Кӯлоб дар ҳақиқат макони зебову дилрабост, диданию макони сайру сайёҳист ва бемуҳобот ин сарзамину ин ҳаворо хушу хуррам гуфтан месазад. Мардуми меҳмоннавозу фарҳангсолор, ватандӯсту сарбаландашро намегӯӣ, хосатан ҷавонони созанда,бо азму иродаро.
Мошин бо суръати гаҳе пасту гаҳе баланд ағбаҳои Чормағзаку Шар - Шарро тавассути нақбҳо убур карда, ба ноҳияи Данғара наздик мешавад. Ду нақби замони соҳибистиқлолӣ масофаи ин ағбаҳоро хеле кӯтоҳ ва ҳаракати савораҳоро даҳчанд осон намудааст. Ронандаҳо аз ин дастовардҳо ончунон хурсанданд, ки дар баёни фикр гаҳе оҷиз мемонанд. Аз даштҳои густардаи Данғара гузашта, ба ноҳияи Восеъ наздик мешавем. Ҳулбук ончунон қашанг таъмиру тармим шуда, ки завқи ҳар бинандаро меорад. Мо аз тамошои он, ки дар ҳар сангу хокаш саҳифае аз таърихи ниёгон нуҳуфта аст, серӣ надоштем, аммо роҳро ҷониби Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин давом додан даркор буд. Ронанда моро то маркази ноҳияи Восеъ расонду аз он ҷо ба дигар мошин нишастем. Рӯ ба рӯи ронанда расми Пешвои миллат ҷилвагар буд ва ӯ бо ҳиссиёти баланд мегуфт:
«Ӯ Президенти ман аст, ӯ ифтихори миллати мост, агар мо ҳама ба гуфтаҳои ӯ гӯш ниҳему ба он амал кунем, рӯзамон беҳ мешавад, аммо афсӯс на ҳама ӯро дарк мекунанд».
Дар аввал пиндоштем, ки аз Душанбе буданамонро фаҳмида худситоӣ дорад, аммо дар асл чунин набуд. Балки сидқан ташаббусҳои созандагии Сарвари давлатро дуруст арзёбӣ мекард. Аз зиёд вохӯрию суҳбатҳои Пешвои миллат бо мардум ва ҷаласаҳои Ҳукумат ба мо иқтибосҳо овард. Мегуфт, ки ба ҳар баромаду суханронии Президенти Тоҷикистон на танҳо таваҷҷуҳ мекунад, балки аъзои хонаводаро низ водор месозад, то ҳини суханронии Пешвои миллат бодиққат бошанд. Ростӣ, ба ин гуна ҷавон, ки ҳамагӣ як кирокаши одӣ буд, ҳаваси мо омад ва орзу кардем, ки кош дигар ҷавонон пайравӣ аз ӯ кунанд.
Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Мо на аввалину на охирин будем ин ҷо. Пеш аз мо ва баъд аз мо ҳам мардум ба зиёрати оромгоҳи ин мутафаккири бузург зиёд меомаданду меоянд. Гирду атроф тозаву озода, зебову муаттар.
Роҳи мо ҷониби Муъминобод. Боз беш аз ним соат савори мошин роҳ паймудем. Акаи Абдулмуъмин вақтро ғанимат дониста, ҳамагӣ як ё ду тухмро дар рӯған чапагардон карда ба ҳар кадомамон хӯронду «оромгоҳи Шоҳи Хомӯш бояд равем», гуфт. То расидан ба ин мавзеъ чанд деҳаро убур карда, аз деҳқонию боғдории мардуми маҳал қаноатманд гаштем. Шоҳи Хомӯш дар як гӯшаи масҷиди деҳаи Лангар ҷойгир ва омӯзгор - роҳбаладе таърихи мавзеъро қисса намуд.
Зебо табиати Ховалинг
Рӯзи панҷшанбе. Баъди наҳорӣ азми сафари Ховалинг доштем. Ҳарчанд борон беист мебориду ҳаракати мошинро душвор мегардонд, Олимҷон бо як маҳорат моро то оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ расонд. Ин ҷо ҳам аз тамошои боғу роғ ҳаловат бурдем. Оромгоҳ дар макони сарсабзу хуррам бунёд шудааст ва дастандаркоронаш воқеан ҳам кори хайру савоберо аз худ боқӣ гузоштаанд. Аз ҳамон роҳи тозаву озодаи мумфаршшуда то чанд гӯшаҳои зебову муаттари наққошишуда барои боздиду нафаси роҳат задан дар ин макон ҳама диққатрабоянд. Аз ҳафт чашмаи канори оромгоҳ, ки ба ривоятҳои омада ҳар кадом ба дарде давоест, мардум бо умед нӯш мекунанду дар зарфҳо барои наздиконашон об мегиранд. Ҳини бозгашт сари баландие мошинро дошта, даме ба атрофу акноф менигарем ва пиндоштем, ки Тоҷикистон Шветсарияи дуюм не, балки Тоҷикистон бо табиати бою зебою афсункораш ҳатто аз Шветсария ҳам болост. Агар кас як бор ба Ховалинг биёяд ва аз сеҳри табиати он ба серӣ лаззат барад, аминам, ки чунин бардошт мекунад.
Ховалинг маъвои донишмандони давру замони худ буд. Оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар деҳаи ҳамномаш воқеъ аст. Мардуми хайрхоҳи маҳал ба хотири зинда доштани номи бузургвор мақбараи ӯро тозаву озода гачкорӣ доштанд. Дар ҳавлӣ гулу гиёҳҳои зиёд шинондаву рӯида, ки ба ин макон ҳусни тозае зам мекунанд.
Биё бубин боғистонро
Ҳини бозгашт ба деҳаи Тутуи Муъминобод, аввал аз деҳаи сарсабзу хуррами Боғгаӣ дидан кардем, ки мардуми заҳматияш дарвоқеъ ин маконро ба боғистон мубаддал гардондаанд. Ногуфта намонад, ки дар бист соли охир ин қадар нони ширадори бомазаи гандумиро нахӯрда будам ва хушо ба ҳоли мардуми деҳқонаш, ки аз обилаи дастони эшон, аз он осиёбҳои обӣ, ки деҳқони Боғгаӣ гандуми киштаашро орд мекард, мо ҳам ба шикамсерӣ нону фатирҳои ширмол хӯрда, дар ҳар нафасу дар ҳар луқмаи ба лаб бурдан, ба соҳибони зиёфат пинҳону ошкор санову сипос мегуфтем. Дар як гӯшае аз Боғистон, дар хамие оромгоҳи Хоҷаи Нур бо ташаббуси чанд тан аз шахсиятҳои олиҳиммату бомаърифат аз сулолаи Назриевҳо қомат афрошта, ки ба зиёратгоҳи садҳо мардуми ба Кӯлоб омада мубаддал шуда.
Дар синаи кӯҳи Эмом Аскара
Субҳи ҷумъа хеле барвақт ба роҳ баромадем. Чун имрӯз азми сафари дур аст. Ният моро ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ба зиёрати Эмом Аскара мебарад. Маконе, ки ҳатто ҳамсафарони мо, ки худ аксар аз Кӯлоб буданд, ин маконро танҳо аз нақли дигарон шунида будаанд. Роҳе, ки охираш ба Кӯҳистони Бадахшон мерасад, тозаву озода, мумфаршу замонавӣ. То маркази ноҳия нарасида ҷониби деҳаи Доғистон мегардем. Доғистоне, ки даҳҳо ҳунарваронро эҳдо карда, ба монанди хунёгари бузург Давлатманд Хол.
Аз канори деҳа чун давраи ҷавонӣ гуфтаву хандида, шодикунон пои пиёда мегузарем. Мошин дигар роҳ надошт. Масофаи боқимонда наздики ҳашт километр аст ва баландӣ аз сатҳи баҳр 3.5 км. «Синаи ҳамон кӯҳи баланд макону марқади Эмом Аскара аст»,- нишон медиҳад масофаи дуреро Олимҷон. Раҳораҳ бӯи гулу гиёҳи рӯида ба машом мерасид ва баъди се соати қадамзанӣ ба он макон расидем. Ба нақби майдаяке, яке паси дигар ворид мешавем. Ин ҷо қадам задан имкон надорад, аз 5 то 10 дақиқа даруни нақб гавак мекашед, ки ин масофаро шоҳидони ҳол 70–75 метр гуфтанд. Турбати Эмом Аскара (агар ӯ он ҷо дафн шуда бошад), хеле одист. Ҳамагӣ аз сангу сангчаҳо ва дар канор ҷӯе аз замин боло меояд, ки равон нест. Бо ривоятҳои мардум, агар садҳо мукааб об аз ин ҷӯ берун орӣ, онро охир набошад. Муъҷизаи дигар ин ки бо ворид шудан ва хориҷ шудан аз ин нақб ба сару тан аз синаи кӯҳ қатра-қатра об мерезад. Ҷое зиёд, ҷое камтар, аммо чун берун омадем, нишоне аз нам дар либосамон набуд. На ҳар нафар ҷуръати ворид шудан мекунад, бахусус, онҳое, ки мубталои дарди дил ё диққи нафасанд. Ба нафароне, ки дар ин макони дур шароити дам гирифтан, катҳои нишасту лавозимоти ғизопазӣ фароҳам овардаанд, хусусан ба роҳбарияти Фурудгохи байналмилалии Кӯлоб изҳори сипос мегӯем.…Рӯзи шанбе бо лаҳзаҳои фароғат дар соҳили обанбори Муъминобод, бо дидани мусобиқаи заврақронии ҷавонони Хатлонзамину вилояти Суғд сафари серӯзаи сайру саёҳати мо аз минтақаи Кӯлоб поён ёфт, аммо лаҳзаҳои берун шудан аз ин сарзамин чашм аз дидани табиати дилрабову афсункораш ҳеҷ серӣ надошт, ки надошт. Боз хоҳем омад ва аз нодидаҳо дидан хоҳем кард, мегуфтем ҳама ба худ.
Рустам НАЗИР