Абдуллоҳ Раҳнамо:
«Ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳифзи миллат аст»
Раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафту тараққиёти босуръати илму техника, муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди бемайлони иқтисоди ҷаҳонӣ омилҳоеанд, ки барои нигоҳ доштани арзишҳои миллии ҳар миллат бетаъсир буда наметавонад. Чанд андешаи муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнаморо дар ин мавзӯъ пешниҳод менамоем:
- Мафҳуми арзишҳои миллӣ зиёд ба забон оварда мешавад ва шояд на ҳар кас амиқан ба маънии аслии он сарфаҳм равад. Шумо дар ин мавзӯъ чӣ гуфтание доред?
- Арзиш ба ду маъно аст, ки якеро дар иқтисод ва бозор ба маънои нарх ва баёни қимати маҳсулот ба ҳисоби пулӣ ба кор мебаранд. Дар фарҳанг арзиш ба маънои меъёри пазируфташудаи таърихан шаклгирифта ва аз сӯи мардум эътирофгашта мебошад. Яъне, дар фарҳанг ба маънои муҳтарам аст. Зери мафҳуми арзишҳои миллӣ муҳимтарин меъёрҳое, ки дар тӯли раванди таърихию фарҳангӣ шакл гирифтаанд, он миллат бо он шинохта шудааст ва мавҷудияту ҳастии миллат ба он вобаста аст, шинохта мешавад. Ва ниҳоят бо ҳамин арзишҳо як миллатро аз миллати дигар фарқ мекунанд.
Ҳар миллат дорои чанд даста арзишҳост, ба мисоли арзишҳои фарҳангӣ: забон, мусиқӣ, ҳунар, зебоишиносӣ ё арзишҳои сиёсӣ: ватандорӣ, давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва ғайра. Ё худ арзишҳои ахлоқӣ, ки дар он эҳтиром ба зан ва калонсолон гузошта мешавад. Хуллас, як силсила анъанаҳое ҳастанд, ки дар онҳо арзишҳое сабт шудаанд ва онҳо аз насл ба насл мегузаранд. Бинобар ин, муҳимтарин дастовард ва нишондиҳандаҳое, ки ҳар миллат дорад, бақои он миллат аст.
- Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, яъне чӣ?
- Арҷ гузоштан, яъне эҳтироми он, ҳифзу пос доштан ва риоя намудани арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳифзи арзишҳои миллӣ хифзи миллат аст. Барои дарк кардан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бояд ҳар нафар аз он арзишҳо баҳраманд бошад. Арзишҳои миллӣ мавзӯи илмӣ ё суҳбати кӯчагӣ нест, ки он берун аз дарк мавриди баҳс қарор гирад. Арзишҳои миллиро касе ҳифз мекунад, ки худ он арзишҳоро дошта бошад. Яъне, яке ҳаст, ки донандаи хуби арзишҳои миллист, ки номи арзишҳо, таърихи онро медонад ва шояд рисола низ ҳимоя намудааст. Дигаре дорандаи арзишҳои миллист, ки онҳоро ботинан дарк месозад. Вақте Ватан мегӯяд, худ ватандӯст аст ё аз ахлоқ сухан мегӯяд, худ дорои ахлоқи хуш аст. Арзишҳои миллиро маҳз ҳамин гуна одамон ҳифз менамоянд ва инҳо захираи тиллоии миллат мебошанд.
Нуктаи дигари муҳим барои ҳифзи арзишҳои миллӣ он аст, ки арзишҳои миллӣ бо шиору сухан ҳифз намешаванд. Барои ин ғамхорию дастгирӣ, сармоягузорӣ ва ниҳодсозии давлатӣ зарур аст. Маҳз давлати Тоҷикистон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ иқдомҳоеро роҳандозӣ намудааст, ки шояд барои баъзе кишварҳо ҳайратовар низ бошад. Ба мисоли таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи забон ҳамасола аз ҷониби олимону забоншиносон барномаҳо ва назорати давлатии рушди забон татбиқ мегардад.
Ё калонтарин буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маорифи кишвар масраф мешавад. Чаро ки дар низоми маориф ҳувияти наслҳо ба воситаи таълиму тарбия эҳсос мегардад.
- Арзишҳои миллии мо аз арзишҳои миллии ҳамсоякишварҳо чӣ тафовут дорад?
- Ҳар миллат арзиши миллии худро дорад. Воқеан, тоҷикон бо давлатҳои ҳамсоя баъзе арзишҳои умумӣ доранд. Ба мисоли таърихи тоҷикон бо ҳамсоядавлатҳо муштарак аст ва баъзе урфу одатҳо дар заминаи ҳамзистӣ монанд низ мебошанд. Аммо тоҷикон ҳамчун нажоди ориёӣ бо таърихи куҳан ва забони қавӣ арзишҳои хоси худро дороянд. Тоҷик миллатест, ки аз нигоҳи решаи таърихӣ, тафаккури сиёсӣ, фарҳанг, забон, адабиёт ва ҳатто аз назари эътиқоди динӣ ҳамчун миллати собиқадор эътироф шудааст. Мо офаридаҳое дар таърих дорем, ки на танҳо арзиши минтақавӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ доранд. Ба мисоле, ки дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Женева муҷассамаи фарзандони миллати тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Ал - Форобӣ ва Абуалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Яъне, ифтихороти таърихию миллии мо беасос нест.
- Табиист, ки имрӯз ҷавонон барои таҳсил ё муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамоянд. Мутаассифона, бархе мансубияти миллии худро дар мусофират пинҳон медоранд. Чаро?
- Муҳоҷират падидаи иҷтимоисту маънои дур шудан аз арзишҳои миллиро надорад. Ҳар нафаре, ки хориҷ аз Ватан мешавад, ҳувият, урфу одат, дину эътиқод, хуллас арзишҳои миллиашро дар ҳамон кӯлвори сафариаш бо худ мебарад. Аз он ки вақте ба муҳити бегона қарор мегирад ва бо арзишҳои дигар рӯ ба рӯ мешавад, ба буҳрони ҳувият дучор гашта, ҳатто аз ҷониби ҳувияти бегона мавриди фишор қарор мегирад. Масалан, забоне, ки дар Ватан воситаи муошират буд, он ҷо кор намеояд ё либоси миллиаш, ки боиси ифтихораш ҳаст, шояд чанд нафар бо ҳавас ба либоси ӯ нигаранд, вале чанди дигар таҳқир ҳам мекунанд. Бинобар ин, муҳите, ки он ҷо арзишҳои бегона бартарӣ дорад, муҳоҷир дар баробари ба мушкили иқтисодию ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шудан, ба мушкили фарҳангӣ дучор меояд. Агар оне, ки дар ҳифзи арзишҳояш устувор бошад, онро нигоҳ медорад.
Онҳое, ки дар муҳити русӣ аз баҳри забон ва дигар арзишҳо гузаштаанд, хеле каманд. Аксари тоҷиконе, ки дар Россия зиндагӣ менамоянд, дар сатҳи хонавода арзишҳои миллиашонро ҳифз кардаанд. Бино ёфтани мактаби тоҷикӣ дар шаҳри Қазон, ҷашн гирифтани идҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз ва амал кардани ҷамъиятҳои дӯстии халқҳо гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
- Оё раванди ҷаҳонишавӣ омили аз байн рафтани арзишҳои миллӣ мегардад? Агар «ҳа» пас бо кадом васила арзишҳои миллиро аз вартаи нобудшавӣ метавон эмин дошт?
- Дар асри ҷаҳонишавӣ гуфта наметавонем, ки беҳтарин забон ё беҳтарин фарҳанг ҷаҳонӣ мешавад. Фарҳанги кишвар ё миллатҳои дорои иқтисоди қавӣ барои дигарон умумӣ мешавад. Агарчи забони форсӣ собиқаи чандинасраҳо дораду ҳамчун бузургтарин, шевотарин ва ширинтарин забон эътироф шудааст, вале қудрати ҷаҳонишавӣ надорад. Зеро дар пушти он иқтисодиёт ва сиёсати қавӣ нест.
Забони англисӣ дар тамоми ҷаҳон чун забони асосӣ омӯхта мешавад. Чаро? Зеро он забони миллатҳои қудратманд аст, ки дорои технология ва иқтисодиёти қавӣ мебошанд. Яъне, арзишҳо дар замони ҷаҳонишавӣ на аз рӯи хуб буданашон, балки аз рӯи соҳибони қудратманду қавиашон паҳн мешаванд. Табиист, ки арзишҳои миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ бо хатари бузург рӯ ба рӯ мегарданд.
Дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳамон миллатҳое ҳифз мешаванд, ки соҳибдавлатанд. Дар ҷаҳон 2500 миллат мавҷуд аст, ки ҳамагӣ 5 дарсад соҳиби давлати мустақили худ мебошанд ва, хушбахтона, дар ҳамин фисад тоҷикон низ дохил мешаванд. Он миллатҳоеро, ки соҳибдавлат нестанд, дар ин давраи ҷаҳонишавӣ хатари нестшавии ҳам миллат ва ҳам арзишҳояшон таҳдид мекунад. Яъне, давлат механизми асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вартаи нобудшавӣ мебошад.
Баъдан, давлат ба танҳоӣ ҳимоятгар буда наметавонад, мебоист ҳар яки мо дар хонавода ин арзишҳоро роҳандозӣ намоем.
- Барои дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ кадом воситаҳо таъсиргузоранд? Хонавода, муҳит, шабакаҳои иҷтимоӣ…
- Дар баробари таъсиргузор будани хонавода ва муҳит ҷиҳати дарки решаҳои таърихӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд асар гузоранд. Мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ на арзишҳои миллию фарҳангӣ ва на назари сиёсию ахлоқӣ солим аст. Баръакс, шабакаҳои иҷтимоӣ бо эҳтимоли кашида шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар ақидаҳо, ба фарҳанги пасту бадахлоқӣ ва фисқу фасод барои насли оянда ҳатто хатарзо низ шуданд. Яъне, шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи ноамн аст.
Пас чӣ бояд кард? Калонсолон наметавонанд, ки наслҳои навро аз истифодаи технологияҳои муосир маҳдуд созанд. Хоҳ – нохоҳ муҳит онҳоро бо навовариҳои техникӣ мепайвандад. Аввал, бояд кори наврасон аз ҷониби волидон ва омӯзгорон танзиму назорат шавад. Дуюм, бояд дар шабакаҳои интернетӣ маводи хуб дар мавриди арзишҳои миллӣ бештар ба табъ расанд. Агар андешаҳои солим тарғиб нашаванд, дар фазои иттилоотӣ чизҳои ғайр паҳн мешаванд ва ба афкори кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мегузоранд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО