Боиси фараҳмандист, ки дар даврони сӣ соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон баҳри заминаи мусоиди фаъолияти корӣ ва зиндагии шоиста ба бонувони мамлакат беш аз шаст санади муҳими давлатӣ қабул шудааст.
Ҳамасола Паёми Президенти кишварро бонувон бо иродату рағбати хосса интизору истиқбол мегиранд. Зеро навиду пайки некеро он дар самти дастгирии мақому манзалати зан дар ҷомеа ҳатман ба армуғон меорад.
Мусаллам аст, ки қисми махсуси Паём оид ба мақому манзалати зан дар ҷомеа бахшида шудааст, ки он санаду мадраки сарнавиштсоз ва муқаддас баҳри бонувон ба шумор меравад. Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола аз ин минбари баланд, аз забони Президенти ҷумҳурӣ оид ба ҷойгоҳи зан дар ҷомеа чунин суханон садо медиҳанд.
Ба Паёме, ки 26.01.2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа шуда буд, диққат медиҳем. Махсусан, шунидани ин таъкидҳо: «То вақте ман ҳастам, ҳамин сиёсати худро доир ба дастгирии занону бонувони мамлакат ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам ва ба шумо содиқона хизмат мекунам» иқболе буд баландтар. Чун ин суханҳоро шунидем, таассуроте ба амал омад, ки аз умқи қарнҳо шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки гуфта буд: «То вақте ки ман зиндаам, бораи (девор) Бухоро манам» зинда шуд ва дар руҳу равони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвасту аз ин минбари баланд дар рӯ ба рӯи мо истод. Ин амр шаҳодат аз табору вориси асили ин сулолаи бузург будани Пешвои муаззами миллатро медиҳад, ки мо-аҳли нишаст дар мағз-мағзи вуҷудамон дарк кардем.
Дар Паёми навин, ки санаи 21.12.2021 баён шуд, нуктаҳо дар самти дастгирии занон боз ҳам шукӯҳмандтар ва бо қатъият садо доданд. Зеро, дар он на танҳо оид ба мақоми бонувон дар эъмори давлатдории миллӣ сухан рафт, балки аз ҳувияти қудсӣ, аз ҳувияти иҷтимоӣ, аз нигоҳи рисолату мақом, аз нақши зан дар дарозои таърих, аз дидгоҳи дин оид ба фитрати зан, ҳамчун модар, ҳамчун офаранда ва аз азамати модар низ сухан ба миён омад: «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст».
Аҳли толор сухани самимии Пешвои миллатро бо кафкӯбии гарму ҷӯшон дастгирӣ намуданд. Руҳу дили бонувони ҳозир дар толор аз ин суханон болиду тапид, равону қалби бонувони кишвар, ки тариқи телевизион Паёмро мешуниданду тамошо мекарданд, нозиду рақсид ва руҳи модарони фақид шод шуд. Арҷ гузоштан ба зан, ба модар бо таркибу ибороти «зан - модар мавҷуди муқаддас», «ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд», «шири ҷонбахш», «мақоми зан - модар дар ислом бисёр баланд мебошад» ва «дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст», ки эътирофи беназир аз азамати модар аст.
Пас аз анҷоми Паём дар забони ҳар бону, ҳар зан, ҳар модар каломи шукр, ҳарфи сано ва сухан аз ҳамду сипос буд. Кулли бонувон шукр аз чунин Пешвои хирадоин, бомаърифат, донишманд ва дилсоф намуда, орзу менамуданд, ки кош ҳамаи роҳбарони сатҳҳои минтақавӣ бо ин дили бузург бошанд.
Барои мақоми занонро муайяну муқаррар кардан, Президенти кишвар, ки дурандешӣ яке аз сифатҳои ситудании ӯст, ҳанӯз соли 1997 қадамҳои нахустини худро гузошта буд. Ҷиҳати соҳиби маълумоти олӣ гардондани кулли бонувон Квотаи президентӣ таъсис дода шуд. Инак, то ин давра «11500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд», ки ин теъдод лашкари бузургеро мемонад, аз ҳисоби бонуи бомаърифату бо маълумоти олӣ. Ин иқдом ташаббуси сода набуд, зеро модари босавод фарзанди донишмандро тарбия ва ба воя мерасонад. Президенти маҳбуби мо хуб медонанд, ки модари босавод ояндаи миллатро месозад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии занони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯст тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овард. Феълан, «222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд». Вақте ин рақамҳоро ба ҳам мепайвандем, маълум мегардад, ки айни замон, теъдоди бонуи саводноку бомаърифати тоҷик беш аз 341 500 нафарро ташкил медиҳад!
Инчунин, зикр шуд: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд», ки баҳри расидан ба ҳадафу нақшаҳои неки Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳим ҳастанд. Худ қазоват намоед: 341 500 нафар бонуи бомаърифат ва 49,3 фоизи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд, ки ин неру воқеан бузург аст.
Бо назардошти ташаббусҳои созандаи бонувони кишвар, Ҳукумату давлат ба хотири ҷалби бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба яке аз ниҳодҳои бонуфуз - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».
Пас аз ироаи ин Паём, бори дигар боварии мо ба азму иродаамон дучанд шуд ва бо такя ба руҳи шикастнопазири бонуи тоҷик, ки модар аст, иброз медорем, ки дар баробари дар домани поки худ сиёсатмадорону донишмандон ва бузургонро бо шири ҷонбахш бузург намудан, дар эъмори давлатдории миллӣ, фардои дурахшони Ватан низ саҳим хоҳем буд.
Зебониссо БОБОАЛИЕВА,
муовини ректор оид ба тарбияи ДДЗТ