Дар ин рӯзҳои фараҳфизо, овони фаромӯшнопазири таърихи пуршарафи давлатдории тоҷикон, ки таҳти сарварии хирадмандонаву бозаковати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони биҳиштосо таҷлил гардид, мусоҳибаеро бо Директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Корманди шоистаи Тоҷикистон Сафарзода Хайрулло Амиралӣ перомуни дастоварди бузургу хотирмони армоншикан Неругоҳи барқи обии «Роғун» анҷом додаем ва онро манзури Шумо, хонандагони арҷманд, мегардонем.
- Нахуст дар мавриди аввалин қадамҳо дар бунёди НБО «Роғун», ки маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф асту барои мардуми тоҷик иншооти бузургтарини тақдирсоз, чанд сухан мегуфтед. Дар оғози ин ҷабҳаи бузурги созандагӣ чӣ мушкилиҳо пеш омадаанд?
- «Роғун» лоиҳаест мураккабу нодир ва муҳташаму муқтадир, назирашро дар ҷаҳон пайдо кардан амрест маҳол. Тибқи маълумоти мустанад дар таҳияи лоиҳаи «Роғун» ҳанӯз аз солҳои 30 - юми асри ХХ сар карда, садҳо муассисаҳои тадқиқотию ҷустҷӯӣ, иктишофию лоиҳакашӣ, сохтмониву муҳандисӣ даст ба эҷод задаанд, заҳматҳои зеҳниву фаннӣ кашидаанд ва имрӯз низ ақлҳоро ақлҳо ёригаранд.
Перомуни таъини мавзеи бунёди «Роғун» мутахассисону муҳандисони соҳа андешаҳои тулонӣ ба харҷ додаанд, ақидаҳо пароканда, ҷудогона ва мухталифи ҳамдигар низ будаанд. Лек, аз ҳама муҳим он аст, ки «Роғун» барои имрӯз ва фардои Тоҷикистон ва минтақа аз нигоҳи иқтисодиву амниятӣ хеле муфиду босамар арзёбӣ шудааст, яъне ҳам барои истеҳсоли неруи барқ, ҳам ба манзури шодобгардонии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзии ташналаби поёноб.
Бунёди ин иншооти азим дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ибтидо гирифтаву лек аз ҷабри ҳаводиси замонаву таърих нимабунёд мондааст ва бо гузашти солҳо тахрибу валангор ҳам шуд ва то ба дараҷаи фанову ғуруб расид.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар аз оғоз ҷаҳду талошҳо доштанд. Диди Шумо ба амалҳои неку бунёдгаронаи Пешвои миллат чӣ гуна аст?
- Мусаллам ва возеҳу равшан аст, ки тақдири «Роғун», рӯзҳои истиқрору сурураш то ба имрӯз идома доранд. Рушди устувору бемайлони соҳаи гидроэнергетика ва умуман энергетика, бахусус, баъди истиқрори сулҳу субот дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат, мунодии оромиву осоиши кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад.
Ҷаноби Олӣ аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарварии хеш дар ҷумҳурӣ ба рушду нуму ва давра ба давра наздик омадан ба истиқлолияти энергетикии кишвар аҳамияти хосса ва аввалиндараҷа додаанд. Ва мебояд иқрор шуд, ки бунёдгари асили ин «Кохи Нур» маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва «Роғун» фарзанди арҷманди қофиласолори давру замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Раванди бунёди «Роғун» солҳои тулониро талаб мекунад. Сохтмони силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, ки «Роғун» нуҳумин аст, ҳанӯз миёнаи солҳои 50 - уми асри ХХ оғоз ёфтааст.
Сиёсати энергетикию ирригатсионии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ имкон фароҳам сохта буд, ки манфиатҳои аз захираҳои обию энергетикӣ ҳосилшуда нисбатан оқилонаву одилона байни ҷумҳуриҳои ҳамҷавор тақсим ва истифода шаванд.
Асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳ соли 1972 анҷом ёфт. Тарроҳии лоиҳа муҳлати чаҳор солро дар бар гирифт, яъне соли 1974 оғоз ёфтаву соли 1978 ба охир расидааст. Онро мутахассисони шуъбаи Осиёи Миёнагии Институти лоиҳакашии «Гидропроект»-и шаҳри Москва (ҳозира «Ташгидропроект») анҷом додаанд.
Бо Қарори Совети Вазирони ИҶШС таҳти рақами 2411 аз 27 ноябри соли 1980, лоиҳаи НБО «Роғун» тасдиқ гардид. Лоиҳа бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мувофиқа ва аз ҷониби онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ пазируфта шуд. Корҳои сохтмон ва бунёди шаҳри Роғун оғоз ёфт ва то замони пошхӯрии ИҶШС давом кард.
Мутаассифона, бо шикасти давлати абарқудрати Шӯравӣ маблағгузории мутамаркази сохтмони НБО «Роғун» хотима ёфт. Дар ҷумҳурӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман густурд ва Тоҷикистон барои идомаи сохтмон имконияти пуливу молӣ надошт. Ҳамин тавр, кори сохтмон ба таъхир афтод, мутахассисони дохиливу хориҷӣ пароканда шуданд.
Вале батадриҷ баробари истиқрори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ як гурӯҳ соҳибкорон, роҳбарони бизнеси бузург нисбат ба бунёди «Роғун» мароқ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, соли 1994 таҳияи созишнома дар бораи идомаи сохтмони НБО «Роғун» байни роҳбарони Федератсияи Россия ва Тоҷикистон сурат гирифт. Аммо баъдтар ягон ширкат ва ё корхонаи Россия оид ба ин масъала иқдоме ба амал наовард.
Танҳо соли 2004 тибқи созишномаи байниҳукуматии Россия ва Тоҷикистон ба ширкати «Русал» супориш дода шуд, ки ба сохтмони НБО «Роғун» шуруъ намояд.
Ширкати «Русал» ба сохтмон ҳусни оғоз бахшид. Бо ҳамин мақсад ҶСК «Роғунсервис» таъсис ёфт ва корҳои барқарорсозии роҳҳо, таъмири манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардиданд.
Барои тадқиқи лоиҳа ширкати олмонии «Ламайер» ҷалб шуд. Ширкат пешниҳод намуд, ки ба ҷойи сарбанди сангию хокии дар лоиҳаи «Гидропроект» нишондодашуда сарбанди бетонӣ бо баландии барои ширкати «РусАл» манфиатовар, бо назардошти дар ноҳияи Данғара сохтани заводи алюминий ва таъмини он бо барқи «Роғун» сохта шавад.
Ба чунин пешниҳод Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ нашуд, инчунин, баҳсҳои ҳалнопазир дар хусуси саҳми тарафҳо ба амал омаданд ва «РусАл» Тоҷикистонро тарк кард.
Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва истиқрори сулҳу субот дар ҷомеаи навини Тоҷикистон бунёди иншооти тақдирсози миллат, Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ гардид.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, № 454 ба манзури барқарорсозиву сохтмони ин иншооти муҳиму стратегӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис ёфт.
Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ барои гузарондани ташхиси лоиҳаи «Роғун» расман муроҷиат намуд.
Ташхиси асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи «Роғун» аз ҷониби консорсиуми байналмилалии Коэн-этБеллие (Франсия), электроконсулт (Италия), IPI (Британия) ва баҳодиҳии вазъи экологиву иҷтимоии он аз ҷониби ширкати «Пойри»-и Швейтсария сурат гирифт.
Дар ин ташхиси доманадору мураккаб коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мустақиман ширкат варзиданд.
Соли 2014 хулосаи шаффофи ташхисгарони байналмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи коршоямии лоиҳаи «Роғун» ва бунёди ин «Кохи Нур» ба ҷаҳониён эълон гардид.
Дар раванди ташхиси шаффофи лоиҳа Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки он ба муҳандисону мутахассисосни ватании соҳаи гидроэнергетикаи ҷумҳурӣ руҳу илҳоми бесобиқа бахшид.
29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд ва таҳкурсии иншооти баландтарини гидроэнергетикии дунё - сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр поягузорӣ гардид.
16 ноябри соли 2018 нахустагрегати «Роғун» аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар ҳузури иштирокдорони зиёди ин маъракаи муҳташам, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, шоирону нависандагон, зиёиён ва меҳмонону шаҳрвандони кишвар ба кор андохта шуд ва нахустбарқи «Роғун» тавлид гардид.
9 сентябри соли 2019 дар рӯзи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дувумин агрегати неругоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба тавлиди барқ оғоз намуд ва то имрӯз ба нафъи иқтисоди миллии кишвар ва шукуфоии Тоҷикистони азиз хизмат мекунад.
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2018 барои ба шабакаҳои ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст намудани неруи барқи «Роғун» бинои истеҳсолии КРУЭ, ки бо таҷҳизоти муосиртарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 КВ - и Душанбе – Роғун ба истифода дода шуданд ва ҳоло хеле муассиру босамар фаъолият мекунанд. Айни замон ду агрегати неругоҳ, ки бо иқтидори минималӣ вобаста ба сатҳи обанбор фаъолият мекунад, дар як шабонарӯз бо иқтидори 260 мВт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» пуриқтидортарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, иқтидори тавлидотии неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ва барқароршавандаи он барои таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Чуноне Пешвои муаззами миллат фармудаанд:
«Роғун» – ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад».
«Роғун» корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
- Ғайр аз пурра қонеъ гардидани талаботи аҳолии кишвар бо қувваи барқ неругоҳ боз чӣ ҷанбаҳои муфидро барои ҷумҳурӣ ва минтақа дорост?
- Неругоҳи «Роғун» ғайр аз пурра қонеъ гардондани талаботи аҳолии кишвар бо қувваи барқ, инчунин, ҷанбаҳои зерини муфидро барои ҷумҳурӣ ва минтақа дорост:
- аз ҳисоби истифодаи оби обанбори «Роғун» дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар силсиланеругоҳҳои рудхонаи Вахш энергияи зиёди иловагӣ истеҳсол мегардад.
- ҷумҳурӣ имкон пайдо мекунад, ки содироти барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар тамоми сол ба роҳ монад;
- бо пурра қонеъ гардидани ҷумҳурӣ бо неруи барқ корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Ин ба коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ сабаб мегардад ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар боло меравад;
- ба обанбори «Норак» аз ҳисоби обанбори «Роғун» оби соф ворид мешавад ва ба он умри садсола илова мекунад.
- аз ҳисоби танзими оби обанбори «Роғун» дар овони хушксолӣ, кишварҳои минтақа зарари камтар мебинанд;
- имкон ба амал меояд, ки аз ҳисоби захираи обанбор барои ҷуброн намудани оби ба обёрӣ масрафгардида идома дода шавад. Тибқи лоиҳа дар майдони бештар аз 300 ҳазор гектар заминҳои навкорами кишоварзӣ аз худ карда мешаванд.
- тавлидоти барқ дар мавсими зимистон 1,3 маротиба зиёд мегардад, ки ин баробар ба 50 фоизи ҳаҷми миёнаи солона аст.
- Дар корҳои сохтмонию васлгарии неругоҳ саҳми мутахассисон аз ҳисоби бонувонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Неругоҳи барқи обии «Роғун» мактаби бузурги худшиносию камолот ба ҳисоб рафта, дар бунёди ин муъҷизаи аср саҳми бонувон хеле муфид арзёбӣ мегардад.
Имрӯз саҳми бонувони тоҷик дар баробари мардон дар иншооти тақдирсоз, ки ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст, барҷаста мебошад. Онҳо баробари мардон тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин «Кохи Нур» саҳм мегузоранд. Раванди корҳо нишон медиҳад, ки дар бунёди НБО «Роғун» зани тоҷик: муҳандис, иқтисодчӣ, муҳосиб, ронанда, ташхисгар шуда кор мекунад. Айни замон, аз теъдоди зиёда аз 10 ҳазор нафар мутахассисони НБО «Роғун» 526 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ман ба иродаи қавии бонувони тоҷик аҳсану офарин мегӯям, ки дар баробари тарбияи фарзандон саҳми худро барои ободиву шукуфоии кишварамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус НБО «Роғун», мегузоранд.
- Дар мавриди истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ чиро мебояд мадди назар гирифт?
- Дар мавриди истифодаи оқилонаю сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, дар навбати аввал, дар ҳар ташкилоту корхона бояд шабакаи назорати сарфакоронаи истифодаи неруи барқ ба роҳ монда шавад. Дар корхонаву ташкилотҳо бояд истифодаи лампаҳои каммасраф ва дигар таҷҳизоти барқии каммасраф мавриди истифода қарор гиранд. Дар шабакаи рӯшноидиҳии корхонаву ташкилотҳо бо истифодаи релеҳои махсус истифодаи таҷҳизоти равшанидиҳандаро ба роҳ мондан даркор. Дар шабакаи энергетикии кишвар хатҳои барқии шабака бояд аз иқтидори номиналӣ зиёд бор нагирад.
- Оид ба корҳои муҳандисӣ ва бехатарии сарбанд, инчунин, таъсири экологиву иҷтимоии неругоҳ чанд сухан мегуфтед.
- Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз иншоотҳои гидроэнергетикии дар ҷаҳон беҳамто ва баландтарине мебошад, ки аз сангу шағал ва хок сохта шудааст.
Тадқиқотҳои зиёди муҳандисӣ аз ҷониби институтҳои бонуфузи дунё нишон додаанд, ки дар минтақаҳои аз лиҳози зилзила хатарнок сохтмони сарбанди сангу хокӣ нисбат ба бетонӣ бартариҳои худро дорад. Тоҷикистон дар ин самт соҳиби таҷрибаи хуби ҷаҳонӣ мебошад.
Яке аз талаботи асосӣ нисбат ба ин сарбандҳо устувории он ва ҷавобгӯ будан ба талаботи меъёрҳои таъмини бехатарӣ аст.
Баъд аз гузарондани тадқиқот аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ новобаста аз он, ки сарбанд аз лиҳози бехатарӣ баҳои мусбат гирифтааст, талабот бештар шуданд. Хусусан аз лиҳози тобоварӣ ба селобҳои эҳтимолии баланд ва заминҷунбӣ. Агар бо забони муҳандисӣ гӯем, бояд иншооти обгузаронии сарбанди НБО «Роғун» селоби эҳтимолии максималӣ, PMF –ро, ки 7800 м3/сонияро ташкил медиҳад, таҳаммул кунад ва ба заминҷунбии шиддатнокии эҳтимолияш баробар ба 1,08д, (ҷи), яъне заминларзаи 9 балла тобовар бошад.
Ҳамаи ин талабот дар қарордоди Лоти 2 бо ширкати «Вибилд» ҷой дода шудаанд ва иҷрои онҳо зери назорати мутахассисони намояндаи Фармоишгар қарор дорад.
Таъсири экологию иҷтимоии неругоҳи «Роғун» ҳангоми гузарондани тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби коршиносони пазируфтаи ҷаҳон мусбат баҳогузорӣ гардид ва ҳама корҳо дар ин самт тибқи меъёрҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд.
- Сохтмони неругоҳ дар чанд марҳила мадди назар шуда буд ва тибқи нақшаи дурнамо кай бо иқтидори пурра ба фаъолият мепардозад?
- Сохтмони сарбанди НБО «Роғун» ба чанд марҳилаҳо тақсимбандӣ шудааст:
Марҳилаи якум - бардоштани пешдарғоти болоӣ то сатҳи 1050м. Марҳилаи дуюм - бардоштани садди навбати аввал то сатҳи 1065м Марҳилаи сеюм - бардоштани садди навбати аввал то сатҳи 1110м. Марҳилаи чорум – бардоштани сарбанди асосӣ то сатҳи 1110м. Марҳилаи панҷум - бардоштани сарбанди асосӣ то сатҳи 1185м. Марҳилаи шашум - бардоштани сарбанди асосӣ то сатҳи 1300м. Марҳилаи ҳафтум – бардоштани обанбор то сатҳи 1290м.
Айни замон 3 марҳилаи аввали бардоштани сатҳи обанбор анҷом ёфта, 2 агрегати неругоҳ кор карда истодааст.
Оғози марҳилаи чоруми бардоштани сатҳи обанбор тибқи дурнамо моҳи сентябри 2023, марҳилаи панҷум моҳи июли соли 2025, марҳилаи шашум моҳи марти соли 2029 дар назар аст.
Бакорандозии агрегати чорум моҳи ноябри соли 2025, агрегати сеюм моҳи майи соли 2026, агрегати дуюм моҳи майи соли 2027, агрегати якум сентябри соли 2027 дар назар аст.
Дар ниҳояти суҳбат мехоҳам мардуми шарифи Тоҷикистонро мутмаин созам, ки таҳти сарвариву ҳидоятҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо «Роғун» - и муқтадир, инчунин, иншооти дигари энергетикии кишвар, ки нақшабандӣ шудаанд, бо меҳнати аҳлонаву босубот аз ҷониби энергетикҳои тоҷик ба сомон мерасанд, истиқлоли энергетикии Тоҷикистони соҳибихтиёр комилан ба даст меояд ва орзуи ҳазорсолаи ниёгону имрӯзаҳо ҷомаи амал хоҳад пӯшид.
Шоҳона ОДИНАЗОДА