Парчам рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчам, ки баланд аст, сари моро ҳамеша баланд медорад. Парчам ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад. Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад.
Ҳар соҳибватан ҳангоми иштирокаш дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ бо худ арзишмандтарин чиз, яъне Парчами давлатиро мебарад.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон:
- Парчами давлатии мо, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландои эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмон афрохтааст.
Мо бисёрем, аммо парчами мо бо ҳама нусхаҳо яктост ва моро дар гирдогирди худ ҷамъ меорад, ба ягонагӣ дар канори худ мехонад. Ин парчам бо ҳузури зебо, ҳузури муборак ва вуҷуди бегазанди худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифои Ватанамон ҳамеша бо ҳама вуҷуд омода бошем. Ана барои ҳамин Парчами давлатӣ ҳамеша болост, аз ҳама ҷо падидор аст, то мо ҳамеша онро болои сари худ парафшон бубинем:
Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!
Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!
Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!
Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!
Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!
Ин дирафши эътимоди халқи мост,
Чун зуҳури адл дар ин мазҳар аст.
Аввалин Парчам чу рамзи давлатӣ,
Дар ҷаҳону дар ҳама баҳру бар аст…
Ҷилвагар дар ҳафт гунбад гаштааст,
З-ин сабаб дар рӯи ӯ ҳафт ахтар аст!
Тоҷу тахти асрҳоро дидааст,
Қасри миллатро кунун тоҷи сар аст!
Муниса Ойматова, устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквондо:
- Ёдам ҳаст, моҳи сентябри соли 2019 ба шаҳри Бейрут, Лубнон мусобиқаи байналмилалӣ рафтам. Пас аз шикаст додани ҳарифон ба даври финалӣ бо рақиби пурқувват Шамс Аҳмад, варзишгари суриягӣ, ки ҷоизадори бозиҳои Осиё буд, рӯ ба рӯ шудам. Ҳариф сӯи мо тамасхуромез назар намуду ба ҳамраҳонаш фармуд, ки парчами кишварашро омода намоянд, то баъди шикаст додани ҳариф парчам ба даст гирди майдон чархад.
Устодам Шамс Қодиров ба ман гуфт: «Нигарон мабош, яқин аст, ки парчам ба даст майдонро ту давр хоҳӣ зад». Баъди рақобати шадид довари майдон дасти маро боло бардошт. Шамс Аҳмад-рақиби ман худро ба замин афканду гирист. Ман гирди ӯ Парчам ба даст дар майдон чархидам. Ин манзара аз тариқи пахши мустақим аз телевизионҳои арабиву шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид. То ҳол 18 маротиба Парчами Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар бо ифтихор барафрохтаам, ба хазинаи варзишии кишвар 15 нишони тилло ва 3 нуқра зам намудаам.
Абдукарим Машрабов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон:
-Дар Синамобазми байналмилалии Тошканд дар филми «Сарбор» ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро ба камина лоиқ донистанд. Дар байни 28 давлат Парчами давлатии мо баланд шуд. Эҳсос кардам, ки тапиши қалбам зиёд шуд, охир руҳу тани мо бо ин Парчам тавъам аст. Бо баланд шуданаш ман акси сарзаминамро дар рӯи Парчам дидам… Ин лаҳза бароям хеле арзишманд буду ҳаст. Парчами давлатиро дар хонаам бо худ дорам, ҳар гоҳ ба ӯ менигарам, аз ӯ гӯиё неру мегирам.
Нигина Икромӣ, раиси Маркази ҳунарҳои мардумии «Рушди эҷодии Тоҷикистон»:
- Соли 2017 бори аввал Ватани азизамонро бо ҳунарҳои мардумӣ дар «Бозори ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ» муаррифӣ намудем. Дар байни 60 давлати дунё бори аввал номи Тоҷикистон бо иштироки расмӣ ва Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Ва эҳсоси ману ҳунармандони ватанӣ ногуфтанӣ буд. Аз ҳамон лаҳза худро уҳдадор намудам ва ҳар бори сафар ба хориҷа ҳатман бо худ Парчами Тоҷикистонро мегирем.
Ҳоло дар Амрико дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ қарор дорем. Ин бор намуди парчами худамонро дар рӯи пироҳани варзишӣ (футболка) чун армуғони дастӣ овардаем. Таваҷҷуҳи мардум ба он зиёд аст. Ҳар фарди ватандӯст берун аз кишвар метавонад парчамбардори Ватан бошад.
Таҳияи Фарзона ВОСЕЕВА