Аз пошхӯрии аҳди Сомониён қариб ним аср гузашта буд, вале то он замон ҳам таъқибу куштори нухбагони миллати тоҷик андар саросари ҳудуди ин давлати паҳновар идома дошт.
Ҳакиме аз Аҷам, ки барои андешаҳои ҷадидаш дар боби шинохти Худованд аз таъқиби араб аз як шаҳр ба шаҳри дигар фирорӣ мегашт, гузораш ба рустои кӯҳистон уфтод. Ба хотири шабгузаронӣ ба масҷиди деҳа ворид шуд. Аз қазо суҳбати оншабаи намозгузорон атрофи як мавзуъ гарм буд; «Оё миллат дигарбора соҳиби давлату тахту шон мешуда бошад?». Баъди баҳси тулониву фарзияҳои нобоваронаи мулкиҳо садри маҷлис овоз рӯшан кард, ки бигзор меҳмон сухане чанд бигӯяд.
Мусофир ба нишони эҳтиром аз ҷой нимхез шуда, дубора сари зону нишасту гуфт: «Баъди даҳ садсола, дар як пораи ин сарзамин давлате бунёд меёбад, ки Пешвои он ба қавму сулолаи худ миллатро ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёкон мерасонад…». Лаҳзае хомӯшӣ ҳукм ронд ва чашмони оташбор ҷониби марди нуронӣ дӯхта шуданд, касе аз ҳозирон маҷоли дам задан надошт, то нукоте аз гуфтаҳои пири хирадманд аз мадди назар дур намонад. Он марди мусофир, ки оташ дар дилҳои бедор афканду саҳаргоҳон роҳи худро идома дод, Носири Хусрави Қубодиёнӣ буд.
ЗУҲУРИ ХУСРАВОНӢ
Авроқи таърихи пурфоҷиаи миллат, сабақи омӯзандае барои наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик аст, ки маҳз ноадолатиҳои подшоҳон ба раияти худ ба шикасти империяҳои бузург сабаб гаштанд.
Охирин ҳаводиси шаҳрвандии асри гузашта, ки на танҳо орзуву ормонҳои ҳазорсола, балки адабиёту фарҳанг ва вопасин мероси беназири миллатро хатари нестӣ таҳдид мекард, бо зуҳури сиёсатмадори ҷавоне дар арсаи сиёсатҳои бузург миллату давлати тоҷикон аз парокандагӣ наҷот ёфт.
Дар он лаҳзаҳои тақдирсозе, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд идома меёфт, аз миёни вакилон ҷавонмарди болобаланде аз ҷой бархоста, бо гомҳои устувор сӯи минбар меомад, дар як рустои дигари Тоҷикистон дили хоҳарбузурги Роҳбари ояндаи давлат дар изтироб буд:
– Охир, ӯ акнун ба синни 40 қадам ниҳодаву сиёсати бузург чунин роҳбари ҷавонро ёд надорад. Боз ҳам дар авҷи фитнаву кашмакашиҳо, ки ҳар силоҳдор худ шоҳу табъаш вазир аст, ба зиммаи додарам гузоштани зимоми давлатдорӣ ҷабр асту ҳам қурбонӣ кардани як бачаи ҷавон, - ҳаяҷони ногуфтание фаро гирифта буд бону Меҳмонгулро.
Аз ҳамон иҷлосияи таърихсоз хоҳарбузурги Сарвари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон хоби осудаву оромиши қалбро фаромӯш карда, дар лаҳзаҳои ҳассоси давлатсозӣ ғамшарики бародару модари худ буд. Роҳбари давлат бо азми ҷонфидоӣ дар роҳи наҷоти миллат аз вартаи нестӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, эҳёи давлати навини тоҷикон ва рушду ободии ин сарзамини муқаддас, гоҳо барои ба мусолиҳа овардани сангарҳои мухолиф ба Афғонистону дигар кишварҳо мерафт ва гоҳе ба хотири озод кардани асирон, аз вохӯрии рӯ ба рӯ бо силоҳбадастони дар кӯҳу пуштаҳо камингирифта сар наметофту хатарро бар дил намегирифт.
НАМОДИ НАКУКОРӢ
Мурури солҳои баъдӣ рӯзгори хоксоронаи хоҳарбузурги Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат барои ҳамсояву сокинони деҳоти атроф буд, ки аз пушти ному мартабаи бародари ҷаҳонзебаш наменозид, балки бо гуфтору рафтори писандидааш барои ҳамдеҳагон рамзи дӯстиву рафоқат буд, бо дастгириву муомилаи некаш дар ҳалқаи ҳамсояҳо зеботарин нигини ангуштарин ба ҳисоб мерафт.
Рӯзи аввали аёдат, бинобар нотобии холаи Меҳмонгул, мусоҳибаро ба вақти дигар гузоштем. Дасти сарнавишт тайи чанд соли охир, аввал ҳамсафари ҳаёт ва соли гузашта ҷигарбандаш Муҳаббатро аз ӯ даррабуд, талхии зиндагӣ дар чеҳраи модари иродатманд хатҳои ожанг боқӣ гузоштааст. Ба чашмони нилобии модари нуронӣ дида дӯхта, овони ҳамкорӣ бо писари ҷавонмаргаш пеши назар таҷаллӣ мешавад.
Солҳои аввали барқарорсозии харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Муҳаббати равоншод дар қатори дигар ҷавонони навовар ба хонаашон дастгоҳи барқдиҳанда овард. Рӯзи дигар аз муборакбодии ҳамкорон ба муносибати рӯшанӣ дар хонаи онҳо хандиду гуфт: «Бедор шудам, ки хобам. Имшаб, вақте дастгоҳро ба кор даровардем, модарам ба хонаҳои ҳамсояҳо назар андохту гуфт, ки то замоне тамоми деҳа бо барқ таъмин нашавад, мо ҳам қатори мардум шабро бо пилтачароғ рӯз мекунем. Модарам афзуданд, ки аз рӯи инсоф нест, ки дар хонаи апаи Президент рӯшанӣ бошаду манзили ҳамсояҳо бебарқ. Зеро, ҷойе, ки адолат риоя намешавад, боварҳо аз байн мераванд ва нофаҳмиву мушкилу бадбахтиҳои ҷамъият аз нобоварии мардум сарчашма мегиранд.»
Аз суҳбати писари хонавода Маҳмадулло дарёфтем, ки имрӯз ҳам модари бузургвор бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии кишвар, тарбияи авлодон дар руҳияи покиву парҳезгорӣ ва хислатҳои неки инсонӣ, ҳар нафаси ҳастиро имтиҳон ва дарки худшиносиву қаноатпешагӣ дар буду набуди зиндагӣ мешуморад.
НИГОҲИ ИНТИЗОР
25 - уми марти соли равон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Роҳбари давлат бо истифода аз фурсати муносиб ба аёдати фарзанди падар омад. Апаву додар хотираҳои овони кӯдакӣ ва рӯзу рӯзгорони дар дудмони падар ба сар бурдаашонро ба ёд оварданд.
Ӯ пазмони додари ширинрӯяш, мекӯшид ғаму мусибати азизони аз даст додаашро зоҳир нанамояд. Лаҳзаи дидору дар нигоҳи меҳрофарини ҳамдигар фурӯ рафтанҳо фарзандони падарро эҳсосоти бузурге фаро мегирад. Холаи Меҳмонгул аз чеҳраи нуронии додар хандаҳои беғаши айёми бачагиро ҷустуҷӯй дошт, Пешвои миллат мафтуни тамошои симои пурнури хоҳарбузургаш буд, ки монои падари бузургворашон чашмони нилобиранги ориёӣ дорад.
Президент ба хоҳарбузурги худ, ки шукӯҳу шаҳомати қиблагоҳашонро ба хотир меорад, дида дӯхта итминон дошт, ки фарзанди падар узри фосилаҳо ва дидору аёдатҳои деринтизорро ба хубӣ дарк мекунад. Чун то замони бори миллатро бар дӯш гирифтану ҳаёту ҳастии худро ба халқу Ватан бахшидан ҳам, онҳо рӯзгори дурӣ аз ҳам ва пазмониҳои дидори якдигарро таҷруба карда буданд.
ИМТИҲОНИ ДИГАР
- Тобистони соли 1992 Маҳмадулло, писари сеюми холаи Меҳмонгул, аз хизмати ҳарбӣ баргашт ва баъди чанд рӯз бояд тӯй дода, арӯсашро мефароварданд, - ба ёд меоранд фарзандони хоҳарбузурги Президент. – Вақте писари дувумӣ Сироҷиддинро ба ноҳияи Данғара тӯйхабар фиристоданд, ӯ ҳанӯз ба деҳаи Сангтӯда нарасида, хабар оварданд, ки бобоямон дунёро падруд гуфтааст… Модари дар тараддуди тӯйи писар либоси мотам ба бар, ба ҷанозаи падар сӯи зодбум дар шитоб шуд.
Баъди бозгашт аз остони падар хонаводаи холаи Меҳмонгул арӯсии фарзандро бе садои суруду мусиқӣ баргузор намуданд ва зиндагӣ ба маҷрои хеш идома ёфт. Баъдан, вазъият дар кишвар ноором гардида, мардум дигар хешу таборони роҳдури худро фақат дар хобу хаёл медиданд.
Ҳамин тавр, баъди интихоби Роҳбари давлат холаи Меҳмонгул додари сиёсатмадорашро бештар дар оинаи нилгун мебинад. Аснои сафарҳои Сарвари давлат чашм ба роҳи ӯ интизорӣ мекашад ва танҳо баъди бозгашт дар фурудгоҳ ва аз зинаҳои ҳавопаймо пойин шудани додари давлатмандаш хотираш ҷамъ шуда сари хон мешинад. Аз даргоҳи Худованд ҳидоят металабад, то фарзандонаш хизмати содиқона ба халқу Ватанро фарзу ҳам қарзи инсонии худ дониста, бо дастгириву ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва муомилаи неку рафтору гуфтори писандидаи худ намунаи ибрат бошанд. Чаро, ки барои як бонуи дар муҳити одии русто тарбияву ба камол расида, хоҳарбузурги Сарвари давлат будан, масъулият дорад. Аз ин рӯ, фарзандону наберагонро пайваста насиҳат менамояд, ки мисли бобои худ миёни мардум будану бовариву эътимоди ҷомеаро ба даст оварда, дар хизмати халқу Ватан даст рӯи сина гузоштан, ки баёнгари дар қалби ту маъво доштани меҳри мардум аст, рӯзгор пеш баранд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ