Мусоҳиба бо Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
- Дар оғоз мегуфтед, ки бахшҳои соҳаи маънавиёт, умуман, дастгоҳи идеологии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатиро бо чӣ дастовезҳо истиқбол хоҳанд гирифт?
- Дар радифи пешрафту таҳаввулоте, ки дар саросари кишвар ҷараён дорад, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ба хотири рушд бахшидани самти иқтисоду иҷтимоиёт аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода бурда мешавад. Илова бар ин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 315 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 40 фоиз ин лоиҳаҳо ба соҳаи иҷтимоиёт марбутанд.
Бунёди қасри фарҳанг иборат аз панҷ ошёна, анҷоми корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи бузурги варзишӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст, ифтитоҳи якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди макотиби гуногун, ба истифода додани маркази ташхиси табобатӣ ва даҳҳо муассисаву бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот аз зумраи дастовезҳои арзанда ба истиқболи ин ҷашнвораи бузург мебошанд.
Дар арафаи ин ҷашни бузург дар маркази ноҳия бинои панҷошёнаи муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу воситаҳои зарурӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ошёнаи якум барои осорхонаи замонавӣ, дар қабатҳои дигар он бахшҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаи марказӣ, матбаа, китобхонаи бачагона ва бойгонии ноҳия мақом ёфта, толорҳои ошёнаҳои болоии он барои гузарондани маҳфилу семинар ва конфронсҳо нигаронда шудаанд. Лоиҳаи мазкур бо масрафи 5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия бунёд ёфтааст.
Ҳамчунин, дар маркази ноҳия бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ ифтитоҳи маҷмаи муҳташами варзишии иборат аз 15 ҳазор ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст. Тарҳи меъмории иншооти мазкур дар миқёси вилоят беназир буда, барои баргузории чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва бозии футболу мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ мусоид мекунад. Дастовезҳои дигари соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Навобод бунёди МТМУ №38 бо тамоми шароити таълимӣ ва бинои иборат аз 16 синфхонаи муҷаҳҳаз ба ҳама асбобу ашёи таълимӣ дар назди МТМУ №36 мебошад. Шоёни зикр аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навобод якчанд иншооти ҷашнӣ, аз қабили маркази тиҷоратии «Суман», майдончаи варзишӣ ва маркази ташхиси табобатии «Исмоил» ба истифода дода шуданд. Бо оғози фаъолияти ин маркази ташхисӣ сокинони атроф ба марказҳои вилояту ҷумҳурӣ нарафта, дар ин ҷо аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Дар ин миён дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балхӣ, Фрунзе, Истиқлол, Узун ва дигар деҳу маҳаллаҳои ноҳия чандин толору майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ин иқдомҳо баҳри солимии ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти шоиста нақши муҳим мебозанд.
- Ташаккули афкори умум, хоса, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз омилҳои таҳкими амнияти ҷомеа аз ҳуҷумҳои идеологӣ арзёбӣ мегардад. Аз фаъолияти дастгоҳи идеологии ноҳия дар ин самт чӣ гуфтанӣ доред?
- Идеология худ маънои ҷамъи афкори оммаро дорад. Яъне, мусбат будани ҷамъи афкори мардум омили пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад. Вобаста ба рушди афкори ҷомеа, маърифатнокӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватанпарастии сокинон чорабиниҳои зиёде роҳандозӣ шудаанд, ки ин тадбирҳо аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат сарчашма мегиранд. Ҳидоят намудани ҷавонон ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан аз масъалаҳои асосие мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият ва аз мавзӯъҳои меҳварии фаъолияти дастгоҳи идеологии ноҳия мебошад.
Зимнан барои дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои тарбиявӣ диққати махсус медиҳем, чаро ки таълиму тарбия ду паҳли ба ҳамдигар зич ва занҷираҳои пайванде мебошанд, ки аз якдигар маншаъ мегиранд.
Самараи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти ноҳия ҷиҳати маърифатнокии ҷавондухтарон аст, ки сол аз сол омори дохилшавии духтарон тавассути Маркази миллии тестӣ афзуда, аз ҷумла, соли равон 90 дарсади хамткунандагони муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои олию касбии кишвар дохил шуданд. Ҳамзамон, ҳар сол 22 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёфта, шумораи хатмкунандагоне, ки тариқи суҳбатҳо ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил мешаванд, сол аз сол меафзояд.
Бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани донишҳои зеҳнии ҷавонон як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ - дар шакли саволу ҷавоб миёни ҷавонон ба роҳ мондаем. Инчунин, бо мақсади он ки насли ҷавон дар баррасии масоили рӯзмарра мустақилона фикр карданро омӯзанд, мусобиқаи шоҳмотбозиро оммавӣ гардонда истодаем.
- Чун дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, андешаҳои худро оид ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа иброз медоштед?
- Аз оғози ба даст овардани Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати бонувон тадбирҳои мушаххас дида мешаванд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999 ва дар ин замина Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, Барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи давлат ҷиҳати таҳкими мақому манзалати занон дар ҷомеа нақши муассир мегузоранд. Мо, занону бонувон, аз он қаноатмандем, ки Сарвари давлат баҳри фаъолгардонии бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи беандоза доранд. Ин эътимоду боварӣ ба неруи созандаи зан - модар моро водор месозад, ки дар сафи пеши амалӣ кардани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат қарор дошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат саҳми арзанда гузорем.
- Ҳузури бонувони ноҳияро дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, хусусан, вазифаҳои роҳбарикунанда чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Тадбирҳое, ки тӯли даврони соҳибистиқлолӣ мавриди амал қарор гирифтаанд, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ояндаи неки ҷомеа ва беҳбудии шароити зисту зиндагонии мардум нигаронда шудаанд. Бешак. Истиқлолияти давлатӣ меҳвари пешбарандаи ҷомеа ва омили рушду тараққиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, ба мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон, аз ҷумла,ба занону духтарон шароит фароҳам овард, ки бо ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули афкору андешаи миллӣ дар рушду пешрафти ҷомеа ва ободгароии Ватани азизи хеш нақши муассир гузоранд. Имрӯз дар амалисозии тамоми стратегия, барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои муҳиме, ки мавриди амал қарор мегиранд, саҳми бонувон зиёд аст. Зеро дар раванди бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол таълиму тарбия муҳимтарин омили рушд маҳсуб ёфта, дар ин ҷода масъулияти бештарро бонувон ба зимма доранд.
Дар самтҳои фаъолиятҳои ҷамъиятӣ саҳми шӯроҳои кор бо занон назаррас буда, аз ҷумла, барои бартараф сохтани масоили рӯзмарраи занон Шӯрои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила фаъолият мебарад. Шӯрои кор бо занон, як иттифоқи ниҳоят мустаҳкам буда, бо воситаи аъзои он, ки аз намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборатанд, мушкилиҳои занон ҳалли худро меёбанд. Инчунин, дар назди бахши САҲШ - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби бонувони собиқадор гурӯҳи занони ташаббускор таъсис дода шудааст, ки онҳо дар самти бунёди оилаи солим маслиҳатгару роҳнамои оилаҳои ҷавонанд. Масъулони соҳаи маънавиёт низ зимни ташкили суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ аз неруи бонувони собиқадори ноҳия самаранок истифода мебаранд.
- Дар баробари бурдбориҳо ҷиҳати тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбар аз ҳисоби бонувон, сабаб дар чист, ки ҳоло ҳам ҳузури бонувон ба ҳайси раисони шаҳраку деҳот ва дигар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи иқтисоду молия ва бонкдорӣ камшумор аст?
- Агар ин масъаларо дар мисоли ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ матраҳ намоем, аз ҳисоби бонувон дар самти соҳаи кишоварзӣ аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро занон ташкил медиҳанд. Айни замон раисии шаҳраки Гулистонро бонуи кордон Давлатбибӣ Раҳимзода бар зимма дошта, тамоми муовинони раисони шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби занон мебошанд. Дуруст аст, ки дар ноҳияҳои аграрӣ таваҷҷуҳи бонувон бештар ба соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ба ҷодаи таълиму тарбия нигаронда шудааст. Яъне, духтарон ҳанӯз аз овони таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни интихоби касб ба соҳаҳои иқтисод, молия ва бонкдорӣ камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
- Мафҳуми Истиқлолият аз нигоҳи шумо. Чӣ бояд кард, то истиқлоли мо устувору арзишҳои миллату давлатдориамон пояндаву ҷовидонӣ монда, мардуми Тоҷикистонро хушбахтиву саодати зиндагӣ муяссар гардад?
- Истиқлолият, ин неъмати бебаҳо, ки гузаштагонамон барои ба даст овардани он ҳазорсолаҳо мубориза бурдаанд, бузургтарин дастоварди таърихӣ арзёбӣ гардида, ҳифзу пойдории он аз ҳар яки мо - ватандорон, иродаи мустаҳкаму рӯҳияи хастанопазир ва садоқату эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ тақозо менамояд. Танҳо ба шарофати пойдории сулҳу салоҳ дар кишвар ва бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо истиқлолияти комили кишварро ба даст оварда, соҳиби давлату миллат, соҳибзабону соҳибфарҳанг ва соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ шудем. Арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи амнияту пойдории он аз ҳар нафари соҳибватан азми ватансозӣ ва иродаи матину рӯҳияи хастанопазир тақозо дорад. Мо бонувон бо ифтихору сарфарозӣ ин арзишҳоро қадр намуда, ба хотири устувории давлату хушбахтиву саодати мардумони он ҳама ҳастии худро фидо хоҳем кард.
Аз ин рӯ, ба хотири таҳкиму пойдории Истиқлоли давлатӣ бояд ҷавононро дар руҳияи худшиносӣ тарбия намуда, онҳоро ба омӯхтани илму дониш ва маърифатандӯзӣ водор намоем. Сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардорем, то ҷавонон бо дониши мукаммал мафҳуми соҳибистиқлолиро дарк намуда, худро шахси комил муаррифӣ карда тавонанд. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифта имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд ва хусусан, ташаббусҳои орифонаи Пешвои муаззами миллат бобати гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», эълон шудани 20 солаи рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ ва ҳамзамон, бознашр ва ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим намудани китоби «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи маънавии ҷомеа ва ташаккули афкори насли ояндасози Ватан нақши бузург мебозад. Мақсад аз ин иқдомҳои дурбинонаи Сарвари давлат дар самти мафкурасозии ҷомеа ба хотири шинохти таъриху тамаддуни миллати хеш, побарҷо мондани фарҳанги миллӣ аст, то наслҳои оянда бидонанд, ки ниёкони мо киҳо буданд ва ин миллати тамаддунофар аз кадом дудмон сарчашма дорад.