Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ месозанд.
Ба тасвиб расидани як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки баҳри таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштараки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, беҳгардонии шароити оилаҳои камбизоат, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон, бартараф намудани бекорӣ дар байни бонувон, ташкили захираҳои кадрӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти бонувон боис гардиданд. Нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд муайянкунанда дониста шуд.
Барои ба танзим даровардан, ҳаллу фасл ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо оид ба фаъолияти занон ва оила аз соли 1991 инҷониб дар мамлакат Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд. Онҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни занон роҳандозӣ мекунанд. Дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар сохторҳои кумита шуроҳои кор бо занон ва ҷавондухтарон фаъол мебошанд.
Дар раванди ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳар чи бештари ҷавондухтарон соли 1997 Квотаи президентӣ таъсис ёфт. Имрӯз занону духтарони тоҷик шукр аз он доранд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омоли худ расида истодаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар мебаранд. Алҳол занону духтарони кишвар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубро боз ҳам ободу зебо гардонда истодаанд.
Сарвари маҳбуби кишвар ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзонаи тоҷик такя менамоянд. Зеро бонувон дар иҷрои рисолати аслии худ, таҳкиму устувор гардондани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.
Имрӯз дар парлумони кишвар 23 нафар зан, дар Маҷлиси миллӣ 8 нафар ё 25,8 фоиз ва дар Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз фаъолият доранд. Дар мақомоти судӣ 21 фоиз ва дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо 25 дарсад занон фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳанд, ки роҳбарияти кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи занону духтарон фармон, қонун ва дастурҳои махсус ба тавсиб расондаанд.
Айни замон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мавқеи занон ниҳоят назаррас аст. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ ва дар умум 1078 нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунандаи сохторҳо ифои вазифа дорад. Дар тамоми сохторҳои давлатӣ 4365 нафар бону фаъолият менамояд, ки ин 23,3 дарсади шумораи умумиро дар бар мегирад.
Бонуи тоҷик аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ сухан ронда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд, ки ин ҳама аз боло рафтани мақоми зан - модар башорат медиҳад.
Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ