Тарона жанри одию сода ва барои ҳама мафҳум аст, ки замзамаи рӯзгорест пур аз ширинию зебоӣ ва нафосати муҳаббату сидқи самимона. Тарона хосса аст бонувонро ва модарона таронаи ягонагии мардуми сарзаминро месароем. Унвони матлабро вобаста ба ҳамин баргузидем. Ва бештари аркону равои ваҳдат ба дили модарон наздик аст ва ҷомеаи моро, ки асосаш амну осудагист. Ҳарчанд дар тасвир ҳунари комил ва андешаи амиқ муҳим менамояд, бонувонро ҳассосият бештар аст. Талош меварзем ҳар чӣ дар дил дорем дар сафҳа бикорем. Бо забони дил сухан бигӯем, ки ҷумлаи модарони кишвар умедвори рӯзгори осудаанд. Дар миён дар баробари ҳамзабонӣ ҳамдилиро низ мунтахаб кардаем.
Яке аз рукнҳои асоси ваҳдат дар ҳамин зоҳир мешавад. Яъне ҳамаи сокинони кишвар як мақсаду маром дорем: бунёди Тоқикистони навин, ки аз дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метаровад. Ва анешаҳои ӯ ибтидо мегирад аз таҷриба ва донишҳои аҷдоди бузургамон, ки рӯзгори амну осударо заминаи ободӣ ва саодати мардум донистанд.
Давлати ҷавони мо 30-солагии истиқлолро пешорӯ дорад. Ва омилҳои баваҳдатрасон моро ба зиндагии шоиста ва ҷойгоҳи сазовор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қарин мегардонад. Дастовардҳо фаровонанд. Бале, мушкилот ва норасоиҳо низ дар бунёди ҷомеа дорем, ки қоил бояд шуд, вале ба роҳи тайкарда ва пурпечутобамон назари амиқу зарурӣ дӯхтаем?
Дар муддати на чандон тӯлонӣ низоъҳои дохилӣ, тафриқаро дар ҷомеа, марги фарзандон, муҳоҷирати иҷборӣ ва қаҳтию нобасомониҳои рӯзгорро сипарӣ кардему ба рӯзҳои нек расидем. Дар назар як давраи тӯлонӣ менамояд, ки бояд сабақ барои ҳамаамон бошад. Ва бурди сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буд, ки ба ваҳдати комил расидем.
Метавон ин ҷодаи тайшударо ба чанд марҳала қисмат кард. Дар ибтидо тамоми саъю талош барои нигаҳдории кишваре нигаронда шуд, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Марҳилаи дигар ба дарки шинохти ватандорӣ ва дарёфти асрори ҷаҳони муосир ва рақибони миллату давлати тоҷик бо ҳама бозиҳои матраҳшуда, ки ҳадафу манзурашон жарфтар менамуд масраф гардид. Ин раванди саҳл ва осон набуд.
Дар миён бародарони ҳамхунро лозим омад нобоварӣ ва шубҳаро аз миён бардоранду ба як ҷабҳа гирд биёянд. Ин марҳила басо ҳассос буд. Бо инобати мушкилоти мавҷуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давра баҳои сазовор ва воқеӣ дод: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст».
Ба бурду бохтамон сарфаҳм меравем, вале ҳич намешавад аз миён рафтагон – ҷавонмаргонро ҷон бахшид, ки аз нашъаи озодӣ баҳраманд шаванд. Сӯзу сӯхтанҳои модарон ва занҳо ва дарди ятимии фарзандон ҷуброннопазир мемонад. Ин ҳама моли таърих ва сабақҳо бароямон хоҳанд монд.
Акнун марҳилаи дигаре пешорӯйи мост, ки мушкилтар аз даврони қаблист. Давлати ҷавони мо дар иҳотаи манфиат ва судҷӯии ҳамагири давлатҳои бузург ва муқовимати иқтисодию фарҳангии ҳамсоягони дуру наздик қарор дорад. Шаклу василаҳои ҳамла аз намунаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию экологӣ иборат аст, ки ҳамбастагӣ ва ягонагии миллатҳои Тоҷикистонро тақозо дорад. Мисоли равшан таҳоҷуми бузурги иттилоотӣ ва паҳновар гардидани василаҳои муассир дар даврони ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар ин маврид муҳимтарин омил огоҳии сиёсӣ, иттиҳоди сиёсӣ ва ҳамқадами замон будан ва ошноӣ бо донишҳои навини технологӣ мебошад. Танҳо бо сухан намешавад дар ҷараёни тезтаки тамаддуни муосир мақоми сазовор касб кард.
Дар баробари он чи зикр шуд омили муҳими муттаҳидкунанда садоқат ба сарзамин, ворисияти осори аҷдод ва эҳтиром ба мероси пурғановати гузаштагон аст, ки бо унвони худшиносӣ пазируфта мешавад. Дар ин рав ташаккули ҳувияти миллӣ, ки бо андешаи қаблӣ дар иртибот аст, хеле муҳим мебошад. Ин марҳилаи давлатсозӣ ва миллатсозист. Дарки андешаи кистем мо ва чи рисолате таърих дар назди мо гузоштааст, асоси зиндагӣ ва рӯзгорамон хоҳад буд. Чанд соли охир бармало кард, ки мардуми тоҷик дар ин ҷода собитқадам аст. Истифодаи фишангҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанги тамаддуни муосир ва зӯроварии рақибонамон мардуми Тоҷикистонро ба иттиҳоди устувор мекашад. Онҳо омодаанд барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва тақсимнопазирии марзҳои кишвар яктан бошанд.
Дар ин раванд тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ аз омилҳои шинохтаанд. Дар ин ҷода нақши бонувон бениҳоят муҳим хоҳад буд. Ҳамзамон дар раванди давлатсозӣ рисолати муҳимтарин муносибат ба забони модарӣ ва пок доштани он, риоя ва садоқати самимӣ ба анъанаҳои миллист. Бонувон муаррифгари давлат ва чеҳраву номусу намоди миллатанд. Агар дар атласу адрас ва гулдӯзиҳои хоссаи тоҷикӣ дониш, русуму анъана, розу асрор ва таърихи бисёрасраи мардуми мо маҳфуз бошад, пас бонувони тоҷик муаррифгари ин ҳама қудсиёт ба шумор мераванд. Тағйири пӯшоку пари миллӣ, тахриби забон берун шудан аз анъанаҳои ҳазорсола мебошад, ки баробари хиёнат талаққӣ мешавад.
Мардуми Тоҷикистон дар даврони ваҳдати сиёсӣ ва маънавӣ, ки аз тафаккури садоқатмандона ба давлату миллат сарчашма мегирад, гом мебардоранд. Ин таронаро мебояд тараннум кард.
Шоҳона СУЛАЙМОН