Мардон сабаби пойдории давлат, сутуни хона ва устувории оилаанд. Ва хосса ҷавонмардоне, ки назаркардаанд. Онон рисолати бузургтаре доранд. Ва онҳо дар заминаи номусу нанг ободгаранду бар дӯш бори созандагӣ ва наҷоти қавмҳо, балки як халқро мекашанд. Се даҳсола қабл ба таблиғи ғояе кафк аз даҳон мепарокандем, ки нақши шахс дар таърих ҳалкунанда нест. Вале зиндагӣ пеши назарамон собит сохт, ки андешаи ғалатро талқин доштем. Солҳо сипарӣ мешаванд, замона тағйир мехӯрад, вале зеҳнияти на ҳама. Ва ин замон низ мардуми танте набудаем ва ба бузургии фарзандони сарзамин қоил нестем.
Дар ин маврид, бонувон масъулиятро бештар дарк мекунанд, ҳассосанд. Мардон барояшон фарзандони сарзаминанду раҳбару раҳнамо. Ва хосса мардоне, ки ба ваъдаашон вафо ва мувофиқи дили модарон амал мекунанд.
Ёдам меояд солҳои пурошӯби 90-уми асри гузашта. Ҷони одамон дар сари мӯй овезон буд. Нолаву ғиреви модарону фарзандон дар шабистони сиёҳи сиёсати даврон даҳшати бештаре меафканд. Умеди рӯшанӣ набуд ин шаби торро. Ҳама ҷо бесарусомонӣ ва парешонӣ. Мардум аз зарби силоҳу силоҳдор, ки фарзандони ҳамин даргоҳ буданд, аз чор тараф амон меҷустанд. Дар миён марде бо орази тоҷикона, ғуруру тамкин ва хиради худодод масъулияти вазнини ватансозиро ба гарави ҷони ҷавонаш бар дӯш гирифт ва аз минбари баланд садо баланд кард: «Бароятон сулҳ меорам!»
Ин ваъда набуд, балки масъулият буд. Вале, ба ин суханон кӣ бовар мекард? Ҳатто онҳое, ки паҳлуи Роҳбари ҷавон буданд, бовар надоштанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун родмарди воқеӣ медонист, ки ӯро чи масъулият ва хатаре дар пеш аст. Ва ӯ аз роҳи баргузидааш пас нагашт. Дар амали нек Парвардигор ёвараш гардид. Ҳангоми суҳбат бо фирориён гиря дар гулуяш гиреҳ мехӯрд ва баробари иморатҳои оташгирифта сар то по месӯхт ва монои волидайни фарзандгумкарда мехурӯшиду навҳа дармедод ва баробари ятимон алами бепадариро эҳсос мекард. Дар ҳолати сангин боз ҳам ваъда дод: «То як нафар гуреза дар хоки Афғонистон ҳаст, ман ором нахоҳам буд!»
Ҳамчун ҷавонмард ҳар ваъдае, ки дод, иҷро намуд. Дар роҳи мунтахаб кардааш побарҷо монд. Сулҳ дар кишвар густариш ёфт ва фирориён ба Ватан баргаштанд. Ва ӯро ҳамчун фарзанди бо нангу номус шинохтанд.
Дар ҳамон лаҳзаҳо гумонам тамоми мардуми мамлакат пораҳои шеъри устод Лоиқро вирди забон доштанд. Ва рӯзу шаб дар мағзам тоб мехӯрд байтҳо:
…Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадорӣ мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан,
Юсуфи дилфигори мо омад…
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Побарҷоии сулҳ тавлиди на танҳо Тоҷикистони дар вартаи ҳалокат, балки тавлиди Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори бузург буд. Дар гирудорҳо ва замону маконе, ки касе намедонист душман куҷосту дӯст кист, дуои беваю бечора, ятимону бекасон ҷавшани фӯлодине шуданд, ки тану ҷони ҷавони боиродаро ҳифз мекарданд.
Аз ҳамон шабу рӯзҳо ёдам меояд ҳодисае, ки аз тасвираш кас сахт дар шигифт мемонад. Волидон духтари донишҷӯяшонро ба дидорбинии бобову бибӣ ба ноҳияи сарҳадӣ фиристода буданд. Ӯ баробари дигарон фирорӣ шуд ба мамлакати ҷангзадаи Афғонистон. Наварӯсе, ки ҷиҳозаш омода буду мардум тӯйхабар, чодираш сари дар ва хушдораш пушти дарвоза. Ҷойи суруру сурро доду фиғон гирифт ва тӯйхона бадал шуд ба ғамхона. Пас аз 6 сол дидор диданд ва пайвастани онҳо соати хуши рӯзгори мо низ буд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан умри дубора бахшид, ҷони ҳазорҳо ҷавонро бо сиёсати сулҳхоҳона ва ватанпарастонааш харид ва сарзаминро обод кард. Аз ин рӯ, рӯзи ҳар фарди аз даҳшатҳо берун омада, зодрӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар навиште хондам, ки барои баргардондани гурезаҳо аз сарзаминҳои дигар ба Эмомалӣ Раҳмон метавон пайкараи заррин бунёд кард. Ва асноду мисолҳои фаровоне оварда аз солҳои 20 – 30 асри пор. Бино ба гуфта, бештар аз як миллион гурезаҳо ҷабру зулм диданду истибдод, вале соҳиб пайдо накарданд. Дар он овон садҳо тан ғӯрамарг ва шумораи зиёди тифлон талаф шуданд. Аз гуруснагӣ, аз сармову гармо ва тирборони ғосибону тарсу ваҳм ҳазорҳо нобуд ва солдидагони нотавон ба дарё ғарқ мешуданд.
Барои тулонӣ нашудани суҳбат аз миқдори фавтидагон ёд намебарам. Ва ҳушам мегурезаду меравад ба муқоисаи тақдири гурезаҳои ду даврон. Онҳоеро, ки бо азияташон аз шунидаам ошно будам ва аз ҳоли аҷдоди ноосудае, ки ҳоли зорашонро бо чашми худ дидаам. Танҳо дили модар аст, ки сӯгу сурро амиқан дарк месозад. Ва Сарваре, ки ташхиси ҳолати замон кард, парвардаи шири модари тоҷик аст, бо инояти Парвардигор ба ҷони садҳо солҳо афзуд ва ашки мотами модарону хоҳаронро ба ашки шодӣ табдил дод.
Ҳич гоҳ дар олам амале бе подош нест. Ҳамоно аз тақдири як тифле меандешам, ки сарсону саргардон бимонад ва аз пайи рӯзӣ дасти тамаъ дароз кунад ҷониби бегонае, ё ошное. Чи қадар сахт аст, агар номусу нанги инсонӣ вуҷуд дорад.
Солҳои душворро бо устодам ёд меорем ва фикрашро оид ба он овон мепурсам. Ӯ аз ҷанг намегӯяд, қотилону мақтулонро ёд намеоварад, гунаҳкорону ҷабрдидагонро барнамешумарад. Ӯ аз он овон ҳикоят мекунад:
- Рӯзе дар роҳ писарбачаеро вохӯрдам, ки дар даст латтапорае дошт. Мехост чизе бипурсад, вале ҷуръат намекард. Ҳолашро пурсидам ва мақсадашро. Бо сари хам чашмони пурнам хоҳиш кард, ки пойафзорамро пок кунад, то ба ивазаш музде бигирад, зеро хоҳаронаш дар хона пораи ноне надоранд. Дилам сӯхт ва ашки чашмонам беихтиёр ҷорӣ шуданд. На, балки оҳи дарунсӯзам дар алами қурбониҳои миллат аланга зад. Мехостам бо овоз бигирям. Худро ба даст гирифтам. Ва маблағе ба кафи дасти тифлона ва корхӯрдааш гузоштам. Ба он нигарист ва баргардонду гуфт: - Ман гадо нестам!
Нигоҳаш доштам. Латтаро аз дасташ гирифтаму пойафзорамро пок кардам ва таскинаш додам, ки ин рӯзҳои сахт мегузаранд ва мо ба рӯшаниҳо хоҳем расид. Фақат ман намехоҳам, балки намегузорам, ки фарзанди тоҷик ба корҳои ношоиста одат кунад. Писарбача рафт. То дер бо нигоҳ гуселаш кардам. Ва дар дилам ба касифони кафангадои миллат лаънат мефиристодам ва дар бечорагии худ менолидам. Ва як гӯшаи дилам рӯшан мешуд, ки тифл аст, вале ғурур дорад ва варшикаста нест. Ва дар худ меандешидам, ки ин миллат ҳоло тамоми неру ва дороии худро масраф накардааст…
- Солҳо гузаштанд,- ба қиссааш идома дод устод,- боре ҷавонмарди зебое бо сару тани замонавӣ ба мошинаш саворам кард ва ба фурӯшгоҳе бурд. Аслан харидор набудам, вале пешниҳод кард, ки ашё интихоб кунам. Нахостам, чаро ки намешинохтамаш. Ҳине, ки берун баромадем, ба гирду атроф назар карду ба гап даромад: - Шояд маро ёд надоред. Вале шумо дар хотири ман мондаед. Ман ҳамонам, ки пойафзор тоза мекардам ва ҳич гоҳ аз ёдам нарафтаед. Шукрона, ки имрӯз соҳиби ҳама чиз ва вазифа ҳастам. Дар хориҷа таҳсил кардам… Ин ҳамон тоҷики пурғурури соҳибватан буд. Он рӯз низ гириста будам…
Чи қадар обҳо аз сар гузаштанду моҳҳо ва солҳо. Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилонааш роҳнамои садҳо ва наҷотбахши ҳазорҳо шуд. Ва ҳар тане ободии кишвар ва дастархони пурнозу неъмат ва осудагии кишварро мебинад, дар ҳаққаш дуо мекунад:» Хокро бигирад зар шавад ва Худо умри обаш бидиҳад!»
Дуогӯёни Сарвари тоҷикони ҷаҳон берун аз хоки Тоҷикистон низ кам нестанд. Дар овони пурошӯб, ки тоҷикони берун аз марз дар муқовиматанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қотеона ба созмонҳои ҷаҳонӣ муроҷиат намуд, ки ба тақдири мардум, занону тифлони Афғонистон бетараф набошанд. Ва ҳамчун сиёсатмадори бузург ва тоҷики асил аз пуштибонии онҳо ибрози ақида кард.
Мо-бонувон дар зодрӯзи фарзонафарзанди тоҷик, ки ифтихори мост, дуогӯи тану ҷонаш ҳастем:
Ба инояти Худованд дару погаву сарат сабз,
Ба дами муриду муршиду дуои модарат сабз.
«Хокро ба каф бигирӣ, ай Худо, ки зар бигирӣ,
Чу намои Хоҷаи Хизр вуҷуду пайкарат сабз».
Шоҳона СУЛАЙМОН