Ҳилолбӣ Ќурбонзода:
«Вазифа як навъ санҷиш аст»
МусоҲибаи ихтисосии «Бонувони Тољикистон» бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ЉумҲурии Тољикистон Ҳилолбӣ Ќурбонзода
- Корро ба Ҳайси роҲбари навтаъйини кумита аз рӯи кадом наќшаҲои мушаххас шурӯъ намудед?
- Сарфи назар аз он ки таљрибаи корро ба Ҳайси муовин ва муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ЉумҲурии Тољикистон доштам ва дар Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии љумҲурӣ Ҳам сарпарастии ин ниҲод бар зимаам вогузор буд, боз Ҳам иќрор бояд шавам, ки Ҳанӯз корҲои нобасомон дар соҳа зиёданд ва баҲри бартарафсозии он тадбирҲо андешида мешаванд.
Маќсади аслӣ, ќабл аз Ҳама, баланд бардоштани мавќеи зан дар љомеа буду Ҳаст. Ҳадаф, муаррифии бонувоне, ки фаъолияти шоиста доранд. Тавониста бошем дар Ҳалли масоили марбут ба зиндагии бонувон мусоидат намоем ва мушкилоти љойдоштаро аз байн бубарем. Бурду бохтҲои соҲаро мавриди таҲлилу омӯзиши амиќ ќарор дода, барои натиљаҲои хуб дар Ҳамкорӣ бо тамоми сохторҲо бикӯшем. Иљрои салоҲиятҲое, ки дар амри Ҳалли масъалаҲои љойдошта бар дӯши Кумитаи кор бо занон ва оила вогузор шудааст, дар танҲоӣ ғайриимкон аст. Мо фаќат дар Ҳамкорӣ ва Ҳамгироӣ бо сохторҲои давлативу љамъиятӣ метавонем муваффаќ шавем.
Дар баробари дастовардҲо, аз љумла дар сохтори давлатӣ зиёд шудани теъдоди занон, афзудани сафи бонувон дар маќомҲои роҲбарӣ, як идда мушкилиҲое Ҳам дорем, ки онҲоро бояд Ҳаллу фасл намоем.
- Ҳадафноктарин коре, ки дар ин сол чун раиси кумита барои бонувон анљом додед, кадом аст?
- Мутаассифона, фаъолияти мо дар давраи бисёр Ҳассоси пандемияи коронавирус рост омад, ки љомеаи љаҲонро такон додааст. Ин давра давраи бисёр мураккабу душвор буд. Сояи беморӣ тарҲҲои зиёди кориро барҲам зад, лоиҲаҲои хубе доштем, ки натавонистем онҲоро амалӣ созем. Новобаста ба беморӣ, дар ин давра аз мардум дур набудем. ГуруҲҲои корӣ аз Ҳисоби кормандон ва зерсохторҲо таъсис дода, вобаста ба пешгирии бемории сироятӣ ва пешбурди тарзи Ҳаёти солим бо усули фардии «хона ба хона» дар тамоми шаҲру навоҲии кишвар суҲбатҲои инфиродӣ анљом додем. Бо теъдоди 5000 нусха буклет оид ба пешгирии паҲншавии бемории сироятии коронавирус таҲия ва миёни мардум паҲн намудем.
Наќша доштам ба Ҳайси роҲбар дар гӯшаву канори љумҲурӣ суҲбату мулоќотҲо анљом диҲам. Ба ќадри имкон дар шаҲру навоҲии Кушониён, Ховалинг, Данғара, Темурмалик, Балљувон, Ҳисор, Турсунзода, Варзоб ин ҲамоишҲо доир шуданд. Бисёр мехостам дар ин суҲбатҲо бонувони собиќадору шинохтаи љумҲурӣ, ки мардум дӯсташон медоранд, ҲамроҲамон бошанд, мутаассифона…
Ба мардуми Ховалинг ваъда додам, ки Ҳатман бо баробари ба эътидол омадани вазъият вохӯриҲоро бо собиќадорони меҲнат, аҲли фарҲангу Ҳунар, ки мардум бисёр пазмонашон шуданд, доир менамоем.
МаҲз дар Ҳамин давраи душвор тавонистем бо дастгирии шарикони рушд фаъолияти Маркази дастгирӣ оид ба масъалаҲои гендерӣ ва пешгирии зӯровариро, ки аз соли 2018 дар назди кумита амал мекард, шабонарӯзӣ намоем. ОнҲое, ки ниёз ба ёрии равониву Ҳуќуќӣ доштанд, бевосита ё ба воситаи телефон бо марказ дар иртиботи доимӣ ќарор гирифтанд. Давоми 9 моҲи соли равон танҲо тариќи марказ 1243 нафар оид ба масъалаҲои гуногун мурољиат намуданд.
- Мушкили аслии Ҳаёти занон, ки Шуморо азият медиҲад, кадом аст?
- Аз Ҳама беш ин мушкилӣ пошхӯрии оилаҲост, ки маро ором намегузорад. Вайроншавии оилаҲо аз падидаҲои манфии љомеа аст, ки мушкилиҲои дигарро ба дунбол дорад. Ин пеш аз Ҳама, аз тарбия дур мондани кӯдакон, тарбияи яктарафа, бесарпаноҲ мондани зан бо фарзандон, мушкили иќтисодӣ, масъалаи бозомӯзии занони бекору таҲсилнодида…
Гарчанде аз рӯи омори нуҲмоҲа нишондиҲандаи талоќ дар муќоиса ба Ҳами давраи соли гузашта 1444 адад кам шуда бошад Ҳам, ин Ҳанӯз ќонеъкунанда нест.
Зӯроварӣ дар оила, даст ба худсӯзиву худкушӣ задани бонувон аз масъалаҲои дигари доғи рӯз аст, ки дар аксар маврид ин ҲолатҲо Ҳам ба масъалаҲои оилавайрониву талоќ иртибот доранд.
- Барои паст шудани шиддати омори талоќ чӣ бояд кард ва оё ваќти он нест, ки сари ин мавзӯъ барнома ё стратегияи махсуси давлатӣ ба тасвиб бирасад?
- Маќсади аслии давлату Ҳукумати кишвар бунёди љомеаи солим аст, ки аз оилаи солим ибтидо мегирад. Ба Ҳамин хотир, Ҳадафи аслии мо Ҳам коҲиш додани омори талоќ ва ба ин васила зиёд намудани сафи оилаҲои солиму намунавӣ дар љомеа аст. Президенти ЉумҲурии Тољикистон муҲтарам Эмомалӣ РаҲмон зимни маросими савгандёдкунӣ, махсус зикр намуданд, ки яке аз нуктаҲои муҲими сиёсати пешгирифтаашон дастгирии занону духтарон аст. Он рӯз пешниҲод карданд, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии наќши занон барои солҲои 2021 - 2030» таҲия ва тасдиќ карда шавад ва яке аз самтҲои муҲими ин Ҳуљљати арзишманд таҲкими оилаи солим маҲсуб меёбад.
Ҳамчунин, кумита муваззаф шудааст, ки Барномаи давлатии «Рушди оила дар ЉумҲурии Тољикистон» - ро омода созад. Ҳадафи аслии барномаи мазкур мустаҲкам намудани арзишҲои хонаводагист.
- Барои роҲ ёфтани бештари бонувон ба вазифаҲои роҲбарикунанда кумита кадом наќшаҲоро роҲандозӣ намуд?
- Дар доираи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрҲои роҲбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва дигар барномаҲои давлативу соҲавӣ ва стратегияҲо Ҳамасола кумита курсҲои омӯзишии «Занони сарвар» - ро доир менамояд ва дар баробари ин барои љавонон «Мактаби сарварони љавон» - ро созмон додааст, ки 50 нафар љавондухтарони фаъол тӯли 6 моҲ бо раҲнамоии бонувони таљрибадор аз нозукиҲои мавзӯю малакаҲои роҲбарӣ огоҲ мегардад. Имсол бо иќдоми тоза ва фарогирии бештар чунин давраҲои омӯзиширо дар шаҲру ноҲияҲо анљом додем. Исму насаби духтарону заноне, ки ин давраҲои омӯзиширо мегузаранд, ба рӯйхати захираҲои кадрии кумита ворид карда мешаванд ва оянда онҲо бо назардошти лаёќату малака метавонанд ба вазифаҲои роҲбарӣ пешниҲод гарданд.
- КиҲо соли равон аз захираҲои кадрии кумита ба мансаби роҲбарӣ расиданд?
- Ҳамаи занони фаъолу донишманд дар рӯйхати захираи кадрии ДастгоҲи иљроияи Президенти ЉумҲурии Тољикистон ва кумита сабти ном Ҳастанд. Имсол Ҳам буданд бонувоне, ки маҲз аз ин рӯйхат ба маќомҲои роҲбарӣ расиданд. Масалан, се муовини Раиси Кумита ва бонувони кордон Лутфия Шарифзода ба Ҳайси раиси ноҲияи Муъминобод, Ҳусния Раљабзода раиси яке аз дурдасттарин ноҲияҲои Тољикистон - Мурғоб таъйин гардиданд.
- Дар хусуси грантҲои президентӣ, то чӣ Ҳад аз шаффофияти дастрасӣ ба он ќаноатмандед?
- Бонувони хоҲишманд хеле зиёд буданд. Дар умум, 309 лоиҲа пешниҲод гардид, ки ҲуљљатҲоро як ба як омӯхтам ва ба Ҳайати комиссия Ҳам супориш шуд, ки танҲо пас аз санљишу омӯзиши мӯшикофона тасмимгирӣ кунанд. Авлавият ба бонувоне дода шуд, ки фаъолиятро нав дар самти истеҲсолот шурӯъ мекунанд. Бонувонро аз оилаҲои камбизоат, маъюбон ва модарони танҲо бештар дастгирӣ кардем.
Имсол низ чун солҲои ќаблӣ 80 нафар занон ба маблағи аз 10 то 40 Ҳазор сомонӣ соҲиби гранти Президентӣ гардиданд. Маблағи солонаи грантҲо дар умум 2 миллион сомониро ташкил медиҲад.
Аз миёни лоиҲаҲои пешниҲодгардида лоиҲаҲои истеҲсоли равғани ангат дар минтаќаи Рашт, матои ќадимаи гулбаст бо технологияи нав аз вилояти Хатлон, таъсиси корхонаҲои дӯзандагӣ, Ҳунармандӣ, хољагиҲои занбӯриасалпарварӣ дар шаҲру навоҲии кишвар љолиб буданд.
Дар хусуси грантҲои президентӣ Ҳаминро бояд зикр намоям, ки барнома барои 5 сол пешбинӣ шуда буд. Ин соли охири амалисозӣ маҲсуб меёфт. Дар 5 сол 10 миллион сомонӣ барои идомаи фаъолияти истеҲсоливу соҲибкорӣ ба 400 бону дастрас гардид. Дар натиља 4 Ҳазор занон ба љойҲои кории доимӣ, мавсимӣ ва курсҲои касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
- Аз бонувони фаъол исми киҲоро метавон овард, ки фардо чун роҲбар тавонанд ба халќу Ватан хизмат намоянд?
- Бонувони фаъолу ояндадор хеле зиёд дорем. Фаъолнокӣ аз худи зан вобаста аст. МуҲимаш натарсида, дар Ҳар соҲае, ки фаъолият доранд, сидќан аз таҲти дил кор гиранд. Дар ин сурат онҲоро медонанд, мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҳар бонуе, ки имрӯз роҲбар аст, аз рӯи кӯшишу ғайраташ шинохта шудааст. Пеш аз Ҳама албатта, РоҲбари ДастгоҲи иљроияи Президенти ЉумҲурии Тољикистон Озода РаҲмон, ки ифтихори кулли бонувон аст. Бонувони сиёсатмадору донишманд Хайринисо Юсуфӣ, Махфират Хидирзода ва занону бонувони парлумони кишвар аз чеҲраҲои шинохтаи љумҲурӣ мебошанд, ки дар вазифаҲои баланди давлатӣ фаъолият доранд. Вазири фарҲанги ЉумҲурии Тољикистон Зулфия Давлатзода аз дастпарварони Кумитаи кор бо занон ва оилаи љумҲурист, ки ба ин маќоми баланд сазовор гашт. Вазири навтаъйини Вазорати меҲнат, муҲољират ва шуғли иљтимоӣ Ширин Амонзода нафарест, ки аз сохтори поёнӣ тавонист зина ба зина ба камол бирасад. Чунин мисолҲо зиёданд.
- Муовин, муовини аввали раис дар Кумитаи кор бо занон ва оила, вакил дар парлумон, раиси шаҲри Норак ва масъулияти имрӯза, дар кадом вазифа худро роҲат эҲсос мекардед?
- Барои нафаре, ки кор кардан мехоҲад ва сидќан ба он омодааст, ягон вазифа душворӣ надорад. Вазифа як навъ санљиш аст. Зан - роҲбар бояд аввал барои боло бардоштани обрӯву нуфузи Зан - Модар талош варзад. Мо - бонувон исботгари он бошем, ки зан метавонад рисолати роҲбариву Ҳамсариву модариро дар як сатҲ болову воло анљом диҲад. РоҲу рӯзгори мо чун намунаи беҲтарини ибрат барои дигарон бошад. Пеш аз Ҳама, ба тарбияву дониши фарзандон аҲамияти љиддӣ бидиҲем. Шукрона кунем, ки дар фазои орому осудаи Ватан зиндагии шоистае насибамон гаштааст.
Ҳар пагоҲӣ корро аз хондани рӯзномаҲо ва саҲифаҲои интернет шурӯъ мекунам. Кумита сомонаи махсуси худро дорад ва тамоми чорабиниҲои дар минтаќаҲову марказ амалишуда тавассути интернет ба шакли густурда пешниҲоди омма мегардад. Ба Ҳайси як роҲбар орзу дорам, ки бештар ба мардум хабарҲои хуш расонем, мунодии пешрафту ободӣ бошем.
- Ташаккур!
Гулноза БОБОМУРОДОВА