03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАТАНДОРӢ ГӮШАЕ АЗ ИМОНДОРИСТ

 

VATANDORI-GUSHAE-AZ-IMONDORISTМан рӯзҳои ноамну мудҳиши солҳои 90-уми асри ХХ - ро бо чашми сар надидаам, аммо ифтихорам аз он болост, ки ҳамсолу ҳамзамони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳастам. Дар зеҳнам аз матолиби гуногуни мутолиа кардаам ҳаккокӣ гашта, ки мардуми мо дар натиҷаи васвасаҳои шайтонии бархе аз рӯҳониёни иртиҷоӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик ба майдони ҷанги таҳмилӣ кашида шуданд. Оташи ҷанге, ки дар ёдномаҳо бо номи шуми «ҷанги шаҳрвандӣ» сабт гардидааст, бо талошҳои ватандӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадриҷ хомӯш гашт.

Оғози давлатдории навини тоҷикон баъди ба сари қудрат омадани фарзонафарзанди диёр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷрои аслӣ ворид шуд. Истиқлол ва озодии сиёсӣ барои ҳар тоҷикистонӣ вожаҳоеанд муқаддасу арзишманд, чаро ки дар тӯли таърих мардумони бисёр кишварҳо баҳри соҳибихтиёрии худ мекӯшанд, то маъмангоҳу манзилгаҳашон кошонаи сулҳу амонӣ бошад, аммо муваффақ намегарданд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолият – ноябри соли 1992 баҳри беҳбудӣ, шукуфоӣ ва пешрафти давлат ва миллати тоҷик камари ҳиммат барбастанд. Гуфтанд: «Ватанамонро худамон обод менамоем, касе аз берун омада, барои мо Ватан намесозад» ва, ҳамчунин, таъкид доштанд: «Роғунро бо нохунҳоямон месозем». Имрӯз Тоҷикистон обод аст, дар партави сулҳу амонӣ, ваҳдати миллӣ ду чархи Неругоҳи барқи обии «Роғун» неруи арзони барқ истеҳсол менамояд ва ба шарофати он деҳаҳои ҳамсоякишвар – Афғонистон низ чароғон гаштаанд.

Ватандӯстӣ бо шири модар дар шараёни мо маъво гирифтааст. Барои мо – ҷавонон бетарафӣ нисбат ба ояндаи Ватан, бешарафист, чи расад ба хоинӣ.

Мардуми сарбаланду сарфарозу сар ба андешаи мо дигар ба доми фиреби ҳарзагӯёну хоинони давлату миллат намепечанд, чаро ки тафриқаандозиҳо ҳеҷ манфиате намеоранд.

Оне, ки сар аз соли соҳибистиқлоливу давлатдории навини тоҷикон то бад-ин сӯ дар саросари мамлакати аз вартаи навмедиву нобудӣ раҳоёфта пешрафту ободиву созандагӣ ва бунёдкориҳои кулро дидану мушоҳида кардан намехоҳад, пас ӯ «ё одам нест, ё аз ин олам нест». Дар гузораи ҳамагӣ 30 сол мардуми парокандаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери сақфи сулҳу суботи пойдор сарҷамъ намуданд, дар таърих кам иттифоқ афтодааст. Ин мард чун дурдонаи таърих минҳайси як фарди дурандешу ватанхоҳу миллатдӯсту ободпеша тӯли будан дар симати Роҳбари давлат ва ҳам Пешвои муаззами миллат, аз эҳтирому эътибор ва иззату икроми вижаи аҳли кишвар ва ҳам аҳли назару башар ба хубиву кофӣ бархӯрдор гардид. Ва сари ҳар фурсату ҳини ҳар мулоқот ба гӯшу ҳуши насли ҷавони Меҳан ҳамвораву ҳамеша таъкид бар он меварзанд, ки ватандӯсти воқеӣ бошанду дар ҳиҷ тазоду марҳалаи зиндагӣ сӯи Ватан - Модари ҷоноҷон санги маломат наафкананд, хиёнату разолатро дар нисбати тақдираш асло раво набинанд, чаро ки Ватан моро доди Худост ва эҳтиром нагузоштани он ҳамчун зодбум гуноҳи азим аст. Ватанфурӯш аз кофару габру номусалмон, гузашта аз он, аз тухми инсон низ нест,чаро ки ватандорӣ гӯшае аз имондорист.

Лутфуллои АЗИЗ

:.  Сиёсат 29.06.2021 06:32 925

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz