Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш ба вилояти Суғд ва аснои суҳбат бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара махсусан таъкид доштанд.
Чун дар ин авохир баҳсу мунозираҳои зиёде бобати додани қаламрави ҷамоати деҳоти Ворух ба ҳамсоякишвари Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоию ВАО – и кишварамон чарх мезад, ки сарманшаи он пешниҳоди Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон буд. Ӯ таклиф намуд, то ҷониби Тоҷикистон Ворухро ба онҳо бидиҳад ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой ба даст орад. Ин нуктаи баҳсе буд, ки бархе аз душманони миллат аз ин фурсат истифода бурда, хостанд, то бо ин роҳ миёни дӯстии ду кишвар рахна эҷод намоянд.
Аснои суҳбат Сарвари муаззами миллат ба ин масъалаи нозук аҳамияти ҷиддӣ дода, иброз доштанд, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.
Воқеан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз барои пойдор сохтани сулҳу дӯстӣ ва аз байн бурдани баҳсҳои марзӣ бо вилояти Бодкенти Қирғизистон ва вилояти Суғд, махсусан, деҳоти Ворух ҷаҳду талош намуда истодаанд. Сар аз соли 2002 музокираҳоро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ оғоз намуда, наздики 100 гуфтушунид дар ин самт анҷом додаанд. Тавре зимни суханронии хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарварони кишварҳо ба имзо мерасид.
«Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо, бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда, имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст», - илова намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хати сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор буда, дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хати сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.
Дар баробари пойдор сохтани дӯстиву рафоқат, ҳамчунин, Сарвари давлат барои ободониву пешрафти ин гӯшаи диёри зебоманзар кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ва ҳар лаҳзаи сафарашон ба деҳоти Ворух иншооти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Зимни боздиди навбатиашон ба вилояти Суғд, ки аз 7 то 10 апрел идома ёфт, дар баробари мавриди истифода қарор додани иншоотҳо дар шаҳру навоҳии вилоят, инчунин дар деҳоти Ворух низ муассисаи таълимӣ, маркази хизматрасонӣ ва қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд, ки барои соҳибмаърифату соҳибилм гардидани фарзандони ин маҳал мусоидат хоҳанд кард. Дар ин росто, намои деҳоти Ворух низ ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт.
Ифтитоҳи қасри фарҳанг бо 460 ҷойи нишаст ва дар масоҳати 2 ҳазор метри муррабаъ ҳадияи бузургест барои мардуми фарҳангпарвари деҳоти Ворухи шаҳри Исфара. Дар баробари таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, тарҳу услуби замонавии он ба намои берунии деҳот ҳусни дигар зам менамояд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 30 адад сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки он барои рушди соҳа ва пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ замина мегузорад.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маркази хизматрасонии «Наврӯз» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои ду ошёна буда, дар масоҳати 360 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази мазкур коргоҳҳои истеҳсоливу қаннодӣ ва дӯзандагӣ фаъолият намуда, занони бешуғли хонашин бо кор таъмин гардиданд, ки барои беҳтару хубтар гардидани шароити зиндагии сокинон замина мегузорад.
Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворух муассисаи нави таҳсилоти миëнаи умумӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз се ошёна иборат буда, барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. То ин замон бинобар набудани муассисаи таълимӣ хонандагон то деҳоти ҳамсоя чандин километр роҳро пиёда тай менамуданд, ки дар фасли сармо бештар мушкилӣ эҷод мекард.
Инчунин, барои аҳолии деҳаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда» - и деҳоти Ворух, ки то ин замон аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд ва 340 хонавода бо оби ошомиданӣ таъмин гардид, ки ин амал бо ташаббуси Сарвари давлат анҷом дода шудааст.
Аз ин рӯ, мардуми деҳоти Ворухро мебояд, ки ба ҳар гуна суханҳо дода нашуда, шукри ин ободӣ ва оромиву осоиштагии диёрро намоянд. Барои пойдор нигоҳ доштани дӯстии ҳамсоякишварҳо ҷаҳду талош варзанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки мардуми фарҳангдӯсту меҳмоннавози тоҷик дар ҳама давру замон бо хулқу атвори нек ва, қабл аз ҳама, дипломатияи худ дар набардҳо ғолиб омадааст. Аз ин рӯ, «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» - ро мебояд шиор карду дӯстӣ бо ҳамсоякишварҳоро побарҷо нигоҳ дошт. Тавре Сарвари давлат низ таъкид дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад.
Бонувони Тоҷикистон