Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи таҳлилу баррасии масъалаҳои гуногуни давлату давлатдорӣ , ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид баҳри фаъолиятҳои пурсамари бонувон дар арсаҳои роҳбарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ » зикр гардид, ки ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бонувон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бо ташаббусҳои созандаи худ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ , таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушду ободонии Ватан нақши муҳим гузоштаанд.
Воқеан ҳам, овони соҳибистиқлолии кишвар бонувон таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, баҳри ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани онҳо ва рушди зеҳниву омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар зинаҳои роҳбарӣ барои занону духтарони лаёқатманд шароиту имкониятҳои бемаҳдуд фароҳам мебошанд.
Бонувон бо итминону хушбинӣ ба ояндаи дурахшон дар арсаҳои гуногуни ҷомеа содиқона заҳмат доранд. Мусаллам аст, ки модарон дар радифи фаъолиятҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа, ҳамчунин, баҳри дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфтани фарзандони худ нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, ҳузури фаъоли бонувони кишвар дар соҳаҳои хизматрасонии тандурустӣ , таълиму тарбияи насли наврас, рушду инкишофи соҳаи кишоварзӣ шоистаи таҳсин буда, сол аз сол афзоиши сафи бонувон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар самтҳои соҳаи хизмати давлатӣ бармало ба назар мерасад, ки ин аз натиҷаи тадбирҳои судманди дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи амалӣ гардидани ҳадафҳои ояндасоз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа садҳо нафар бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ шуда, имрӯз дар пешрафту тараққиёти ҷомеа заҳмат мекашанд.
Таҷрибаи 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ҷалби бонувон ба фаъолиятҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ , фароҳам намудани шароитҳои мусоид баҳри тарбияву омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда бори дигар собит месозад, ки дар партави амалишавии ҳадафҳои муҳими давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бонувон аз уҳдаи кору масъулиятҳои ба зимма гирифтаашон мебароянд.
Зиёд шудани шумораи бонувон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар далели рӯшани таваҷҷуҳи зиёди ҷомеа ва давлат баҳри фароҳам сохтани баробарии гендерӣ ва ба ин васила таъмини адолати иҷтимоӣ , фаъолгардонии нақши бонувон дар ҷомеа ва пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо ва дигар падидаҳои номатлуб мебошад.
Дар ин шабу рӯз, ба мисоли ташкилоту сохторҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳузури фаъоли бонувон дар мақомоти ҳокимияти судӣ зиёд мушоҳида мешавад. Бонувони риштаи ҳуқуқшиносӣ иловатан ба иҷрои вазифаву масъулиятҳои ба зимма доштаашон, инчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат баҳри рушду ободонии Тоҷикистон, таъмини амнияту волоияти қонун дар кишвар саъю кӯшишҳои зиёд меварзанд.
Бонувони ҳуқуқшиноси кишвар, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд ва дар ҷомеа ба мақоми шоиста соҳиб гаштаанд, иштироки фаъолона дар рушду пешрафти мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои ояндасози Роҳбари давлатро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.
Зебуннисо САТТОРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Вахш