04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПАРЛУМОН

 

ВАКИЛ, ОЛИМ, МОДАР…

Суҳбат бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода. Узви Кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон. Номзади илмҳои иқтисод.

Vakil Olim_Modar1- Шумо ҳамчун вакили ҷавон муддатест, дар парлумон фаъолият доред. Тафовути вакилӣ аз кори пештараатон?

- То ин дам дар самти илм фаъолият мекардам. Таҳти роҳбарии донишмандони соҳаи илми иқтисод ва заҳмати шабонарӯзӣ рисолаи номзадиамро таҳти унвони «Таъмини устувории рақобатпазирии озуқаворӣ дар асоси равиши класстерӣ, дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудам. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни иқтисод ба донишҷӯён муддате дарс гуфтам.

Моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи якмандатии №26, шаҳри Бохтар вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудам. Вакил интихоб шудан ин гомҳои минбаъда дар ҷодаи сиёсат аст, ки рисолати афзунро мепазирад. Яъне, омӯзиши ҳамаи самтҳои иҷтимоии аҳолӣ ва ҳам устувор будан дар иҷрои рисолате, ки пеши мардум ба сомон расонам. Табиист, ки роҳи сиёсат мушкилгузар ва масъулияти бештареро тақозо менамояд.

- Қабл аз интихобот дар бораи сиёсат ва вазифаҳое, ки ба зиммаи вакил гузошта шудаанд, фикри муайяне доштед?

- Зиёда аз 10 сол дар Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон фаъолият доштам ва самтҳои асосие, ки дар барномаи пешазинтихоботӣ дарҷ гардидаанд, хуб омӯхтам. Ширкат дар интихоботи миёндаврии ноҳияи Фирдавсии №1, водорам сохт, то ба маъракаи интихоботӣ омодагии ҷиддӣ дошта бошам.

- Шумо замоне вакил интихоб шудед, ки пандемияи коронавирус оламро фарогир буд. Агар яке аз вазифаҳои вакил вохӯрӣ бо интихобкунандагон бошад, пас Шумо чӣ гуна тавонистед, ки дар ин давра бо онҳо дар тамос бошед?

- Воқеан, давраи хуруҷи бемории COVID – 19 муддате вохӯриҳои вакилону интихобкунандагон ба таъхир афтод. Бо ба эътидол омадани вазъият, суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон идома ёфтанд. Вале муроҷиати шаҳрвандон он давра беасос намонд. Ҳар дархосту муроҷиати онҳо дар мавриди масъалаҳои судӣ, ба мисоли баҳсҳои оилавӣ ё тақсими молу мулк ва ғайра тариқи мактуб ба нишонии вакилон расида, сари вақт баррасӣ мегардиданд.

Фаъолияти вакил дар доираи қонун муайян шудааст. Ғайр аз он ки вакил иштирокчии ҷаласаҳои ҳаррӯзаи дохили парлумон мебошад, инчунин, дар кори кумитаҳо ва комиссияҳои муваққатӣ иштирок мекунад. Аммо муҳимтарин самт кор бо интихобкунандагон, аз ҷумла гузарондани ҳисоботу вохӯриҳо, қабули шаҳрвандон мебошад. Маҳз бо василаи муроҷиати мардум камбудиҳо ошкор ва ҳал мегарданд.

- Мешавад, ки гоҳе мардум дар мавриди фаъолияти вакилон эрод мегиранд…

- Бале, вакили халқ бояд танқидро бо таҳаммул бипазирад.Аксар вақт эрод ба манфиати кор аст. Табиист, ки аз пайи ислоҳи камбудиҳо пас аз танқидҳо мешавем. Байни мардум ин гуфтаҳо ҳаст, ки бархе аз интихобгарон вакили хешро намешиносанд. Ман мекӯшам, тариқи вохӯриҳо бо мардум наздик бошам ва тавонам дар ҳалли мушкилашон заррае ҳам бошад саҳм гирам.

- Вакилӣ дар пешрафту сайқали дониши Шумо имконият фароҳам овард?

- Бештари лоиҳаи тағйироту иловаҳо дар Кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баррасӣ мешаванд. Вазифаи ман ҳамчун узви кумита ҳини баррасии қонуни вобаста ба самти иқтисод ва дар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои самти иқтисодӣ ширкат варзидан аст. Яъне, рӯи ҳар қонуну лоиҳа кор гирифтан таҷрибаи наверо ба худ касб менамоям.

Ҳамчунин, аз вохӯриҳое, ки бо мардум доир менамоям, малака мебардорам. Ба мисоле, соле пештар дар Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи шаҳри Бохтар бо як гурӯҳи бонувоне вохӯрӣ доштам. Ҳар яке бо эҳсосоти тамом аз дастоварди хеш, ки барои ободии рӯзгор ва беҳбудии зиндагиашон талош менамуданд, сухан мегуфтанд. Бори дигар қоил гаштам, ки бонувон дар ҳама мушкилӣ пурсабр буда, роҳи ҳалли онро меёбанд.

- Принсипи кории Шумо?

- Вақте халқ бо эътимоди комил вакили худ­ро интихоб менамояд, бояд вакил рисолати бадӯшдоштаашро анҷом диҳад. Яъне, бо халқ равон будан принсипи кори ман аст.

- Як рӯзи вакил…

- Рӯзи бонувон қариб як хел оғоз меёбад, сарфи назар аз он ки ӯ дар чи касб асту чи шуғл дорад. Субҳи ман аз омода намудани субҳона ба аҳли хонадон, шустушӯ ва рӯбучину тамиз намудани хона оғоз мешавад. Тифлаконам хурдсоланд ва аз ин хотир серкорам.

Вале дар соати маъмулӣ дар ҷойи кор ҳозир мешавам. Дар ҷаласаҳои кумита ширкат варзида, супоришҳои ба самти кор вобастаро анҷом медиҳам. Дар ин миён вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва дигар корафтодагон баргузор мегарданд.

АНОҲИТО

:.  Сиёсат 24.12.2021 04:30 682

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz