Субҳ медамад. Ба гӯш чаҳ - чаҳи парандагони хушхон, шилдироси оби ҷӯйбор мерасад. Ваҳ, чи зебост тамошои субҳи Ватан. Ба машом бӯи муаттари гулҳои рангоранг ва кулчаҳои модарам мерасад. Чи лаззате дорад нони гарми модар, бӯи гандуми дар зодбум рӯида, бӯи гулу райҳони Ватан. Нури офтоб шабнами рӯи гулҳоро ҷилодор мегардонад. Рӯҳу илҳоми тоза мегирам. Бо табъи болида, бо кашидани нафаси озод, тамошои манзараи дилфиреб боз як рӯзи нав оғоз мегардад. Аҷаб назаррабо ва дилрабост субҳи Ватанам. Тамошои манзараи дилфиреб, дарахтони сербор, меваҳои зебою болаззат аз як пораи биҳишти рӯи дунё будани Ватанам гувоҳӣ медиҳанд.
Кӯҳҳои сарбаафлок, осмони софу беғубор нишонаи сарбаландӣ ва меҳрубонии мардуми азизи ман аст. Қомат афрохтани биноҳои зебою замонавӣ , ки аз хоку санги Ватанам бунёд гардидаанд, нишони ҷоннисориҳои қаҳрамонон аст. Онҳо Меҳани хешро то нафаси вопасин ҳифз кардаанд, барои озодӣ ва ободии насли оянда мубориза бурдаанд.
Сабзаи рӯидаи роҳ, рангорангии гулҳо аз шукуфоӣ , аллаи модарону хандаи кӯдакон, аз ободии Ватанам дарак медиҳанд. Чи хуш аст, дар оғӯши чунин манзараи зебо кӯдакон тозону хандон ба сӯи мактаб мешитобанд, дониш меомӯзанду дар фазои орому осуда зиндагиву таҳсил доранд.
Айёми кӯдакиям пеши назар ҷилвагар мегардад. Мисли ин тифлакони хушбахт сӯи мактаб мешитофтам. Дар васфи Ватан дар назди устоду ҳамсинфон бо ифтихор шеър мехондам. Дар қалби кӯчакам меҳри Ватан лона гузошта буд. Бо дугонаҳо аз сангу гил хона месохтем, бозӣ мекардем, меваҳо чида, бо ҳам медидем. Аз оби ҷӯйча менӯшидему кокулонамонро ба об тар мекардем. Акнун имрӯз баробари Ватан ба пеш қадами устувор мегузорем. Меҳри Ватан ҳамоно дар қалбам ҷӯш мезанад. Дӯст медорам ҳавои ватанамро, гулҳои зебову боғу чаманашро.
Воқеан, ҷавони хушбахтам, ки дар огӯши табиати афсункор, дар даврони истиқлол фаъолият дорам ва аз ҳавои Ватан нафаси тоза мегирам.
Бале, ман тоҷикам. Зодаи Тоҷикистонам!
Бо ифтихор номи Меҳани азизамро ба забон меорам. Чи хуш аст, вақте ки умри инсон дар оғӯши Ватани азизу зебое бо ном Тоҷикистон сипарӣ мегардад. Ба ҳар нафаси кашида, тамошои манзараи дилфиреб, нӯшидани оби шифобахш, истеъмоли меваҳои ширинаш шукр мегӯям.
Аз тамошои сангу гулу гиёҳ, бӯидани гулҳои муаттари рангоранги Ватани азизам неру мегирам ва мефахрам, ки фарзанди Тоҷикистонам!
Қадршиносии чунин неъмати бебаҳои табиат аз файзу баракати истиқлол аст. Ёд дорам нақли бибиамро, ки мегуфт: «Мо барои як пора нон дар навбат истода, каҳтиро аз сар гузарондем. Рӯзҳое буданд, ки ба хотири гурусна намондани фарзандон нон намехӯрдем. Хушбахтона, он рӯзҳо паси сар шуданд.
Шукронаи истиқлол имрӯз дар ҳар хона нон муҳайёст. Шумо хушбахттарин наврасону ҷавононед, ки дар фазои орому осуда таҳсил доред. Ба шарофати истиқлол, ватанамон ободу зебо гардида, кӯдакон дар боғча ва мактабҳои замонавӣ мехонанд. Аз дидани чеҳраи мардуми осуда, манзараҳои зебои диёр, як пораи биҳишти рӯи дунё - Ватани азизамон - Тоҷикистон бахтиёрам.
Азизон, бифахред, ки фарзандони Тоҷикистон ҳастед, ба қадри оромию осудагии Ватан бирасед».
Назокат КАРИМЗОДА,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров