Табрики савтие, ки бахшида ба зодрӯзи ПАДАР ду сол қабл Раҳмон Озода Эмомалӣ ироа намуданд, шахсияту самимият ва донишу фарҳанг, маданияти баланди ин бонуи фариштаниҳодро барои ҷомеаи Тоҷикистон аз зовияи нав мунъакис кард.
Бо шеваи фасеҳу оммафаҳм ва саршор аз муҳаббату самимият, бо истифода аз вожаҳои таъсирбахш ирсол шудани таҳният шаҳрвандони кишварро дар шинохти ин фарзанди арзанда амиқтар бурд.
Дар яке аз сафарҳоям ба кӯҳистони Фалғар, пирамарди умрдидае суханонеро иброз дошт, ки мутаассиркунандаанду раҳнамунсоз. Ин кӯҳистонии синнаш ба ҷое расида, хеле таъсирбахш аз шеваи гусели Пешвои миллат ба сафарҳои хориҷӣ, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш мегардад, ёдовар гашт: «Ҳангоми гусел нигоҳи пурмаънову меҳрбори фарзанд ҷониби ПАДАРИ БУЗУРГВОР бидуни ҳарфу ҳиҷои зиёдатӣ барои мо муҳаббати бесобиқаи фарзанд ба ПАДАРРО бозгӯйӣ намуда, орзуи доштани накуфарзанде чун Раҳмон Озода Эмомалӣ дар вуҷудамон зуҳур мекунад».
Боре аз мактаби тарбияи фарзанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр карда будам, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ намунаи барҷастаи дастпарварони ин мактаби беназиранд.
Шахсияти Раҳмон Озода Эмомалӣ барои аҳолии кишвари азизамон ниёз ба муаррифӣ надорад. Зеро мавсуф ба шарофати ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш маҳбуби тамоми қишрҳои аҳолӣ гардида, шахсият, касбият, донишу ҷаҳонбинӣ, малакаву маҳорат ва одамияташ бидуни тарғибу ташвиқ баръалост.
Кифоя аст аз он ёдовар шавем, ки номбурда Сафири Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» буда, маҳз бо дастуру мусоидати ӯ ба сифати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мушкилоти сокинони кишвар бетаъхир ҳаллу фасл мегарданд. Садҳо нафар ба шарофати гавҳаршиносии ӯ ба вазифаи сазовар таъин гардида, ба сифати пайравони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвари азизамон саҳмгузоранд.
Нек дар ёд дорем, ки ба муроҷиати фаъолони ҷамъиятӣ дар бобати дастгирии кӯдакони гирифтори бемории саратон аз тариқи баргузории консерти хайриявӣ филфавр вокуниш намуду маҳз дар ин замина чорабинӣ дар сатҳи хубу сифати баланд доир шуд.
Шоистаи зикр аст, ки ташкилоти хайриявии «Лона» бо ибтикори ӯ таъсисёфта, дар табобату парастории садҳо бемор, аз ҷумла онҳое гирифтори бемории саратон мебошанд, саҳми бориз дорад. Табобати духтарчаи шашсола Осия Зулфонова аз ҷониби ташкилоти мазкур, ки бо сӯхтани 65 дарсади бадан дар шуъбаи эҳё ва наҷоти бемористон бистарӣ гардида буд, яке аз ҳазор аъмоли шоистаи қаҳрамони матлаб аст.
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Раҳмон Озода Эмомалӣ ба сифати фарзанди накуноми ПАДАРИ хирадманду дурандеш, бунёдкору созанда ва абармарди олами сиёсат дар тамоми зинаҳои фаъолият масъулиятшиносӣ, ҳақшиносӣ, хоксорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро меҳвар қарор дода, дар ин ҷодаи пуршебу фароз собитқадаму пирӯз аст.
Таври мухтасар - шабеҳи «қатрае аз баҳр» аз дастовардҳои ин бонуи некманиш ва саодатманду қонунмеҳвар мехоҳам ёдовар шавам:
Фаъолияти номбурда дар Вазорати корҳои хориҷӣ хеле пурсамар буд. Оғози кор дар ин ҷода ба сифати фиристодаи доно ва ба гуфтан далеру тавоно дар сафорати кишварамон, дар ИМА сурат гирифт. Сипас, дар вазифаҳои масъули Вазорати корҳои хориҷии мамлакат фаъолияти қобили мулоҳиза ва намунаи ибрат дошт.
Қисме аз навгонӣ ва пешравиҳои ин вазорат ба номи Раҳмон Озода Эмомалӣ марбут аст. Маҳз дар ин давра ибтикороти зиёд, аз ҷумла дар самти тақвияту тавсеаи равобит бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, рӯи кор овардани навгониҳо ҷиҳати мутобиқ намудани шиносномаҳои хориҷӣ ба талаботи ҷаҳони муосир, содасозии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва ғайра ба сомон расиданд, ки натиҷаашон ба ҳама ҳувайдост.
Алҳол роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошта, бо масъулиятшиносӣ ва серталабӣ мақому манзалати ин ниҳоди калидии давлатдориро боло бурд. Умури кор зери назорати ҷиддӣ қарор дорад…
Дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат низ номбурда фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш дошт. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, ки роҳбарии онро дар даъвати қаблӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ ба зимма дошт, кумитаи калидии Маҷлиси миллӣ маҳсуб ёфта, қисми бештари масъалаҳои дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдоримегаштаро маҳз ӯ манзур мекард. Муҳим он аст, ки мавсуф дар баррасии тамоми масъалаҳо иштироки фаъолона дошту эроду пешниҳодаш саривақтӣ буданд.
Бамаврид аст аз ибтикори онҷониб - азнавсозии Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ба номи Мир Алишери Навоӣ ёдовар шавем. Дар ин макон барои истироҳати сокинони пойтахт шароити зарурӣ фароҳам буда, аз завқи баланди бунёдгузори он - Раҳмон Озода Эмомалӣ шаҳодат медиҳад.
Дӯстию рафоқати Ҷомӣ ва Навоӣ қобили мулоҳиза, арзандаи ситоиш ва намунаи ибрат аст. Бо назардошти ин гуфта, ба номи Мир Алишери Навоӣ номгузорӣ шудани боғ мантиқӣ ва рамзист.
Дар бораи Раҳмон Озода Эмомалӣ метавон зиёд гуфту навишт. Табиист, ки дар доираи як матлаб наметавон тамоми паҳлуҳои зиндагии ибратомӯзи ӯро бозгӯйӣ кард.
Бо ин сатрҳои дар заминаи самимияту эҳтиром ва садоқат иншошуда иктифо карда, муътақидем, ки мавсуф чун ҳамсафи содиқ, шогирди арзанда, номбардори падар ва сиёсатмадор рисолати хешро бо масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва принсипнокӣ шарафмандона пеш бурда, соҳиби мақому манзалати хос ва маҳбубу муътабар мебошад.
Хуш ба ҳолаш, ки бо меҳри модарона баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморад, бо садоқату шарофати худ номи Зан – Модарро муқаддас ва гиромӣ медорад ва қалби покаш ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани ҷомеа ва давлат метапад.
ШОҲОНА