04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

 

Az payomПаёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 21 декабри соли равон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, аз ҷониби мардуми шарифи кишвар хуш пазируфта шуд.

     Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

     Њамчунин, дар Паём Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон аз дастгириву таваҷҷуҳи давлату Њукумати Тоҷикистон нисбат ба занону ҷавондухтарон ёдоварӣ намуда, чунин таъкид карданд;

   - «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».

     Воқеан, тўли 30 соли Истиќлолияти давлатї Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа сањми беандоза дошт. Љињати дастгирии бонувон дар њама самтњои љомеа, њам дар самти омўзишу аз баркунии илму дониш ва њам тарбияи бонувон дар корњои роњбарї њамеша дар мадди назари Сарвари давлат ќарор дорад.

«Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

     Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

     Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд», ин нуктањое буданд, ки дар Паём аз љониби Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон баён гардиданд.

 Воќеан, занону модарон аз оѓози замони истиқлоли давлатӣ тавонистанд, дар ободию зебоии њар мањалли кишвар сањм бигиранд. Бо ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карданд, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ љонфидоињо намуданду фарзандони ба љон баробарашон низ ќурбони озодию ободии Ватан шуданд.

   Имрўз низ шоњиди хизматњои шоистаи бонувони қавиирода њастем, ки сањми хешро дар њама љодањо гузошта истодаанд. Њамчунин, дар тарбияи насли оянда, ки имрўз бо донишу заковат ва њунару мањорати баланд номбардори ватану миллат њастанд, сањм мегиранд. Хуллас, зањмати бонувон дар пешрафт ва рушду нумуи љомеа њамеша дар мадди назари Њукумати кишвар ва Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон буда, мењнати онњо ќадрдонї мегардад.

                                                                                             Аноњито

:.  Сиёсат 23.12.2021 12:34 835

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz