04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АНҶУМАНИ НОҶӢ

 ANJUMANI-NOJI3Арзиши падидае, ҳаводисе дар сарнавишти мардум бо гузашти солҳо рӯшантар ҳувайдо мегардад. Аз ҷумла, моҳияти таърихию сарнавиштсози Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар давраи ҳассос моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Онро таърихдонон, коршиносон ва воқеанигорон иҷлосияи тақдирсоз, наҷотбахши миллат ва оғози эъмори давлати навини тоҷик донистаанд, ки соле қабл ба рамз мавлуди миллат унвонаш дода будем.

Аз муҳимтарин амали анҷомёфта бар­қарории сохти конститутсионӣ ва интихоби сарвари воқеан мардумӣ ва муносиб дониста мешаванд, ки ба ин ҳодисаҳои дар ҳаёти халқи тоҷик таърихӣ коршиносони хориҷию ватанӣ изҳори назар кардаанд. Дар ин иҷлосия аз миёни вакилон: донишмандон, зиёиён, сиёсатмадорон, иқтисоддонон бо тафаккуру хиради гус­турда, огоҳӣ аз рӯзгори гузаштагону имрӯзиён, худфидоӣ ва ҷасорати азалӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Он замон, яъне соли 1992, дар кишвар беҳокимиятӣ буду низоми давлатдорӣ комилан фалаҷ гашта ва халқи бечора наметавонист додашро назди кӣ бигӯяду ба кадом ташкилот арз бубарад, ки дар ин бора фаровон навиштаанд. На танҳо низоми сиёсии идорот ва иқтисодӣ, балки ғояи миллӣ фурӯ рехта буд. Буҳрони мафкура дар кишвар ҳукм меронд. Ҷойи манфиатҳои давлатӣ хусуматҳои шахсию қавмӣ ҷавлон мезаданд ва мақоми муқаддасоти миллиро андешаҳои ифротию мазҳабӣ дар даст доштанд. Яъне, аз назари маънавӣ ва руҳию равонӣ низ мамлакат пора шуда буд.

Сарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои пок, суханони дилгармкунанда ва амалҳои устувори садоқатмандона дар муддати кӯтоҳ дили мардумро ба зиндагӣ гарм ва тоифаҳои муқобилро ба ҳам қарин ва дар атрофи худ гирд оварданд. Ӯ ба бунёди сохтори давлатдорӣ камар баст. Давлати ҷавон ба ҳимоя ва ба рамзу муқаддасоти миллӣ ниёз дошт. Бунёди артиши миллӣ ба вуқуъ пайваст. Неруҳои марзӣ ба вуҷуд омаданд. Зеро дороии халқу миллат аз тарафи худиву бегона тороҷ мегардид. Дар ҳамин иҷлосия Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Аз ҳама муҳим, масъулон, аз ҷумла Роҳбари навинтихоб сидқан барои сулҳ ва баргардондани гурезагон миёнро бастанд. Ӯ хеле хуб дарк карда буд, ки душманӣ ва муқовимати тарафҳо бо маблағи кишварҳои хориҷӣ ба василаи фарзандони ноқобили тоҷик роҳандозӣ мешаванд. Ин ҳама масъулияти бузург ва заҳмати камаршиканро тақозо мекард. Дарду алами дарунсӯзи мардумро фарзанди ғамхор ва фарзона Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мекард ва дар ин роҳ қурбон шуданашро эълон дошт.

Ин ҳамаро барои хушомад ва ҷилваи андеша наменависам. Ман занаму модар, баробари дигар марду зани тоҷик, тифлу наврас қаҳтӣ, гуруснагӣ ва мурдаҳои бесоҳибро бо чашмони худ дидаам ва дар ҷисми худ эҳсос намудаам, дар хаёлам аз дару погаи сарзамин хун мерехт. Ба қавли солдидагон, «инсонҳо даҳанталху хокбасар» шуда буданд. Умед ба рӯзгори амну осуда аз миён рафта буд. Ин авзоро дар пораи шеъргуна сода, ба соне, ки медидам, тасвир намуда будам:

Девор ғамолуда буду хона пур аз дард,

Дар суфраи дил шишаю паймона пур аз дард.

Ғам пора ба тан кардаву аз нола навола,

Печида ба худ ғуссаву хелида пур аз дард.

Зиндагӣ мурда. Шодиву нишот аз кошонаву аз лабони фарзандон қаҳр карда. Ҳама рӯ ба марҳамати Парвардигор доштанд. Мегуфтанд: «Худо худаш натавонад, ин мамлакатро касе ором карда наметавонад. Миллати тоҷик дар ҳукми фаност.» Воқеан, чунин ҳолат ошкоро мешуд. Акнун Тоҷикистон аз маҳал ва ақвом иборат буд. Саволи маъмулӣ: «Аз куҷоӣ?» сардафтар буд.

ANJUMANI-nnnNOJI2 -_Мисоли возеҳи ноаҳлӣ ва даҳшатафканӣ гардид тоҷик. Ҳар куҷо дар маҳфилу анҷуманҳои бузург аз муноқиша сухан мерафт, миллати мо чун намунаи рӯшани мазаммат истифода мешуд. Шабакаҳои ҷаҳонӣ сужаву гузоришҳоро аз диёри мо сабту паҳн мекарданд ва маблағ гирд меоварданд. Душманон зери ниқоби дӯст, моро эму дам медоданд, яъне афсун мекарданду мо хонаву дари худро месӯзондем ва фарзандони бошарафро ҳадафи тиру туфанг қарор медодем. Ва:

Тоҷик дар оташ ба дари ҳалқаи хун буд,

Уфтодаву сарпаст парешону забун буд.

Хун дар даҳану дар бағалу дар бари доман,

Ду дида ба хун ғарқ, ки олам ҳама хун буд.

Ворисӣ фаромӯш гардид. Ёд дорам аз бузургоне, ки барои ҳифзи миллати тоҷик расман нома навиштанд, ки дар миёнашон Чингиз Айтматов ва Олжас Сулаймонов низ буданд. Онҳо аз гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ёд оварда, бо илтиҷо муроҷиат карданд: «Шумо худро барои мо ҳифз намоед!»

Вале мо худро, миллатро фаромӯш карда будем. Аз тарафи баъзе муллотарошон таърих мансух, мардум ба тоифаҳои мусалмону кофир тақсим ва нони ҳизбиёну муаллимон ҳаром ҳукм шуд. Ҳолатҳое буданд, ки ба ҷанозаи муаллим ин тоифаҳо намерафтанд. Доираҳои моҷароҷӯ ва иғвогар дар бадномии миллат пешсафу пешгом буданд. Магар чунин набуд?

Ҳодисаҳои Афғонистони кунунӣ маро ба фоҷиаи 30 соли қабл дар Тоҷикистон мекашад. Созмонҳои террористии дар Афғонистон буда, ба минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод менамоянд, онҳо маҳсули як мактаби доираҳои манфиатҷӯ ва иғвогари байналмилалианд. Онҳо амалисозандаи реҷаи матраҳкардаи кишварҳои абарқудрати худкома мебошанд. Пас аз 30 сол дарди ҷомеаи тоҷик пеши назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар шуд, ки дар муқобили аҳриманони асри ХХ1 - Толибон нахустин шуда садо баланд карданд.

Дар таърих бори чандум аст, ки иқдом дар нест кардани миллати тоҷик кашида мешавад. Ва Президенти муҳтарами Тоҷикистон ҳич гоҳ фарзандону ҳамхунони худро танҳо нахоҳанд монд. Ҳамеша тақозо доранд, ки «ҳаққи азалии миллати тоҷик шинохта шавад ва идораи давлат дар Афғонистон бе ширкати тоҷикон набошад.» Ва ҳамчун сиёсатмадори хирадманд аз ҳуқуқи ӯзбекону туркманҳо ва ҳазораҳо низ дифоъ намуданд ва ин амали инсондӯстонаю сулҳовар дар арсаи ҷаҳон обрӯи Тоҷикистонро ба маротиб боло бурд. Ин ҳама бори дигар аз ватанпарастӣ ва ҷасорати арзишманди Сарвари давлати тоҷикон гувоҳанд.

Мардуми мо дар даврони миллатсозӣ қарор дорад ва хавфу хатар дар ин самт пайваста таҳдид доранд. Аз ҳуҷумҳои фарҳангӣ то сиёсиву иқтисодӣ. Дар ин раванд мафкураро бояд дигар кард. Ҳама бояд дар дифои манфиатҳои миллӣ бошем. Чун тақрибан 30 сол қабл дар саргаҳи ин амал қарор доштем. Эҳсос кардем, ки бо ҳавобаландии фардию мазҳабӣ ормони гузаштагони худро ба хоки кӯча баробар месозем. Ҳамон овон дар Иҷлосияи сарнавиштсоз хирад коргару чорагар шуд ва халқи тоҷик:

Бо анҷумане пеши раҳи ҷангу низоъ баст,

Бархост хирад дому дари макру риё баст.

Марде, ки назаркарда буду доди Худо буд,

Дасту даҳани марг ба як амри Худо баст.

Ва дар замони пурмоҷарои олам моро анҷумани хираду дониш ва худшиносӣ мебояд. Ва ҳам як анҷумани тамоми ҳамзабонон, ки амалаш шамшери муҳофиз бошаду суханаш созанда.

Шоҳонаи СУЛАЙМОН

:.  Сиёсат 14.11.2021 10:09 784

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz