Эмомалӣ Раҳмонро
дунё эътироф кардааст
Мусоҳибаи махсуси «Бонувони Тоҷикистон» бо Амиршо Миралиев
- Овони бачагиатон чӣ гуна сипарӣ шудааст?
- Мисли дигар бачаҳои солҳои баъдиҷангӣ (Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, «БТ»). Агар манзури шумо мухтасари шарҳи ҳолам бошад, пас бояд зикр кард, ки 20 - уми декабри соли 1946 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара таваллуд шудаам.
Фаъолияти меҳнатиамро соли 1964 дар «Ремстройпрорабство» - и ноҳияи Данғара оғоз намуда, солҳои 1965 - 1970 донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон будам. Солҳои 1970 - 1972 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун лейтенанти калон ба сифати қумондони взводи тирандозӣ дар кишвари Приморйе адои хизмат кардам. Аз соли 1972 то соли 1994 дар сохторҳои ҳизбӣ фаъолият доштам
Моҳи декабри соли 1994 бо Фармони Сарвари давлат Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо таъйин гардидам. Аз моҳи марти соли 2000 то моҳи феврали соли 2001 вакил, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон будам.
Аз феврали 2001 то 2006 раиси вилояти Хатлон ва аз моҳи декабри соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то 10 марти соли 2010 дар ин мансаби олии давлатӣ ифои вазифа намудам.
Дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми МН МО Тоҷикистон даъвати чорум муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудам. Баъд аз анҷоми ваколат як муддат раиси шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк» будам. Айни замон вазифаи ҷамъиятӣ - раисии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистонро ба зимма дорам.
- Падару модар, муҳити оила дар ташаккули шахсияти Шумо чӣ нақше гузоштаанд?
- Табиист, ки дар шаклгирии дилхоҳ инсон волидон ва муҳити оила нақши бориз доранд. Падарам зиндаёд Миралӣ Нуралиев аз диловарони замон, марди нондеҳ, хайрхоҳ ва баорият буданд. Ин аст, ки моҳи декабри соли 1942 баҳри ҳифзи Ватан рафт.
Диловарии ӯ бо рутбаҳо, Раҳматномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ И. В. Сталин, орденхои Ситораи Сурх, Ҷанги Ватании дараҷаи 2, медалҳои «Барои гирифтани Берлин», «Барои озод кардани Варшава», «Барои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945». «Ветерани меҳнат» ва ғайра қадр шудааст.
Модарам – Тугмагул, зани бофарҳангу боиффат, дар тарбияи мо нақши шоиста дошт. Падару модарам аз худ на танҳо кору номи нек гузоштанд, инчунин 10 фарзанди замонро дар рӯҳияи меҳандӯстӣ ва худшиносӣ ба воя расонданд.
- Дар ҷавонӣ орзуи сиёсатмадор шуданро доштед?
- Ман дар қиёс ба тахайюл ва орзупарварӣ ба воқеият афзалият медиҳам. Мақсадам, пеш аз ҳама, таҳсили намунавӣ, риояву арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва комёб шудан дар зиндагӣ буд. То чӣ андоза дар ин ҷода муваффақ шудам, бигзор ҷомеа баҳо диҳад.
- Чӣ гуна ба мактаби олии ҳизбӣ роҳ ёфтед?
- Ин масъала ба ирода ва хоҳиши ман рабт надошт. Тасмимро доир ба ин масъала роҳбарияти вақт гирифтанд ва табиист, ки донишу малака ва фаъол будани ман нақши ҳалкунанда дошт.
Баъди итмоми хизмати ҳарбӣ, соли 1972 фаъолиятам дар сохторҳои ҳизбӣ шурӯъ гардид. То соли 1980 дар кори комсомолӣ ва солҳои 1980–1986 ба сифати инструктори комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои 1986 - 1988 дар мактаби олии ҳизбии шаҳри Ленинград таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси сиёсатшинос шудам. Чанд муддат узви Комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон будам. Сипас, бо тавсияи КМ ҲК Тоҷикистон барои кор ба собиқ ноҳияи Москва ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фиристоданд ва то охири соли 1994 вазифаи котиби якуми ҲК ин ноҳияро ба уҳда доштам.
- Солҳои зиёд дар вазифаҳои баланди давлатӣ, дар командаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор кардед. Чӣ хотира, гуфтание аз Президенти Тоҷикистон доред, ки имрӯз замони нақли он расидааст...
- Садоқати банда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйир наёфтаву намеёбад. Ифтихор аз он дорам, ки аз рӯзҳои аввали давлатдории ин абармарди арсаи сиёсат ба сифати содиқтарин ҳамсафаш дар паҳлуяшон қарор дорам ва дар пешрафти кишвари азиз саҳми хешро гузоштаам. Бе мублиға мегӯям, ки ҳар рӯзи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамонист.
Зарур ва ногузир аст, ки ҳар кадоме дар тарғиби дастовардҳои мамлакат ва саҳми Пешвои миллат беш аз пеш фаъол ва ҷасуру ҷонфидо бошем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Ин дастоварди саҳлу сода нест, зеро эътироф дар заминаи эътимод рӯи кор меояд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд.
Ба мардум дар заминаи далелу рақамҳои асоснок шарҳу тавзеҳ диҳем, ки маҳз масъалаи наҷоти миллати тоҷик ин абармардро водор сохт, то аз байни оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро қадам ба қадам наздиктар созанд.
Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки дастоварди мазкур осон ба даст наомадааст. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки пас аз 21 вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт, низои миллӣ бартараф гардида, ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллат ва давлат ба имзо расид.
Солҳои 2001 - 2006 раисии вилояти Хатлон – минтақаеро, ки аз ҷанги бародаркуш дар муқоиса ба дигар манотиқи кишвар сангинтар осеб дида буд, ба зимма доштам. Шоҳиди ҳол будам, ки дар як муддати кӯтоҳ дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат ин гӯшаи валангоршудаи кишвар ободу зебо гардид. Ба ибораи дигар, тавассути Ваҳдати миллӣ боғу бӯстонҳои хушкида аз нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ин гӯшаи куҳандиёр шукӯҳу шаҳомати тоза касб кард.
Қариб як миллион фирориёни иҷборӣ дубора ба оғӯши гарми зодбум баргашта, бо дастгирии Сарвари бунёдкору хирадманди хеш рӯзгори худро дар як муддати кӯтоҳ барқарор намуданд, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи камназир эътироф шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст.
- Солҳои 1994 – 2000 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо будед. Дар интихоби кадрҳои сатҳи баланд ба кадом нозукиҳо бештар аҳамият медодед?
- Бале, солҳои вазнин буданд, норасоии кадрҳое, ки дорои касбияти баланд ва содиқ бошанд, то андозае эҳсос мешуд. Бо ҳидояту дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобу пешниҳоди кадрҳо хеле дақиқкору серталаб будем.
Маҳз ҳамин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки беҳтаринҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод ва дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат саҳми бориз гузоранд. Ҳол он ки дар он айёми ҳассос дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани ин рисолат кори саҳлу сода набуд.
Бароям эътирофи дониш, истеъдод, ҳунар афзалияти бештар доштанду доранд. Аз он ифтихормандам, ки он вақт аксар нафароне, ки арзанда буданд, ба вазифаи ба худашон муносиб сазовор дониста шуданд.
- Сиёсатро шуғли мардона мегӯянд, дуруст аст?
- Ба ин андеша розӣ шуда наметавонам. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо бонувон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба занону модарон арҷ мегузоранд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, аз аввалин ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мавриди назар буда, ба маънои рамзиаш бонувони кишварро паси фармон овард. Муҳим он аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона давлатест, ки сарвараш чунин фармонро содир кардааст.
- Шиква бар он дорем, ки аз ҳисоби бонувон камтар занони фаъол доштем. Андешаи Шумо дар ин маврид…
- Ба ин назар розӣ шуда наметавонам.
Агар ба далелҳо назар андозем, пас соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд.
Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, барои таҳсили духтарон шароити хубу муносиб муҳайё карда шуд.
Таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занону духтарон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсир гузоранд.
Дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо теъдоди зиёди занону духтарон фаъолият дошта, як зумра дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
- Киҳоро аз зумраи бонувони фаъол дар сиёсат, аз собиқадорон то ҷавонон бештар баҳо медиҳед?
- Ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ аз шумори занон сиёсатмадорони зиёде зуҳур карданд, ки бо аксари онҳо кор кардаам.
Дар робита ба ин, аз Руқия Қурбонова, Рафиқа Мӯсоева, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборӣ, Гулафзо Савриддинова, Назира Ғаффорӣ, Нигина Шаропова, Бозгул Додхудоева, Галия Рабиева ёдовар шавам.
Аз насли ҷавон, ба андешаи ман, фаъолияти Озода Раҳмон, Фирӯза Шарифӣ, Саодатбибӣ Сироҷзода, Сумангул Тағойзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Мавсума Муинӣ ва дигарон арзандаи ситоиш аст.
-Шуморо роҳбари сахтгиру серталаб мегӯянд. Воқеан, инсони ҷиддиед ё ин талаби вақту замон буд?
- Ягон вақт сохтакор набудам, вонамуд низ накардаам. Ба ибораи дигар, ман ҳамонам ва ҳамон мемонам. Ҳисси сарватғундорӣ ва ҷоҳпарастӣ бароям бегона аст ва бо нафси худ ба қаҳр будаму ҳастам. Дар тамоми ҳолатҳо, сарфи назар аз вазъият, ба мисли баъзе соҳибмансабон андешаамро дигар накардааму намекунам.
Бароям муҳим набуд, ки дар кадом вазифа қарор дорам, баръакс муҳим самараи меҳнат ва нақши он дар пешрафти мамлакат буд.
Кӯшидам, то байни иштибоҳи корӣ, хунукназарӣ ва бепарвоӣ фарқият гузорам. Кормандро қадр ва талош мекардам, ки ҳар нафари содиқ ва поквиҷдон ҳаргиз озор набинад.
Дар назар сахтгиру ҷиддӣ, вале дар асл хоксору одӣ буда, баъзан шӯхӣ низ мекардем. Дар низоми идорӣ гоҳҳо шӯхию нимхандҳо низ мекардем, зеро ин гувоҳи хуб ба роҳ мондани кор буд.
- Дар вазифаи раиси вилояти Хатлон чун раиси ободгар шинохта шудед. Мушкил аст дарёфти бовару эътимоди мардум барои як роҳбар?
- Ифтихормандам, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тавонистем ин минтақаи валангору аз лиҳози иқтисодӣ ақибмондаро «ба по рост монем».
Моҳҳои аввали кор дар вазифаи раиси вилоят шахсҳо ва гурӯҳҳое буданд, ки ҳеҷ касро дар вилоят писанд намекарданд. «Худам шоҳу табъам вазир» гӯён ҳаёт ба сар доштанд.
Аммо, баъд аз он ки дар як - ду моҳ умуман онҳоро, на ин ки қабул, балки талаб намудем, ки дар чорчӯбаи қонун зиндагию рафтор кунанд, вазъи сиёсии вилоят тамоман дигар шуд. Шояд баъзеҳо надонанд, ки бо дастгирии Сарвари давлат як қатор иншооте, ки аз ҷониби қумондонҳои он вақт ба истилоҳ саркаш хусусишуда, аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои собиқ Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ), Муъминобод ва ғайраро бозпас ба давлат баргардондем. Иншооти таъйиноти гуногун дошта, кинотеатр, лагери истироҳатӣ ва ғайра буданд.
Замони раиси вилоят буданам қариб 50 дарсади раисони ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби бонувон таъйин шуда, бо дастгирии Сарвари давлат бо мошинҳои хизматӣ таъмин гардида буданд.
Маҳз он замон омодагӣ ба ҷашни 2700 - солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ки тавассути ин ҷашн симои ин шаҳри куҳан ба куллӣ тағйир ёфт, оғоз ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Боиси тазаккур аст, ки шурӯъ аз солҳои 1992 - 1993 истеҳсоли пахта дар вилояти Хатлон 2 - 3 баробар коҳиш ёфта буд. Замони зикркардаи шумо ин соҳаи муҳим рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, хоҷагиҳои вилоят истеҳсоли онро то ба 340 ҳазор тонна расонданд. Дар ҳамин радиф истеҳсоли ғалладонагиҳо низ тамоюли афзоишро касб намуда, то ба 600 ҳазор тонна расид.
Самараи ҷаҳду талошҳо буд, ки дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 202 адад расид. Бо кӯшиши мо якчанд корхона мавриди таҷдид қарор гирифта, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба марҳалаи сифатан нав ворид гардид. Рӯзҳои аввали раиси вилояти Хатлон таъйин шудан, эълон карда будам, ки ҳама нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят бояд ба дараҷаи солҳои 80 - уми асри гузашта расонда шавад. Хушбахтона, ба аксари ҳадафҳоям расидам.
- Қаҳрамони як асри Тоҷикистон аз нигоҳи Шумо?
- Ман хизмати дигар нафаронро зери суол бурданӣ нестам, зеро ҳар кадом дар соҳаи худ барои миллат ва Ватан хизмати арзанда карданд. Вале, ба маънои томаш, қаҳрамони на танҳо як аср, балки ду асри мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ин ҷо овардани чанд мисоли ҷолибро бамаврид меҳисобам. Дар ҳоле ки бар асари коронавирус дар дигар давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои абарқудрат таназзули иқтисодиёт ба амал омад, дар кишвари мо маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоишро касб намуд.
Пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ, таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 дарсад кам гардид. Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст рафт.
Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар 1520 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Бори аввал дар 29 соли соҳибистиқлолии кишвар се соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин гардид.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид шуданд.
Дар назар бояд дошт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расид ва афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил дод.
Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки тамоми дастоварду пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи шикастнопазири мардуми шарифи кишвар аст…
- Каме дар хусуси аҳли хонавода, аз саҳми бонуи хона дар дастовардҳои кориатон ёд мекардед…
- Аҳли оилаи мо мисли тамоми хонаводаҳои Тоҷикистон як хонаводаи одӣ аст, ки дар он арзишҳои маънавӣ дар муқоиса ба арзишҳои моддӣ ҷойгоҳи баландтар доранд. Бо ҳамсарам 46 сол аст, ки зиндагии босубот гузарондем. Қоилам, ки ҳамсарам дар комёбиҳоям саҳмгузор аст. Зеро ҳамсари шахси соҳибмансаб будан дар баробари ҷанбаҳои мусбат махсусиятҳои худро дорад, ки на ҳар зан қудрати бардошту таҳаммулашонро дорад. Хушбахтона, солҳои ҳамзистӣ аз ҳамсарам меҳрубониву садоқат ва самимияту одамияту подош гирифтам. Табиист, ки афроди таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд. Биноан, фарзандони хешро дар ҳамин рӯҳия ба воя расондаем. Ин аст, ки ҳар кадом дар соҳаи худ муваффақанд.
Шоҳона ОДИНАЗОДА