«Ҳамеша бо ҷомеа будам»
Умринисо Казакова:
Соҳибпеша
Шавқу рағбат ба соҳаи омӯзгориро дар қалби ӯ аз хурдӣ муаллими аввалинаш мақом дода буд. Омӯзишу омӯзонданро дӯст медошт. Завқи китобхонӣ ва ҷалби дӯстонашро ба китоб хондан рисолати хеш медонист. Падар ин амалҳои фарзандашро дида, ба худ мегуфт: «Духтарам олим мешавад. Аз ӯ тарғиботгару ташкилотчии хуб мебарояд!»
Бо роҳнамоии қиблагоҳаш ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко шомил шуд. Солҳои 1971 – 1975 дар факултаи таърих ва филологияи тоҷики ин даргоҳи маърифат таҳсили илм намуд ва муваффақ дар интихоби пешаи омӯзгорӣ гардид.
- Пас аз хатми донишкада фаъолиятамро аз палатаи китоб оғоз намудам. Баъдан дар кафедраи адабиёти тоҷики донишкада ба ҳайси лаборант корро идома додам. Он давра донандагони адабиёт, забоншиносони машҳури мамлакат, ба мисли Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозода ва Юнус Бобоев ба шогирдон дарс мегуфтанд. Ифтихор дорам, ки аз мактаби чунин бузургмардони забон ва адабиёти тоҷик чизе омӯхтам ва аз партави илму дониши онҳо баҳра гирифтам, - иброз медорад Умринисо Казакова.
Ҳамнишинӣ бо устодони бузурги илму дониш барояш бетаъсир намонд. Ва ӯ тасмим гирифт, то роҳ ба ҷодаи илм бипӯяд. Меомӯхт, ҷустуҷӯ менамуд, саъю талош мекард, ки дар ин самт дастболо шавад. Соли 1983 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи адабиёти тоҷики донишкада ба таҳсил пардохт.
-Кори илмиам вобаста ба кору рӯзгори намояндаи адабиёти асри 14 Салмони Соваҷӣ буд. Барои пажӯҳиш ва омӯзиши мавзӯъ ба китобхонаҳои чандин шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба Москва, Тошканд ва Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) сафар доштам. Ҳамчунин, аз давлати Эрон дидан намудам. Баъди хатми аспирантура соли 1994 рисолаи номзадиамро дар мавзӯи «Хусусиятҳои ғоявӣ - бадеии ғазалиёти Салмони Соваҷӣ» бомуваффақият ҳимоя кардам, - мегӯяд бонуи омӯзгор.
Пас аз номзади илм шудан, мавсуф аз соли 1979 то соли 1995 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба кори омӯзгорӣ пайваст. Аз соли 1995 дар баробари омӯзгорӣ дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба фаъолият пардохт. Ҷаҳду талош ва навовариҳояш дар пешрафти кори донишгоҳ аз назари роҳбарият дур намонд. Соли 2000 муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ интихоб гардид.
- Дар баробари пажӯҳиш, роҳбарӣ рисолати хеле бузург, ки ҳар зан онро вазифаи аввалиндараҷа дар ҳаёти оилавиаш медонад, ин модар ва ҳамсар будан аст. Бо ҳама ҷаҳду талошҳо умр сипарӣ мешавад. Акнун эҳсос мекунам, ки хеле мушкилиҳоро пушти сар намудаам. Худро хушбахт медонам, ки бо ҳама шӯру шари ҷавонӣ мушкилнописандӣ кардаам ва имрӯз заррае бошад ҳам, дар ободии кишвар ва маърифатнокии фарзандони миллатам саҳм гузоштам. Соли 2004 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Қасида ва суннатҳои қасидасароӣ дар адабиёти форс – тоҷик дар асрҳои 13 – 14» низ ҳимоя кардам. Алҳол, профессори кафедраи филологияи тоҷик ҳастам. Ҳамзамон, тавонистам 5 фарзандро ба воя расонда, соҳиби илму касб намоям. Дастгирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дилгармии хонаводагӣ боиси пешрафти корам шуданд, - мегӯяд Умринисо Казакова.
Ҳамчунин, бонуи корозмуда солҳои 2010 - 2015 ва 2015 – 2020, ду давра вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва, ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд.
Пешаи мададгор
Умринисо Казакова соли 2010 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд. Бо ҳама ҷасорат тарс аз он дошт, ки чӣ гуна метавонад бо мардум забон ёбад. Ҳамчунин, дар ҳизбе, ки роҳбарии онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, масъулияти бештарро тақозо мекунад.
- Дар маҳалҳо ҳангоми вохӯриҳо бо мардум истеъдоди омӯзгориам ба кор омад. Вақте дар бораи сиёсати имрӯзаи кишвар, ободкорию созандагӣ, расидан ба қадри сулҳу ваҳдат ва нигоҳ доштани ин ҳама неъматҳо суҳбат меоростам, онҳо маро дарк мекарданд. Чунин усулро байни ҷавонону донишҷӯён низ дар мавриди дарсгузарӣ истифода мебарам. Мегӯям, ки шумо - ҷавонон такягоҳ доред. Ҳукумат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту нумӯи ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни давр шароит муҳайё сохтаанд. Мебояд, ба қадри заҳмати калонсолон ва гузаштагон, ки барои ободии ҷумҳурӣ ва ҳастии миллат ҷоннисорӣ намудаанд, расид. Зеро сулҳу салоҳ ва серию пурӣ осон ба миллати мо насиб нагаштаанд.
Дар аввалин сафҳаҳои таърих ин ҳарфҳоро нигоштаанд, ки вақте миллате ё давлате ба ҳадди парешонӣ мерасад, аз байни онҳо ҳатман нафаре мебарояду сарҷамъ менамояд. Ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ ва бархӯрдҳои баъди он ҳамон нафаре буд, ки мардуми парешонгаштаро ба ҳам овард, - бо ҳарорат мегӯяд бонуи рӯзгордида.
Намунаи ибрат
Айни ҳол, Умринисо Казакова раиси шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомониро ба уҳда дорад. Ӯ мегӯяд, ки дар ноҳия собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле кам мондаанд.
- Соли гузашта куҳансолтарин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 Отақул Бӯстонов дар синни 112 - солагӣ аз дунё гузашт. Феълан, дар ноҳия 4 иштирокчии ин ҷанг барҳаёт аст, ки синнашон аз 96 болост. Собиқадорон, диловарони арсаи ҷангу меҳнат намунаи ибратанд ва онҳо дар тарбияи наврасону ҷавонон нақши созанда доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар суханронии хеш таъкид мекунанд, ки таҷрибаи ғании собиқадоронро омӯзем, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Ба ин бонуи донишманд, собиқадори меҳнат Умринисо Казакова кас менигараду неру мегирад. Ба кору пайкораш қоил мемонад. Ӯ бо тафохур мегӯяд, ки ҳамнабзи ҷомеа буду ҳаст ва то қадри тавон дар беҳбуду пешрафти кишвар хидмат хоҳад кард.
аноҳито