҷавонӣ кишвари азизамон шино мекунад. Дар ин раванд ҷавонони номбардори миллат сертакопӯанд. Охир, Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст. Аз рӯйи нуфуси сокинон онҳо бартарият доранд ва моҳи май моҳи ҷавонҳост. Тадбирҳои зиёди идона, ҳамоишҳо, озмунҳо, бозиҳои варзишӣ Ватани маҳбубамонро ба ҷӯш меоранд. Ҳукумати Тоҷикистон ва хосса сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барояшон роҳи паҳноваре густурда. Дар ҳама ҷабҳа дастгириашон равшан ва намоён аст. Онҳо воқеиятанд ва неруи бузурги созанда. Танҳо ба як омор таваҷҷуҳ намоем. Дар 38 донишгоҳ ва донишкада шумораи донишҷӯёни ба омӯзиши илм машғул 245 ҳазор ва теъдоди шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ба мамлакати ҷавонон будани Тоҷикистон шак намемонад.
Ҷавонон дороии кишвар ва қувваи бузургу ифтихори миллату давлатанд. Барои ҳамин талош ба зиндагии солим авҷ мегирад. Дар деҳоту шаҳрак ва шаҳристонҳои кишвар майдончаҳои варзишӣ доман густурдаанд, ки дар тарзи ҳаёти солим нақши муҳимро доранд. Аз ҳамин аст, ки ба ифтихори варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлати соҳибихтиёрро меафрозанд. Номбардорони мо Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (гӯштӣ), Шоҳида Қаландарова (бокс), Миҷгона Самадова, Руҳафзо Ҳақназарова, Нилуфар Бобоёрова (таэквандо), Моҳрӯ Ҳалимова (гӯштӣ) шаъну шуҳрати Тоҷикистонро дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ҳифз менамоянд.
Ҷавонони кишвар дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк менамоянд. Онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ майли том доранд. Чуноне дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ҷавонони кишвар дар 42 давлати дунё таҳсили илм менамоянд. Онҳо донишҳои худро ба суди мардуми Тоҷикистон масраф хоҳанд кард.
Бо ҷавоне, ки тавассути интернет бо «Бонувон» дар иртибот аст, ошноӣ пайдо намудем. Донишгоҳи Лайдени Шоҳигарии Нидерландро хатм мекунад. Рисолаи илмиаш ба неруи сабз, яъне барқи аз назари экологӣ тоза бахшида шудааст. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки Тоҷикистон аз рӯйи таъмини неруи барқ дар ҷаҳон дар ҷойи 6 – ум аст. Мешавад, ки таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар кишварҳои Африқо ва Осиё мавриди омӯзиш қарор бигирад. Дар робита ба ин масъала, бо вуҷуди харҷи ҳангуфти маблағ, сафари кишвари Мозамбик дорад, зеро ин мамлакати африқоӣ 70 дарсад аз камбуди барқ азият мекашад. Ба андешаи олими ҷавон, ба бозори ҷаҳонӣ баровардани донишҳо ва таҷрибаи барқчиёни тоҷик ояндаи дурахшон дорад.
Дар Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии олимони ҷавон Ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ, барои хонандагони болаёқат стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи байналмилалии Сарвари давлат «Дурахшандагон» роҳандозӣ гардидаанд. Ин ғамхорӣ уфуқҳои нави илму донишро барои наврасону ҷавонон рух менамояд.
Ба ҷавонони мамлакат таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуданд.
Ҷараёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва 20 соли рушди илмҳои табиатшиносӣ саҳифаи тозаеро дар инкишофи илму ирфон боз намуд. Хушоянд аст, ки теъдоди бештари ширкаткунандагони озмунҳо ҷавонон ва 52 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз натиҷаи озмунҳо олимони ояндаи бунёдкор падид меоянд ва ба нафъи Ватан хизмат хоҳанд кард, ки ҳамин аст мақсади сабқатҳо. Яъне, ба гуфти шоири классик Собири Тирмизӣ: «Ҳеҷ шараф чун шарафи илм нест».
Шоҳона Сулаймон