Ҳашт-даҳ сол қабл як гурӯҳ бонувони хуталонӣ озими мавзеи Сари Хосор шудем. Шаршараи Сари Хосор. Ин ёдгории нодири табиат дар мавзеи Пушти Боғи деҳаи Муллоконии Ҷамоати Сари Хосор макони дилфиреб барои рушди соҳаи сайёҳист. Ягона мард Ҷалол Ҳалимов бо ҳамсараш ба хизмати мо- бонувон вобаста буд.
Ҳар субҳ чаҳ - чаҳи мурғакони хушилҳон моро аз хоб бедор мекард. Баъди наҳорӣ назди шаршара рафта аз тамошои гулу буттаҳои гирду вана ва шоридани оби нуқрафом лаззат мебурдем. Амаки Ҷалол тарбузу харбузаеро зери об монда, пайи омода кардани ғизои нисфирӯзӣ мешуд. Харбуза дар як вақти кӯтоҳ аз хунукии об ях мекард.
Роҳбари гурӯҳ Латофат Шарифова эълон дошт. Касе ба тори шаршара баромада, аз куҷо баромадани обро бинад, ӯро туҳфа интизор аст. Дастаи 16 - нафара аз пайи иҷрои озмун шудем. Баъзеҳо дар нисфи роҳ монданд. То баландии шаршара 6 нафар расидем. Ба гирду атроф нигариста он манзараеро, ки қалам дар васфаш оҷизӣ мекашад, тамошо кардем. Баромадан - ку душвор буд, аммо аз баландӣ ба поён фуромадан душвортар гардид. Моро тарсу воҳима фаро гирифт. Ба ҳар ҳол бо як азоб бутта ва навдаҳои дарахтонро дошта, тарсидаву ларзида ба поёни шаршара расидем. Туҳфа ҳам фаромӯш шуд, шукр мегуфтем, ки аз як санҷиши бисёр душвор гузашта, сиҳату саломат мондем.
Рӯзи дуюми сафар пагоҳӣ барвақт зани чеҳракушодае омада худро шиносонд:
- Ман раиси занҳои деҳаи Сари Хосор Ҷиғагул Азизова. Омадам, ки шуморо меҳмонӣ барам. Занҳои деҳа аз омадани шумо - бонувони фаъоли вилоят хабар ёфта, маро назди шумо фиристоданд.
Ба роҳ баромадем. Пеш - пеш амаки Ҷалол як харбуза дар дасташ роҳбаладӣ мекард. Баъди як соат роҳ гаштан, ҳама беқарор шуданд. «Кай мерасем?», «Чаро ба роҳ баромадем?», «Ҳоло ҳам дер нашудааст, биёед қафо гардем».
Муаззама Баҳромова, қаҳрашро аз амаки Ҷалол гирифтанӣ шуда:
- Дар ҳамин роҳи душвор чаро ин харбузаи вазнинро бардоштаӣ?-гуфт.
- Шунидам, ки занҳои деҳа фатирмаска карданианд, барои ҳамин харбуза гирифтам. Фатирмаска бо харбуза зеб дорад. Ватани мо, салқин аст, ҳоло харбуза напухтааст…
Ҷиғагул таклиф пеш овард. Барои роҳро кӯтоҳ кардан аз болои пуле мегузарем, ки каме ларзон аст. Бо дили хоҳаму нохоҳам аз қафои ӯ роҳ паймудем.
Ба он пули ларзонак расидем. Якум Ҷиғагул мегӯӣ парвоз мекарда бошад, пулро гузашт. Дуюм Маърифат ва Соҷида. Дигарон дар ҷоямон шох шудем. Латофат Шарифова - духтаронро дилпур мекард:
- Аз ин дида озмоиши вазнинро иҷро кардед, болои шаршара баромадед, ин як пули ларзон будааст…
Мани ҳаросон гуфтам:
- Чӣ мешавад, агар дунафарӣ якдигарро дошта ин пулро гузарем.
- Не, мумкин нест, пул вазни ду касро бардошта наметавонад,- аз он тарафи соҳили дарёча овоз дод Ҷиғагул.
Олиямоҳ шӯхӣ кард:
-Идеология аз ҳама соҳаи вазнин аст, аз уҳдааш мебароед, наход аз ҳамин пули ларзонак тарсед, - гуфта пеш даромад. То байни пул хомӯш дандон ба дандон монда қадам монд. Ногоҳ чунон бо овози баланд дод зад, ки ҳамаамон дар ҷоямон шах шудем.
Латофат Шарифова чӣ кор карданашро намедонист. Рангу рӯяш канда буд.
Дилам ба ҳоли роҳбари гурӯҳ сӯхт. Пеш даромадам. Банди дилам ларзид. Қадам мондам. пул низ алвонҷ хӯрд. Худро ба даст гирифтам. Чашмонамро сахт пӯшида пеш рафтам. То гузаштани пул фикр кардам, ки як сол гузашт. Ба замин қадам мондан баробар Олиямоҳ ба оғӯшам гирифта:
- Гулчеҳра, вақти гузаштани пул ҳама гуноҳҳоям пеши рӯ омад. Хаёле пули сирот аст. Тавбаву надомат кардам, - гуфта хандид.
-Аз он тараф бо ин роҳ намеоем, - гуфт Муаззама худ ба худ ғурунгида.
Ба рустои аҳолинишин наздик шудем. Тахминан 10 - 15 нафар бачаҳои 6 – 7 - сола моро дида садо дардоданд: «Омаданд, омаданд, меҳмонҳо омаданд»… Аз он сӯ садои дойра баланд шуд. Зани бузбалае пеш - пеш ва чор нафар дойрачии дигар аз пушт бо остинҳои васеи пар - пар «Хуш омадӣ меҳмони мо» гуфта ба кӯча баромаданд. Дар як лаҳза аҳли деҳа ҷамъ шуд. Аз дидани чашмони шуълабор, чеҳраҳои офтобхӯрда, рӯймолҳои сафеди каҷбаст, табассуми зебои бонувони кӯҳистонӣ хушҳол гашта тарсу ваҳм, пули ларзонак, мондашавиамонро фаромӯш сохта, зери навои дойра ба рақс даромадем.
- Барои чи ин қадар дер кардед? Фатирҳо хунук шуданд, аз сари нав хелиданд, ҳозир фатирмаска тайёр мешавад, - гуфтанд мизбонон.
Яке алов мемонд, дигаре ба фатирҳо мухпар мезад, сеюмӣ маскаи заб - зард меовард.
- Меҳмонҳои азиз, нӯши ҷон кунед, ташнагиатон мешиканад,- гуфта дар чанд коса дӯғ оварданд.
Бо бонувони заҳматкаши кӯҳистонӣ ду соат нишаста он қадар қиссаву ҳикоят шунидем, ки чанд китоб мешавад.
Онҳо дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ – дӯхтани куртаву ҷомаҳои нақшин, чакан, тоқӣ, шерозбофӣ, чолбандбофӣ, ресандагӣ, сабадбофӣ, ороиши гаҳвора бо дастбандаку побандак, бо муҳраҳои рангоранг оро додани бандакҳои гаҳвора, кӯрпача, қуроқдӯзӣ нақлҳо карданд. Барои харидани ин мавод ба бозор намераванд, худ медӯзанд, мебофанд, мересанд ва оро медиҳанд. Ин ҳунарҳоро ба фарзандон низ меомӯзанд.
Баъди хӯрдани фатирмаска бонуе наздам амонат нишаста оҳиста пурсид?
- Муаллимаҷон, байни шумо духтур ҳаст ё не?
-Ҳаст, чӣ буд?
- Келинам навзо аст. Чанд рӯз боз худро бад ҳис мекунад.
Ман вазъиятро ба Роҳатой Маҳмудова фаҳмондам. Роҳатой аз он зан пурсид: - Раҳ дур аст?
- Не, наздикак…
Роҳатой табассум карда:
-Ҷиғагул ҳам наздикак гуфта буд. Ба ҳар ҳол, вазифадорем ёрии худро аз бемор дареғ надорем. Ба ман нигариста:
-Дигаронро ташвиш намедиҳем. Ҳарсе назди бемор меравем,- гуфт.
Дар ҳақиқат ҳавлии он бону наздик будааст. Моро як зани ҷавони харобак, ки ҳомиладор буданаш маълум буд, пазируфта:
-Биёед, биёед, меҳмонони азиз,-гуфта болои суфаи таги тут кӯрпача андохтанӣ шуд.
-Хоҳарҷон, ташвиш накаш, беҳтараш биё ҳарду ба хона дароем, ман туро муоина мекунам, - гуфт Роҳатой.
Ман бошам амонат, лаби суфа нишастам. Хола ташвишовар гоҳ ин тарафу гоҳ он тарафи ҳавлӣ қадам мезад.
- Холаҷон, ҳамааш хуб мешавад,-гуфта хостам таскинаш диҳам, ки зан оби дида кард. Бо нӯги рӯймоли калони сафедаш ашки чашмонашро тоза карда:
-Муаллимаҷон, дар деҳа духтури занона надорем. Ман дояи ҳамин деҳа ҳастам, ҳамаи бачаҳои деҳа мома гуфта ҳурматам мекунанд. Лекин вазъияти келинам дигар аст, - гуфта гирён шуд.
Роҳатой аз хона баромада:
- Хоҳарҷон, ҳамааш хуб мешавад. Ягон 10 - 12 рӯз пас Худо хоҳад таваллуд мекунӣ. Бисёр ҳаракат кун,- ва ба хушдоман гуфт:
- Моро то хонаи маъракадор гуселонед…
- Холаҷон, вазъияти келинатон хуб нест. Кӯдак чаппа истодааст. Ӯ бояд дар назорати духтурон бошад. Фавран ба беморхона бурдан даркор аст, - гуфт табиб.
- Духтурҷон, шароити мошинёбӣ надорам, ақаллан писарам мешуд. Баъди гузарондани тӯй мардикорӣ рафт. Шавҳарам бошад даҳ сол пеш фавтид. Худоё, ба ҳама аҳли деҳа доя ҳастаму ба келини худ ёрӣ расонда наметавонам,-гуфта боз ба гиря даромад…
Ба хонаи маъракадор нарасида:
- Холаҷон, шумо пас гардед. Ашки чашмонатонро тоза кунед, келинатон фаҳмида зиқ нашавад. Мо як - ду рӯзи дигар ҳамин ҷоем, ягон бало мекунем, - гуфта холаро ором кунондем. Аммо худ дар фикр рафтам, ки чӣ тавр як бало мекарда бошем.
Латофат Шарифова бетоқат шуда, моро дар беруни дари маъракадор интизор буд.
-Чӣ шуд? Чаро табъатон хира?
Роҳатой ба муаллима вазъиятро фаҳмонд:
- Мошин ёфта беморро ба Балҷувон, беҳтараш ба ноҳияи Данғара фиристодан даркор, - гуфт Роҳатой.
Латофат Шарифова ба фикр рафт…
Аз меҳмоннавозии бонувони кӯҳистонӣ мамнун гашта бо ваъдаи дидор хайру хуш намудем…
Бегоҳӣ ҳама дар суфаи зебои кандакоришуда нишаста таассуротамонро дар бораи пули ларзонак, фатирмаскаи лазиз, занҳои ҳалиму меҳрубони кӯҳистонӣ, келин ва хушдомани меҳрубон ба якдигар навбат надода гап медодем.
Латофат Шарифова ба фикр рафта буд. Ман медонистам, ки муаллима дар бораи аз куҷо ёфтани мошин андеша меронад. Дар ҳамин вақт садои мошини боркаш деҳаро фаро гирифт. Дар дили шаб ин садо чун овози зангӯла бароямон форам буд.
Муаллима аз амаки Ҷалол хоҳиш кард:
-Рафта бинед, ин мошин аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад?
Баъди бист дақиқа амаки Ҷалол баргашта:
- «КамАЗ» аз ноҳияи Данғара ба деҳаи ҳамсоя бор овардааст. Саҳарӣ ба Данғара бармегаштааст.
Аз ин навид ҳама хурсанд шудем. Муаллима аз амаки Ҷалол илтимос кард:
- Бо ронанда маслиҳат кунед, фардо ҳамон келинро бо хушдоманаш ба беморхонаи ноҳияи Данғара бурда расонад. Маблағи роҳро медиҳем. Келину хушдоманро огоҳ созед.
Амаки Ҷалол баргашта ҳисобот дод, ки кор пухт, шофир розӣ шуд, ягон хел маблағ лозим нест. Одам фиристодам, ки тайёриашонро бинанд.
Рӯзи сеюм аз хоб хеста Латофат Шарифоваро дар изтироб дарёфтем.
-Духтарон, се нафар нест. Бо ҳамроҳии акаи Ҷалол ҳама ҷоро кофтем. Намедонам чӣ кор кунам. Қиматой, Роҳатой ва Санавбар нестанд. Дар ин макон ҳайвонҳои дарранда бисёр аст. Мабодо…
-Биёед ба кофтукови онҳо бароем.
-Не, хоҳиш мекунам, ҳама як ҷо бошем, боз шумо гум нашавед,- розӣ нашуд Латофат Шарифова.
-Биёед, духтарҳо ақаллан як пиёлагӣ чой гирем, баъд якҷоя ба кофтукоб мебароем,-гуфта Латофат Шарифова болои суфа гузашт.
Гардсӯз ва ширбиринҷ оварданд. Иштиҳо баста буд.
Ҳар пагоҳӣ ду бача аз деҳа шир ва ҷурғот меовард. Онҳо пайдо шуданд. Мо ҳама якҷоя аз онҳо пурсидем: «Мабодо - ку, ягон занеро дар роҳ надидед».
- Дидем, онҳо аспсаворӣ доштанд, –гуфтанд бачаҳо.
Аз дур ду асп намудор гашт. Дар байни ду асп марде ҷилавашонро дошта меомад. Дар як асп як зан. Ду зан болои аспи дигар ва дар дасташон чатр. Оҳи сабук кашида ба хӯрдани наҳорӣ оғозидем.
Аз амаки Ҷалол пурсидем: «Мегӯянд дар ин наздикиҳо чашмаҳои шифобахш бисёр. Метавонем он ҷо равем?».
-Албатта, метавонем, фақат 3 - 4 километр пиёда рафтан зарур меояд. Аввалин шуда Муаззама:
- Ман то омадани шумо хӯроки болаззат тайёр мекунам, ҳеҷ куҷо намеравам,-гуфт.
Ҳама хандидем. Як кас кам шуд.
-Танҳо наметарсед? - гуфта пурсон шудем.
- Аз чӣ тарсам. Дигарон аз ман тарсанд, – гуфта Муаззама шӯхӣ кард.
Амаки Ҷалол пеш - пеш мо аз қафо ба роҳ баромадем. Ба чашмае, ки дар деҳаи Пештова, наздикии хоҷагии Гулдара ҷорӣ будааст, расидем. Мардуми зиёд гирди чашма ҷамъ омада буданд. Пурсон шудем, чаро онҳо ин ҷо омадаанд. Гуфтанд, ки ин чашма «Оби гӯгирд» ном дорад ва шифобахш аст. Махсусан ба бемориҳои пӯст, дарди дасту по фоида дорад. Дар он миён чанд тан аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон буданд.
Гирди чашма нишаста, бо нияти шифо дасту рӯй шустем. Каме дам гирифта, ба назди шаршара баргаштем. Муаззама чун ҳарвақта ғизои лазизе омада намуда буд.
Амаки Ҷалол ваъда карданд, ки пагоҳ назди як чашмаи дигар меравем. Он чашмаро «Муродбахш» мегӯянд.
Рӯзи чорум омодаи сафари чашмаи «Муродбахш» шудем. Нисбат ба рӯзҳои якум қадамзаниамон осонтар шуда буд. 4 - 5 километр дуртар аз макони зистамон чашмаи дигаре буд, ки дар гирди он низ шахсони зиёде ҷамъ омада буданд.
...Шаб то саҳар борон борид. Баъди борон, мегӯянд замбурӯғ дар зери бутта ва дарахтон пайдо мешавад. Рӯзи панҷум мо ба чидани рустаниҳои шифобахш ва замбурӯғ омодагӣ гирифтем.
Рӯзи шашум ба деҳаи Дашторо рафта, чанори азими куҳансолеро дидем, ки дар вақташ дар дохили он мактаб буда, хонандагон он ҷо мехондаанд.
Дар ду тарафи роҳ тахтасангҳои зебо - муъҷизаи табиатро дидем.
Дар Мазори Лангар байни харсангҳо ҷойе ҳаст. Дилхоҳ кас барои амалӣ гаштани орзуҳояш ба тоқчаи он сангчае партояд, муродаш ҳосил мешавад. Санги на ҳар кас дар он ҷо меистад. Вақте санги Қиматой Сабурова дар тоқча истод, ҳама табрикаш карда хандидем.
Рӯзи ҳафтум бо ин диёри зебо, бо амаки Ҷалол Ҳалимов ва ҳамсари кадбонуаш хайру хуш карда, ҳар кадоме ба ноҳияҳои худ баргаштем.
Баъди сафари якҳафтаина мо бо неруи даҳчанд ба кор часпидем. Баъди 10 рӯз маҷлиси вилоят доир шуд. Онҳое, ки дар Балҷувон будем, то сар шудани ҷаласа дар гӯшае ҷамъ омада, суҳбат доштем. Аз Маърифат Зоирзода - муовини раиси Балҷувон дар бораи ину он пурсон шудем. Ногоҳ Муаззама дер карда омад ва:
-Духтарон, ҳама сиҳату саломат ҳастед? Маърифат, вазъияти хушдоману келин, акаи Ҷалолу ҳамсараш чӣ хел аст? - гуфта пурсид.
- Келин сиҳату саломат, писарча зоид, акаи Ҷалол бо ҳамсараш хуб аст, - чун ҳарвақта оромона ва ҷиддӣ гуфт Маърифат.
Соли равон сафари Балҷувон доштам. Дастовардҳои замони навин - Истиқлолияти давлатиро бо чашм дидам: рушди деҳаҳо, роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон - Ховалинг, дарвозаи ноҳия, қалъаи Мир, маркази савдо ва хизматрасонӣ, гулгашт, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона барои 100 нафар, толори варзиш, тарабхонаи «Насими Балҷувон», корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант», корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, меҳмонхона ва дигар иншоотҳо гӯё бари дар бар қомат афрошта буданд. Аз дидани ин ҳама шуълаи ифтихор аз Ватану ватандорӣ дар замири дилам аланга зад.
Он гулу гиёҳ, он обу ҳаво, он буттаву дарахт, қақраи кабкони дарӣ, чаҳ - чаҳи мурғони хушилҳон, шир - шири обҳои ширину мусаффои чашмасорон, нурҳои дурахшони бирешимвори хуршеди тобон, меваҳои ширини дарахтон, нонҳои хушбӯи гандумӣ, шакароби аз дӯғи навкашида ва нугули аз гашниз, шибит, пудина, райҳон, нозбӯ, себарга ва мурчу қаланфур кӯфташударо бояд муаррифӣ карда тавонем. Хонанда ҳоло он мавзеъро надида ошиқи он диёр шавад.
Он рӯз дур нест, ки ҷавонмардони ба ору номус ва меҳандӯсти тоҷик даст ба даст мулки худро обод месозанд. Аз гӯшаҳои дурдасти олам дунёгардон, саёҳатчиён ба Тоҷикистони зебои мо омада, аз зебоиҳои диёри мо баҳра мебаранд ва ангушти ҳайрат мегазанду таассуроти хуши худро ба хонаҳояшон бурда то ба чанд солу маҳ қисса мекунанд.
Гулчеҳра Муҳаммадиева