Интихобот ва рушди ҷомеа
Мусоҳибаи «Бонувони Тоҷикистон» бо Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Институти президентї њамчун институти сиёсию њуќуќї решањои амиќи таърихї дошта, дар давру замонњои гуногун вобаста ба хусусияти низоми сиёсии давлатњо, анъанањои давлатдорї ва фарњанги мављудаи сиёсї бо шаклу усулњои гуногун фаъолият намудааст. Дар замони муосир он яке аз василањои муњими идоракунии давлатї эътироф гардидааст. Аз ин рў, вобаста ба моњияти муосири институти президентї мехостем нуќтаи назари ШУМОРО БИФАЊМЕМ...
- Низоми идоракунї дар њар як кишвар вобаста ба хусусиятњои сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фарњангии он зарфиятњои худро дошта, дар робита ба анъана ва фарњанги ташаккулёфтаи давлатдорї, муносибатњои мављудаи сиёсї ва низоми арзишии умумипазируфта шакли муайяни идоракунї рушд мекунад. Њамзамон бо ин, таљрибаи байналмилалии идоракунї аз он шањодат медињад, ки марњилањои муайяни таърихї метавонанд боиси таъсиси нињодњои нави идоракунї гашта, шакли идоракунии давлатиро моњиятан дигаргун намоянд
Таљрибаи байналмилалї дар бораи зарурати фаъолияти институти президентї дар системањои гуногуни давлатдорї шањодат медињад. Дар фарќият аз дигар мансабњои олии роњбарикунанда мањз президент соњиби маќом, ваколат ва масъулияти хосса мебошад. Ба њар як шакли идоракунии давлатї шакли муайяни президентї хос мебошад. Барои устуворгардонии он дар системаи сиёсї, пеш аз њама, заминаи устувори конститутсионї ва дастгирии васеи њокимияти президентї зарур мебошад.
Институти президентї ин нињоди расмии давлатиест, ки онро зарурати таърихї, иљтимоию фарњангї ва сиёсї ба миён оварда, дар раванди ташаккули он арзишњо, анъанаву одатњои давлатдорї, фарњанги идоракунї, таљрибаи таърихии давлатдорї ва воќеияти муосири сиёсї таъсири худро расондаанд. Мањз њамин нишондињандањо моњияти институтсионалии идоракунии президентиро њамчун нињоди иљтимої асоснок мекунанд.
- Имрўзњо дар доирањои коршиносон вобаста ба љанбањои интихобот фикру аќидањо гуногунанд. Маънидод ва асосноккунии интихобот њамчун институти сиёсї, њуќуќї, иљтимої ва таърихї нишонаи хусусияти фарогир доштани он мебошад. Фикри Шумо дар бораи асосњои њуќуќии ин раванди муњим дар Тољикистон...
- Интихобот њамчун механизми таъмини мардумсолорї ва эътирофи њалќ њамчун сарчашмаи ягонаи њокимият ифодакунандаи иродаи сиёсии њокимият љињати таъмини њуќуќњои интихоботии шањрвандон мебошад.
Интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон њамчун маъракаи муњими сиёсї дар чањорчўбаи Конститутсия ва ќонунгузории интихоботии кишвар танзим карда мешавад. Бо маќсади танзими ќонунии ин раванд Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон» аз соли 1994 ќабул гардид. Тайи ин солњо ба он чор маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шудаанд.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун механизми ташаккули институти президентӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ, ки дар ҳафт сол як маротиба баргузор мешавад, амалӣ мегардад.
Тартиби баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим медароранд.
Синни интихоб кардан дар интихоботи президентӣ аз 18 - солагӣ ва синни интихоб шудан аз 30 - солагӣ муқаррар шудааст.
Шаҳрвандоне, ки то рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни 18 расидаанд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробар ва ихтиёрӣ амалӣ мегардад.
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад». Принсипҳои ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустаким ва овоздиҳии пинҳонӣ ба қатори принсипҳои калидии интихоботӣ шомил мешаванд, ки ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Ин принсипҳо имконият медиҳанд, ки ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон бе ягон табъизу зӯроварӣ амалӣ карда шаванд.
- Истиқлолият ба тақвияти мавқеи занон дар раванди интихобот ҳам мусоидат намуд. Вобаста ба нақши занон дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед?
-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали оғози раванди интихобот ва ҳатто дар марҳилаҳои омодагӣ ба он ба масъалаи фаъолгардонии занон дар раванди интихобот диққати ҷиддӣ медод. Бо ин мақсад дар раванди интихобот фаъолияти муштарак бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Дар доираи ҳамкории мазкур бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» ва «Хуршед» семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Ҳуқуқи интихоботӣ – василаи татбиқи сиёсати гендерӣ», «Зан ва интихобот» ва «Фаъолнокӣ дар интихобот – нишонаи камолоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ» гузаронда шуда, маводи иттилоотӣ дар шакли варақа ва буклетҳо дар ҳаҷми зиёда аз 50 ҳазор нусха чоп ва тақсим гардид. Варақаҳои мазкур тариқи саҳифаи фейсбукии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ низ паҳн карда шуданд.
Бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар интихобот ба ҷалби онҳо дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ҳайати КМИР 28,5 %, комиссияҳои ҳавзавии интихобот 44,8 % ва комиссияҳои участкавии интихобот 42 % занон шомил гардидаанд, ки ин нишондиҳандаи назаррас дар самти иштироки фаъоли занон дар интихобот мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида ин нишондиҳанда то 60 дарсад ҳам мерасад.
-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ фаъолиятҳоеро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифт, ки онҳо бори нахуст дар маъракаи интихоботӣ таҷриба карда шуданд?
- Ҳар як маъракаи интихобот худ имконияти мусоид баҳри дарёфт ва истифодаи роҳу усулҳои ҷадиди таъсиррасон ба рафтори электоралӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон бо ин, рушди технология ва фановариҳои нав, технологияҳои ҷадиди маркетингӣ ва интихоботӣ имкон медиҳанд, ки раванди интихобот барои интихобкунанда ҷолиб бошад. Бо назардошти ин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ амалҳоеро рӯи даст гирифт, ки онҳо дар таҷрибаи интихоботҳои мо бори нахуст амалӣ карда мешуданд.
Якум, бо мақсади боло бурдани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии интихобкунандагони ҷавон, дар ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар «Гӯшаи интихобкунандаи ҷавон» ташкил карда шуд, ки дар онҳо маводи зиёди иттилоотӣ оид ба раванди ташкили интихобот ҷой дода шуда буданд.
Дуюм, маҳз дар интихоботҳои соли 2020, яъне 1 март дар интихоботи парлумонӣ ва дар моҳи октябр дар интихоботи президентӣ огоҳкунии интихобкунандагон тавассути SMS – паёмакҳо ба роҳ монда шуданд, ки ин василаи ҷадиди огоҳкунии интихобкунандагон дар бораи рӯз ва соати баргузории интихобот мебошад.
Сеюм, агар дар интихоботи парлумонӣ бори нахуст замимаи мобилии «Интихоботи парлумонӣ - 2020» таҳия шуда бошад, замимаи дигари мобилӣ «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020», ки хусусияти иттилоотӣ дорад, таҳия шуд.
Чорум, дар интихоботи навбатии президентӣ аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, саҳифаи алоҳида - «Интихоботи Президенти Тоҷикистон - 2020» - ро кушодем, ки дар давоми ду моҳи раванди интихобот зиёда аз миллион нафар аз он дидан намуданду маводи онро байни худ равон карданд.
Панҷум, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бори нахуст зиёда аз 120 нафар коршиноси масоили интихоботро дар маҳалҳо низ омода намуд, ки онҳо баҳри пешбурди кор дар маҳал мусоидат намуданд.
Инчунин, бори нахуст КМИР Дастурамал дар бораи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди интихоботро тасдиқ намуд, ки мақсад аз қабули он ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди интихобот мебошад. Ин амал шаффофият ва ошкоро гузаштани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳад.
-Нақши интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди ояндаи кишвар чӣ гуна маънидод мекунед?
- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, бори дигар нишон дод, ки мардуми Тоҷикистон нисбати тақдири давлати худ ҳаргиз бетараф нестанд ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ бо фаъолнокии баланди сиёсӣ дар интихоби сарвари арзандаи худ иштирок намуданд. Ин худ беҳтарин омили таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагӣ мебошад, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро баръало нишон дод.
Гулноза БОБОМУРОДОВА