03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШУКРОНАИ ОБУ ХОКИ ВАТАНАМ

 

Shukronai-obu-hoki-vatanamВақте бо дили шоду масрур, бо ифтихор дар замини зархез қадам мениҳам, ба худ меболаму мефахрам, ки ман аз Тоӌикистонам. Фарзанди поку маъсуми ин нигини сайёраам. Шукргузорам, Ватане дорам, ки дар он сулҳ, амонӣ , ваҳдат, ягонагӣ , истиқлолият пойдор асту миёни биҳишти сарсабзу хуррам бо нурҳои тиллоранг, ки ҳар субҳ аз хоби ноз бедорам мекунад, зиндагӣ дорам. Дар ватане, ки муъӌизаҳояш вирди забони мамолики дунёст, васфи обҳои равону мусаффояш дар минбару созмонҳо бо Пешвои раҳнамою раҳкушо унвондор. Офтоби нурфишон дар зодбум, чунон нурфишонӣ намуд, ки ҳар бинандае аз он масрур гашт. Аз таъриху маданият, фарҳангу суннатҳои аӌдодӣ , ҳунарҳои мардумӣ кишвари мо ғанист. Бо Саразму Ҳисори Шодмон ва Ҳулбуки қадим мефахрем.

Халқи ман бо ҳунарҳои қадимию хӯрокҳои миллӣ машҳури офоқ. Фарзанди Тоӌикистонам, ки аз ин ҳавои дилнишин нафас мекашам, ба ҳар куӌо қадам ниҳам, зебоиҳои нотакрору нав ба навро дида, шодмон мегардам. 30 сол қабл касе дар гӯшаи хаёл надошт, ки рӯзе Тоӌикистон бо зебоиҳои нотакрори хеш дар ӌаҳон машҳур мегардад. Хушбахтона, фарзонафарзанди миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ӌавонмардию қадамҳои устуворона мардуми парокандаро ба ҳам овард. Ҷон рӯи каф гирифту собит сохт, ки ӯ фарзанди асили Ватан аст. Зеро бо ибтикори ин абармарди хушназар Тоӌикистони азиз ба биҳишт монанд ва оромию субот дар он ҳукмфармо гашт. Кунун сӣ сол аст, ки модари тоӌик, духтари тоӌик, падари тоӌик ва тифли тоӌик дар лабон хандаю дар дилҳо шодию нишот умр ба сар мебаранд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри пешрафт ва рушди мамлакат кӯшиш ба харӌ медиҳанд. Ба ӌавонон, ки ояндаи ин миллату давлатанд, ҳамеша таъкид месозанд, ки бунёдгар, созанда, муаррифгар ва парчамбардори миллат бошанд. Зеро ояндаи неки миллат ба заҳмату талошу созандагии ӌавононаш бастагӣ дорад. Ҳар шахси солимфикр баҳри ободӣ , нашъунамо ва сарсабзгардонии Ватан талош варзад.

То ҳаст зи ӌон рамақ Ватан мегӯям,

Андар сари ҳар варақ, Ватан мегӯям.

Шукронаи нуру обу хоку бодаш,

Шукрона, ки сулҳ дар Ватан мегӯям.

Миллати тоӌик аз аҳди қадим бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш мавӌудияташро дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати куҳанбунёд дар рушду нумӯи илмҳои замона саҳми беназир доранд. Ҳазорон ӌилд рисолаву девон ва тазкираҳои онҳо, ки мероси пурғановати миллатро ташкил медиҳанд, гулшани адаби сайёраро зиннат медиҳанд.

Даврони истиқлол баҳри корҳои созандагӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мардуми тоӌик калиди дари иқболи худро дар эӌоду бунёди сохтмонҳои азим дарёфтанд. Дар ин ӌода бо қадамҳои устувор корҳои зиёде ба сомон расиданд.

Албатта, чунин комёбиҳои беназир аз афкори рӯшани абармардони миллати соҳибфарҳанг бармеояд. Саъю талоши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӌиҳати вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили мадҳу саност. Рӯз аз рӯз беҳтар гардидани вазъи моддии мардум аз ояндаи нек мужда медиҳад. Аз адолатпешагию ҳиммати баланди Сарвари кишвар ҳамагон сар ба сар ҳамдостони ваҳдат гардидаанд.

Наҷибтарин, муқаддастарин эҳсос барои ҳар як кас эҳсоси ватанпарастист, зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Рисолату вазифаи бузурги волидон он аст, ки ин эҳсоси бузургро дар ниҳоди фарзандон аз хурдӣ ҷой намоянд ва парвариш диҳанд. Шояд суоле пайдо шавад, ки ин эҳсос, ки онро на дидаву на даст карда мешавад, бо чӣ шевае метавон онро дар вуҷуди фарзандон макону маъво дод. Посух ба ин суол саҳл аст. Шукр мегӯем, зеро адабиёту фарҳанг ва таърихи пурифтихоре дорем, ки фарогири намунаҳои олии ватандориву ватандӯстист. Қиссаву ҳикоятҳои марғубу дилнишин аз рӯзгори қаҳрамонфарзандони диловару ҷасури тоҷик метавонад дар парвариши эҳсоси ватандӯстӣ саҳмгузор бошанд. Корнамоии Шерак, Спитамен, Темурмалик ва садҳо тани дигар дарси хуби ватандӯстиву меҳанпарастӣ метавонанд бошанд.

Билохира, аз он ки тоҷикаму дар Тоҷикистонам, хушбахту хушиқболам. Ифтихор аз ниёгони гузашта, аз фарҳангу таърих, ифтихор аз китоби пурарзиши «Тоӌикон», ифтихор аз Парчаму Нишон, Суруди Миллӣ ва аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ менамоям. Аз он мефахрам, ки маро модари тоҷик зодаву фарзанди хушбахти даврони истиқлолам. ва бешак, саодати беохир насиби мост. Ва он ҳамаро, ки ном Сулҳ, Ободӣ , Озодӣ , Оромӣ ва Ваҳдат аст, бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Фарзона ЗОКИРЗОДА,
ноҳияи Файзобод

:.  Сиёсат 23.07.2021 11:27 960

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz