Модарам ранги сабзро дӯст медошт. Аз он эҳсос мекардам, ки дар гулдӯзиҳояш мудом ин ранг бартарӣ меёфт. Ва бо ранги сурх тавъам медошташ, ки дилчаспу дилработар менамуд. Лола ва садбарг дар миёни баргҳо ва танаи сабзи гиёҳ таносуби зебое пайдо мекарданд. Ӯ мисли ҳамаи модарон дар симои мо зиндагиро дӯст медошт ва орзуяш баҳори умри мо буд, ки рамзаш сабзгуна буду шукуфоӣ.
Дар адабиёт маъруф, ки ранги сабз ишорае ба абадият ва баҳору модар аст. Ва модарон дар ранги сабз баҳору рӯзгори осударо мебинанду умедвориҳоро. Воқеан, чи ғалатӣ тавъам афтодаанд Замину Модару Баҳор, ки зеби якдигаранд. Ва аз дилу нияти онҳост, ки бо умеду орзуҳо печидаву бо идҳо орову озин баста. Рӯзи Замин, Рӯзи Модар ва натиҷаи ин ҳама Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ. Пушти якдигар барчиданашон зарурати ногузири оғози мавсими бедориҳо будаасту маҷмуи ҳушу хиради бузургон. Исфанд моҳи охирини гоҳномаи ниёкон, моҳи бонувони порсо ва покдилу покният шинохта шудааст. Чи хулосаи баҷо ва лутфи зебое.
Ҳине дар рӯзноманигорӣ нахустин гомҳоро мебардоштам, аҳд кардам дар ҳамин маврид хоҳам навишт. Ҳар гӯшаву канори кишвар мерафтам, ҳис менамудам, ки модарон дар хӯву хислат нусхаи якдигаранд. Онҳо саодати фарзанди инсонро дар дил мепарваранду амну осудагии дунёро. Хаёлам, зимистон, ки ба наҳве ҳолати ғариби табиист, ҳамаро рутубатомезу бараҳна месозад. Табиат дар як гардиш мақомашро ба фасле медиҳад, ки рӯпӯши сабзу тозае бар тани Замин мепӯшонад. Монои волидайн, ки чунин ғамхориро дар бахши фарзандон анҷом медиҳанд. Хосса модарон. Дар фарорасии фасли гулшукуфт бо зебоӣ дар такопӯ мешаванд. Баҳри духтарон дебои гулдӯзӣ омода месозанд, ки маҷмуи орзуву умедашон аст, балки достони бузургест саропо иборат аз меҳру муҳаббат.
Вале ҳич муродам ҳосил намешуд. Дарёфти умумияти эшон бо табиат, ки дар маҷмуъ, аз як матоъ бофта шудаанд, дарноёфтанист ва рӯйи замини сафеди коғаз муҷассам намудан хеле мушкилтар.
Ва ҳама сол ният доштам дар иди журналистон – Рӯзи матбуот аз модарон менависам, то ормонамро барорам ва ҳам рисолати худро анҷом бидиҳам. Аз ин рӯ, ба орзуву ормонҳои эшон таваҷҷуҳ менамоям. Нахуст ба модар ба чашми тифлиам менигарам. Аз оне, ки фикр мекунаму менависам, беадад бартару афзалтар менамояд. Эҳсос месозам, ки як дунёи бузургу кашфношуданист. Ӯст, ки замин сабзу баҳор хандарезу шукуфон ва бахту нусрат ҳамсафари мост. Ҳомӣ асту розшунав ва роздору зеби хонаву дари падарӣ.
Пасон, аз ранги сабз меандешам. Одати дерин аст, ки модарон дар даҳаи ид ҷамъ меоянд ва аз навъи беҳтарини гандум суманак мениҳанд. Чӣ бо ҳавсала чачу бод медиҳанд, мешӯянду даст ба дуо мебардоранд, ки ҳосил фаровон шавад. Нияти некашон барои шиками худшон нест, онҳо ба рӯзии ҷомеа фол мезананд. Аз Офаридгор борони серӣ ба боғу марғзорон тақозо мекунанд. Дуояшон мустаҷоб мешавад, ки борон ҳамзоташон борвару самарбахш будааст. Мехоҳанд Наврӯзро бо орзуву нияти поки нозанин ба диёрашон ҷаҳд кунанд. Аз ин рӯ, либосҳои оҳарӣ ва шуставу тоза барои аҳли хонавода омода месозанд. Хонатаконӣ мекунанду девору дарро сафед ва ба захираҳошон чашм меандозанд, ки хонашон шоистаи ид бошад. Аҷаб назокате дорад манзарае, ки бо дуо гули наврӯзӣ ба дида мемоланду усма ба абрувону шона ба гесуи дилбар ва орд ба китфи мардони ҳомӣ.
Аз сабзаи навруста нияти солро фол мезананд ва шираашро ба сифати даво истифода мебаранд. Ин ҳамаро дар гӯшаи хотира чанд насл ҳифз кардааст. Пайвандии инсон бо табиат ҳамин ҷо эҳсос мешавад. Дар замони хеле куҳани куҳан, ки давои асосӣ гиёҳ буд, табибон либоси сабз мепӯшидаанд. Ва боз муҳити сабз муҷиби оромиву осоиш асту ба беморон шифо меорад ва рамзи ягонагию сулҳ низ будааст. Нишонаи ҳамон хотира боқӣ монда, ки бонувон ҳар куҷо ҳастанд: хона, корхона ва сайргоҳҳо гулу гиёҳ парвариш мекунанд. Дар дил мегӯям: «Ҷовидон бод ранги сабз!».
Пухтани суманак хосса буда, омода карданаш занҷираи маросиму оини куҳан мебошад. Шарту қоидааш аз даврони қадим муайян шуда, ҳолаташро худи бонувон муқаррар мекунанд, ки дар куҷо бояд бошад. Аз кадбону то байтхон ва дафнавоз. Кашфиёт нест, бигӯем, ки шираи аз гандум ҷафида муқаддас аст. Шир дар инсонҳост ва шира дар гиёҳон, ки аввалин ғизо будаанд. Ширу шира ҳамсонанд ва рамзи фаровонӣ ва ҳосилхезианд. Дармонбахшанду нишонаи ҳаёт.
Суманак аз чӣ ғизои хосу бунёдии ҷашнвораи миллӣ гардид? Сухан аз ҳамон шираест, ки аз гандум метаровад. Ҳар кадбону онро ба тариқи худ шарҳ медиҳад. Дар тамоми олам ба як зайл маънидод мешавад. Шира ҳамон «раса» – и санскритӣ ва нектар (шираи гул) – и юнониҳост. Қаду бар кашидани ниҳолони сабз аз ҳамин шира аст ва хиради инсони огоҳу ҳушёр аз шири модарон, ки дар ҳаёт ченак надоранд.
Ғизое, ки ифтихори хони идона ва барҷастагии ҳунари модаронро намоиш медиҳад, санбуса мебошад. Намунаҳояш хеле зиёданд. Адабиёт ба шарофати Ҷалолиддини Балхӣ номашро аз асри ХIII сабт карда. Бо бӯса қофия кардани он аз таъми лаззати санбуса гувоҳ мебошад. Санбуса бештар аз алафҳои сабзи баҳор омода мешавад ва талабгоронаш хеле зиёданд.
Ҳар чи ҳам бигӯем, зеби ҳама ҷашнвораҳо модаронанд. Навиштаи мухтасар, ин бор ҳам ҳеваамро нашикаст. Натавонистам ба хубӣ андешаамро ифода созам ва нақши азалии бонувонро арз намоям. Вале, ба сифати модар таманно дорам: «Бигзор дар сарзамини Тоҷикистон шодиву нишот, базму тараб танинандоз бошанду дар баробари журналистон, тараннумгару тарғибгар тамоми мардум. Бавижа дар фасли баҳор, ки мавсими умедвористу ҷашнвораҳо».
Шоҳонаи СУЛАЙМОН