Вақте номи Исфараро ба забон меоварем, қабл аз ҳама, пеши назар боғу роғи беканор, зардолу ва дигар меваҳои шаҳдбор, оби софи кӯҳсор, корхонаҳои азими саноатӣ, кулолҳои машҳур, кандакорони пурҳунар, осоишгоҳи «Зумрад»-и овозадор ва, албатта, мардуми заҳматқарини хушгуфтор падидор мешаванд.
Аҳли шаҳру деҳоти ин мулки бостонӣ имрӯзҳо барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни шукӯҳманди 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо азму талоши самарбор доранд, ки зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара бори дигар ба ҳамагон аён гардид. Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бунёди 457 иншооти таъйиноти гуногун – истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасониву фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 411 ададаш то ин дам фаъол гардид ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқӣ бо маром идома доранд.
Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, иброз дошт, ки сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 9 апрели соли равон ба Исфара, мардумро хеле рӯҳбаланд кард.
Рӯзҳое, ки дар Исфара будем, дар кӯчаю бозор, таксию мусофирбар одамони гуногункасб, пиру барно, зану мард дар бораи сафари Сарвари давлат, ба истифода додани иншооти муҳим, суханони самимии он кас дар масъалаи баҳсҳои марзӣ қисса мекарданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ҷавонон аз шаҳраки Шӯроб дар бозори марказии шаҳри Исфара байни ҳам оид ба ояндаи ин шаҳрак бовармандона ёдрас мегаштанд.
- Об, ки омад, ободӣ мешавад. Аз масофаи 11 километр хати оби нӯшокӣ овардан, дар ин шароит ба гуфтан осон, - мегуфт як нафар, ки аз дигарон ба сол бузургтар менамуд ва коргари кони ангишт будааст: – Харҷи ин кор 13 миллион сомонӣ будааст ва он ҳам аз ҳисоби Фонди захиравии Президент. Маҳз бо дастури Сарвари давлат роҳбарони идораи «Ангишт» - и мо низ ҳиммат карда, майдончаи футболи хурду волейбол сохтанд.
Дар ҳақиқат, ин хати оби нӯшокӣ, ки метавонад 15 ҳазор аҳолиро таъмин намояд, мисли хуни наве Шӯробро эҳё хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи қотеонаи худро оид ба масъалаҳои марзӣ дар вохӯрӣ бо сокинони Ворух иброз дошта, мардуми Исфара ва деҳоти Ворухро даъват карданд, ки «бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд.»
Яке аз бонувони фаъол, номзади илм, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Исфара Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар саҳифаи фейсбукияш ба ин суханони Пешво вокуниш кардааст, ки онро мухтасар иқтибос меоварем:
«Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли сокинони шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух басо хотирмон ва пурифтихор буд. Ҳанӯз аз шарафи дидори мубораки Президенти кишвар дар қалбҳои мардуми ин сарзамин сурур ва дар чашмҳояшон нур ҳувайдост. Дарозои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва тӯли роҳбарии муваффақонаи Пешвои муаззами миллат шоҳиди он гаштаем, ки қудуми мубораки Сарвари давлат ба ҳар минтақаи кишвар, ки расид, он ҷо ободу зебо гашта, сабзу мунаввар мешавад. Ин бор, ин шараф насиби рустои Ворух, ки вақтҳои охир аз минтақаи баҳсӣ будани он дар расонаҳо сару садо мерафт, гаштааст. Ободии роҳҳо, қомат афрохтани биноҳо бо тарҳи замонавӣ дар самти фарҳангу маориф ва сохторҳои қудратӣ, ифтитоҳи боғи Парчами давлатӣ, боғҳои интенсивӣ, маҷмааҳои варзишӣ - истироҳатӣ ва корхонаҳои хизматрасонӣ дар деҳаи дурдасти кишвар - Ворух аз ҷумлаи ибтикороти созандаву ободкории Пешвои миллат башорат медиҳанд. Пеш аз ҳама, бояд зикр намуд, ки воқеан, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик беназир аст. Сулҳу истиқлол овардан ба миллати тоҷик бузургтарин хизмат ба Ватан буд. Оламиён шоҳиданд, ки таҷрибаи мактаби ваҳдатоварии Сарвари кишвари мо боиси омӯзиш ва паҳн кардан аст…
Зимни суҳбат омӯзгори собиқадор, муовини директори МТМУ № 65 деҳоти Чоркӯҳ Раъно Содиқова, ки 15 сол раиси Шӯрои занони ҷамоат будааст, чунин гуфт:
- Воқеан, ҳар ҷо, ки Пешвои раиятпарвари мо по ниҳанд, гул мекунад. Ин ҳақиқат ҳангоми сафарашон ба ҳамсоядеҳаи мо – Ворух бори дигар аён гардид. Махсусан, маро ҳамчун омӯзгор бинои мактаби нави сеошёна дар маҳаллаи Сангтӯдаи Ворух, ки бо меъмории муосир ва таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст, хеле хурсанд кард. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар ба ташаббусу иқдомоти ватанпарваронаи соҳибкорони Исфара баҳои баланд доданд. Бояд гуфт, ки дар Чоркӯҳ соҳибкорони муваффақ солҳои охир корҳои муҳимеро дар самти ободонӣ анҷом додаанд. Масалан, соҳибкор Парвиз Каримов кӯдакистони замонавӣ бунёд кард. Деҳа соҳиби варзишгоҳ, клуб, маркази ҷавонон, ҳаммоми замонавӣ, чандин мағозаву марказҳои хизматрасонӣ гардид. Мардум ба таври ҳашар ва маблағгузории худу соҳибкорон 18 километр роҳҳои дохилии деҳаро мумфарш карданд. Соли гузашта, айёме, ки эпидемияи коронавирус бедодӣ мекард, барои маркази саломатии деҳа як дастгоҳи нафаскашии сунъӣ зарур омад. Ману бонуи фаъол Барохон Салоева занони маҳаллаамонро ба маҷлис даъват кардем ва зарурати ҷамъоварии маблағро барои хариди ин дастгоҳ фаҳмондем. Бонувон дар муддати ду рӯз беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ҷамъ карданд ва мушкили халқ осон шуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 деҳаи Хоҷаи Аъло Гулзира Умарова мегӯяд:
- Сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух ва суханронияшон оид ба масъалаи баҳсҳои марзӣ ба дили мо таскин бахшид. Мо ҳам мехоҳем масъалаи марз бо роҳи гуфтушуниду музокира ҳал шавад ва бо хотири ҷамъ ба кору зиндагӣ машғул шавем. Ман омӯзгори фанни математика ва информатика ҳастам ва аз соли 2016 дар мактаби деҳа дарс мегӯям. Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 – 2040 - ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд, ки айни муддаост. Алҳол дар мактаби мо барои мувофиқи талаботи муосир таълим додани ин фанҳо тамоми шароит, аз ҷумла, тахтаҳои электронӣ мавҷуданд. Шогирдон ба фанҳои дақиқ шавқу завқи зиёд доранд, дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, Ҳасанҷон Ҳакимов гирандаи стипендияи раиси шаҳри Исфара мебошад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
Исфара – Чоркӯҳ - Хоҷаи Аъло