03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ ИҚДОМҲОИ ВАЗИРБОНУ

 

     Ширин Амонзода бо корҷӯёни шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир намуд

  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо корҷӯёни (бошандагони мардикорбозор) шаҳри Бохтари вилояти Хатлон суҳбати озоду самимӣ доир намуд.

    3.2jpg Зимни суҳбат бо корҷӯёни шаҳри Бохтар Ширин Амонзода пешниҳод намуд, ки барои соҳибтахассус ва бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардидани онҳо, бояд ба курсҳои касбомӯзӣ, махсусан гурӯҳи занон ба курсҳои қаннодӣ, бофандагӣ, дўзандагӣ, ороиши мўю рӯй ва омоданамоии таъомҳои миллӣ љалб карда шаванд. Дар курсњои бозомўзї ҳафтае се рўз аз љониби мутахассисон омўзиш гузаронида мешавад.

     Иқдоми мазкурро корҷӯёни шаҳри Бохтар ба хуши истиқбол намуда, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон вазифадор гардид, ки рӯйхати корҷӯёнро омода намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат курсҳои омӯзишии мазкур ба роҳ монда шавад.

     Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба сардори Раёсати меҳнат ва шуғлӣ дар вилояти Бохтар супориш доданд, ки ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани корҷӯён, махсусан занҳо тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда, хоҳишмандонро тибқи рӯйхат дар марказҳои касбомӯзии калонсолон ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта, давра ба давра бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани корҷӯён чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

  Ширин Амонзода дар мактаб – интернати ноњияи Ќубодиён

     Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз ҳолу аҳволи тарбиятгирандагони мактаб - интернати ноҳияи Қубодиён аз наздик ошно шуда, бо онҳо суҳбати озод намуд.

Дар муассисаи мазкур 420 нафар хонанда таҳсил дошта, пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи мазкур кӯмакҳои молию моддӣ расонида мешавад.

      Ширин Амонзода бо Олег Гучгелдиев мулоқот намуд

     Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии озуқа ва кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев мулоқот намуд.

     Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ”, маҷмӯи барномаҳои таълимӣ дар марказҳои омӯзишии калонсолон дар самтҳои менеҷмент, муҳосибот, банақшагирӣ, фароҳам овардани имкониятҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои истеҳсол ва таъмини бозори дохилӣ бо маводҳои аълосифати озуқаворӣ ва ташкили ҷойҳои нави кориро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни мулоқоти мазкур тақвияти ҳамкориҳои муштаракро дар давраи пандемия ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва таъмини бозори дохилӣ бо маводҳои озуқавории аълосифат муҳокима намуданд.

 Ширин Амонзода бо Мулугета Зевди Мамо мулоқот намуд

     Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Роҳбари Намояндагии идораи Комиссари Олии СММ оид ба масъалаи гурезагон (UNHCR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди Мамо   мулоқот намуд.

   Ҷонибҳо ҷиҳати тавсияи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳоҷират, таҳсилоти касбӣ, расонидани кӯмаки машваратӣ-ҳуқуқӣ ва дастгирии молиявии қишри осебпазири кишвар, алалхусус, гурезагону паноҳандагон, изҳори назар намуданд.

   Ширин Амонзода вобаста ба лоиҳаҳои амалишудаи муштарак оид ба ҳимояи кӯдакон дар раванди муҳоҷират ёдовар шуда, махсусан роҷеъ ба ҳодисаҳои таҳдиди бешаҳрвандӣ ба кӯдакони гурезагон ва паноҳандагон бо мусоидати Комиссари Олии СММ ва ЮНИСЕФ ба онҳо шаҳодантномаи таваллуд дода шуд, ёдоварӣ намуда, ҳамкориҳои муштаракро дар самти мусоидати таълими калонсолон ва касбомўзии шаҳрвандони бекор муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

     Тарафҳо оид ба масъалаи рушди марказҳои касбомӯзии калонсолон таваҷҷуҳи бештар намуда, масъалаи татбиқи як қатор барномаҳои муосир, ҷорӣ намудани шуғлҳои таълимии муосир ва истифодаи барномаҳои фосилавиро барои азхуднамоии талаботҳо ва касбҳои бозори меҳнат дар давраи пандемия дар марказҳои омӯзишии калонсолон муҳим ва зарур донистанд.

     Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи касбомӯзии гурезагону паноҳҷӯён дар марказҳои омӯзишии калонсолон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода, густариши ҳамкориҳои муштаракро дар самти муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, паноҳҷӯён, гурезагон ва оилаҳои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

 МАШВАРАТИ КОРИИ ВАЗИР БО РОҲБАРИЯТ ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

      314  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия ба таври фосилавӣ машварати корӣ анҷом доданд.

       Зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар давраи пандемия, ҳалли саривақтии муҳоҷират ва мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ барои мусоидат ва кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин тақвияти корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

       Ба роҳбарият ва кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои самаранок ва чоннок намудани фаъолият дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Россия машварат дода шуд. Зимнан, батакрор тариқи намояндагии вазорат иттилоотонии саривақтии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия муқаррароти фармони Президенти Федератсияи Россия роҷеъ ба тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то санаи 15 декабри соли 2020 дар мақомоти марбутаи Федератсияи Россия дастурҳои мушаххас дода шуд.

 Мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари Созмони байналмилали муҳоҷират

         Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Кристина Транка   мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои шартномаи глобалӣ оид ба муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, чорабиниҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ, хусусан дар миёни ҷомеаи осебпазир, баррасии кӯмакҳои осебпазир, мушкилот дар таҳияи сиёсати муҳоҷират дар минтақа ва ҷаҳон, ҷудо намудани грантҳои хурд ба муҳоҷирони баватанбаргашта, таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирон, баланд бардоштани иқтидор ва тахассуси мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ҳаллӣ масъалаҳои муҳоҷирати гендерӣ, тағийри иқлим ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути тадқиқотҳо оид ба интегратсияи муҳоҷират дар Тоҷикистон мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт.

         Роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити корӣ ва мусоидат ба ҳаллӣ масъалаҳои муҳоҷирон дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки баррасии масъалаҳои муҳоҷирон ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва обектҳои муайяни мусоидаткунанда дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон – намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии              Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа, диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар давлатҳои хориҷа нишонаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Бардошти фаъоли ҷамъиятӣ, муҳоҷири меҳнатӣ Ҷони Сафарзода аз сӯҳбат бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

    313   БИДУНИ ЧОПЛУСӢ...

   Чандин борҳо барои суҳбат аз тарафи Вазири меҳнат ва муҳоҷират Ширин Амонова даъват шуда будем. Ман рузи истироҳати занг задаму хостам вақти вохӯриро муаян кунам, яъне имрӯз ё рӯзи сешанбе. Аммо гуфтанд, ки метавонед ҳатто имрӯз, агар дар Душанбе бошед, биеёд. Ва соати 16 моро қабул карданд.

     Дар симои ӯ ман Вазир ё мансабдореро эҳсос накардам. Ҳамчун хоҳар, зан ва модаре диле пур аз раҳмеро эҳсос кардам. Ва ҳамин буд, ки суҳбати мо 3 соат зиёд кашиду ҳатто рафтани ин қадар вақтро эҳсос накардем.

     Агар ин ҳама ақидаҳову идеяҳое, ки дар ин нафар дидаам, рост бошаду дар оянда роҳи ҳали худро ёбад, бо боварии том гуфта метавонам, ки муҳоҷир соҳиби худро ёфт.

     Хоксору бо фарҳанг буд ва бениҳоят адабиётшиноси хуб ҳам дида мешуд.

   Ҳанӯз ҳам баҳо додан шояд барвақт бошад, аммо соле, ки меояд аз баҳораш маълум аст.

:.  Сиёсат 29.12.2020 09:02 916

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz