Бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити муносиб барои ба таври васеъ кашф намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва дар таъмини рушди устувори ҷомеа мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, таҳти №269 тасдиқ гардид.
- Ин ҳуҷҷати муҳим боз ҳам ба хотири дастгирии бонувон ва фаъолияти онҳо дар рушду пешрафти ҷомеаи кунунӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва қабул шудааст. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020 ба ҳалли мушкилоти дарки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкориҳои тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой доштани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардидааст. Ин аст, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва татбиқ намудани он Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста шудааст, - иброз дошт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Чанде пеш таҳти унвони «Стратегияи фаъолгардонии нақши занон -омили рушди имконият» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар он ҷамъбасти 10 - солаи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020 дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, дигар сохторҳо ва таҳияи лоиҳаи нави стратегияи мазкур барои солҳои 2021 -2030 баррасӣ гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода дар ин конфронс баён дошт, ки воқеан ҳам нақши занон дар раванди идораи давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле арзишманду муассир буда, аз ин хотир масъалаҳои дастгирии иҷтимоии занон, хусусан бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
- Омӯзиш ва таълими ҳунарҳои мардумӣ бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба таври васеъ роҳандозӣ шудааст. Дар соли 2020 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 14 ҳазору 300 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб шуданд. Дар баробари бо мақсади дастгирии молиявии шаҳрвандон барои машғул шудан ба касбу корҳои мардумӣ ба 845 нафар ба ҳаҷми 2 миллиону 764 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзноки бефоиз пардохт шуд. Ин иқдом барои бо кор таъмин гардидан ва ба некуаҳволии зиндагиашон мусоидат хоҳад намуд, - гуфт зимни суханрониаш Ширин Амонзода.
Ализода Нигина, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили қонунгузорӣ вобаста ба ҳуқуқҳои занон дар ҷумҳурӣ чунин гуфт:
- Соҳибистиқлолӣ барои бонувон муҳиту имконияти худмуаррифиро фароҳам овард. Онҳо дарк намуданд, ки ҳамчун неруи бузурги созанда метавонанд саҳми худро дар таҳкиму бунёди пояҳои давлатдорӣ гузоранд. Соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсии давлатӣ қабул гардид. Ин санад қолабҳои куҳнаи шахшударо, ки монеи фаъолияти бонувон дар раванди давлатдорӣ мешуданд, шикаст.
Вобаста ба самти такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқҳои занон дар иртибот ба супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи корӣ оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба бартараф сохтани қолабҳои гендерӣ, баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд. Ба як қатор кодексу қонунҳо, аз ҷумла ба Кодекси меҳнати ҶТ, Кодекси тандурустии ҶТ, Кодекси оилаи ҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Ба гуфтаи мавсуф, алҳол дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ аз 97 хизматчии давлатӣ 37 нафар бонувон мебошанд, ки 6 нафараш дар мансабҳои роҳбарикунандааст. Дар идораҳои нотариалии ҷумҳурӣ 132 нотариус фаъолият менамояд, аз ин 38 нотариус аз ҳисоби занон буда, 11 зан ҳамчун роҳбар кор мекунад.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ дар ҷараёни суханрониаш аз фаъолияти пурсамари бонувон дар соҳаи маориф чунин иброз дошт:
- Имрӯз дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 911 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъол аст, ки дар онҳо 130 ҳазору 465 нафар омӯзгор кор мекунад. Аз ин шумор 77 ҳазору 407 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Сол аз сол шумораи омӯзгорзанон дар соҳаи маориф меафзояд, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа дарак медиҳад. Дар соҳаи маориф аз ҳисоби занон профессорон, номзадҳои илм, дотсентҳо ва онҳое, ки ба соҳаи илм машғуланд, меафзоянд.
Дар бораи фаъолияти бонувон дар соҳаи тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода гуфт:
- Кормандони соҳа дар муассисаҳои зертобеи вазорат 74 ҳазору 852 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин шумор 54 ҳазору 668 нафар бонувонанд. Хушбахтона, аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол аз сол афзудан дорад. Аз шумораи умумии 652 нафар кадри роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 36 дарсадро бонувон ташкил менамоянд.
Масъалаи ҳифз ва солимии зан ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, яке аз ҳадафҳои рушди устувор ба шумор меравад. Имрӯз барои занон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва бонувон метавонанд аз ин имкониятҳо васеъ истифода намоянд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО