Истиқлолият барои ҳар давлату миллат неъматест беназир. Он омили асосии бедории миллат, иттиҳод дар атрофи идеяи миллӣ, тараққии мамлакат, заминаи боэътимоди ба даст овардани обрӯву эътибор дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 - уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва инак 29 сол мешавад, ки бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад. Тоҷикистони азизи мо дар ин муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишвари ошӯбзада ба як кишвари босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт. Сол аз сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар ҳоли рушд аст. Ҳамаи ин аз баракати сиёсати прагматикӣ, санҷидашуда ва ботадбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Агарчи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9 - уми сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти давлатӣ расид, давлату давлатдорӣ барои тоҷикон нав набуд. Оини давлату давлатдории аҷдоди мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тӯли таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Аз нигоҳи таърихнигорон ташаккули давлатдории халқи тоҷикро ба чор давраи таърихӣ ҷудо кардан мумкин аст:
Давраи якум: замони ташаккул ва инкишофи давлати Сосониён дар ҳудуди шимолу шарқии Хуросон.
Давраи дуюм: ташаккулёбии халқи тоҷик дар Мовароуннаҳр, ки дар он бохтариҳо, хоразмиҳо ва суғдиҳо зиндагӣ мекарданд.
Давраи сеюм: ташаккули комили давлатдории халқи тоҷик дар замони Сомониён.
Давраи чорум: ҳамчун давлати мустақил ва соҳиби ихтиёри том қад барафроштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин тараф.
Истиқлолият дар ҳақиқат барои кишвар ва мардуми мо заминаҳои пешрафтро фароҳам овард. Бо нигоҳе ба ободкориҳо ва созандагиҳои даврони соҳибихтиёрӣ, метавонем бигӯем, ки истиқлолият дарвозаи пайвандшавии Тоҷикистон ба ҷаҳон шуд. Дар даврони истиқлолият тарҳҳои бузурге дар бахши зербиноӣ ба марҳалаи иҷро расиданд, ки дар даврони пеш аз истиқлол касе дар бораашон фикр намекард ва ё ба амалӣ шуданашон бовар надошт.
Дар солҳои истиқлолият таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба вазъи занон дар кишвар хеле зиёд гардид. Қабули чандин барнома барои кумак ба занон ва баланд бардоштани мавқеи онон дар ҷомеа ба он мусоидат намуд, ки имрӯз занону духтарон дар ҷомеаи мо нақши бориз дошта, бонувон дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар фаъолият менамоянд.
Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.
Дар кишвари мо фармони Президенти Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа амал мекунад, ки бар асоси он бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мегарданд.
Бояд гуфт, соле, ки мо дар он 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро ҷашн мегирем, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми сайёра соли вазнин омад. Паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон боиси ҳалокати одамон ва зарарҳои ҷиддӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳо гардид. Аммо, хушбахтона дар Тоҷикистон, ба шарофати сарварии Президенти муҳтарами Тоҷикистон ва барномарезии дурусту саривақтии Ҳукумати кишвар идораҳои масъул, аз паҳншавии саросарии коронавирус ва маргумири зиёди одамон пешгирӣ карда шуд.
Яке аз муваффақиятҳои Ҳукумати кишвар дар самти мубориза бо коронавирус он буд, ки аз оғози пайдоиши вабои нав дар Чин ва баъзе кишварҳои минтақа, марзҳои заминиву ҳавоии худро бо онҳо баст ва назорати шадидро барои рафтуомад ба иҷро гузошт. Ҳамаи касонеро, ки аз хориҷ меомаданд (чӣ тоҷикистонӣ ва чӣ хориҷӣ) ҳатман ба карантини чордаҳрӯза фаро мегирифт. Ин чораҳо боис гардиданд, ки вуруди вирус ба кишвари мо ҳудуди ду моҳ ба таъхир афтад. Дар ин муддат ҳам Ҳукумат сатҳи омодагии худро болотар бурд, ҳам духтурон бо мутолиаи бештар ва пайгирии раванди паҳншавии вирус дар дигар кишварҳо ва шеваи бархӯрд бо он, таҷрибаҳое (агарчи виртуалӣ бошад ҳам) дар ин хусус ҳосил намуданд ва ҳам сокинон бо дидани паёмадҳои беэътиноӣ нисбат ба коронавирус дар дигар кишварҳо, ҳушёртар ва дар шинохти роҳҳои пешгирӣ огоҳтар шуданд.
Агар дар дигар кишварҳо водор кардани мардум ба пӯшидани ниқоб, истифодаи дастпӯшак ва парҳез аз ҷамъомадҳо яке аз мушкилтарин бахшҳои мубориза бо коронавирус бошад (дар баъзе кишварҳо барои ин одамонро дар кӯчаҳо мезаданд, ҷарима мебанданд ва ҳатто ба ҳабс мегирифтанд), дар Тоҷикистон баробари эълони пайдо шудани коронавирус, мардум ба сурати худҷӯш ва огоҳона ба риояи тавсияҳои тиббӣ ва фосилагириҳои иҷтимоӣ рӯ оварданд.
Тоҷикистон бо камтарин талафот дар байни кишварҳои минтақа давраи мушкилтарини коронавирусро гузаронд ва ҳоло ҳам мубориза бо он дар ҳадди зарурӣ идома дорад. Буҳрони ҷаҳонии коронавирус бори дигар собит намуд, ки ҷумҳурии мо дорои системаи замонавӣ ва пешрафтаи тиббӣ буда, Ҳукумат дар ҳама ҳолат аз уҳдаи идора кардани вазъият ва хидматрасонӣ ба мардум ба хубӣ мебарояд. Ва ин яке дигар аз самараҳои Истиқлолияти давлатӣ аст.
Дар айни ҳол, соли 2020 барои мо соли махсус аст. Зеро он аввалин сол аз «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, 2020 - 2040» мебошад. Боварии комил дорем, ки дар зарфи 20 соли оянда соҳаи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар кишвар шоҳиди таҳаввул ва дигаргуниҳои куллӣ хоҳад шуд.
Соли оянда Тоҷикистони азизи мо 30-солагии Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Омодагиҳо ба ин санаи фархунда ва корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар ҷараён доранд. Тибқи нақша, то ин ҷашни бузург 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид мегарданд. Илова бар ин, ҳоло зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд. Шаҳри зебои Душанбе рӯз аз рӯз зеботару ободтар мегардад.
Истиқлолият асос ва пойдевори рушди ҳамаҷонибаи ҳар давлат аст. Ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод кори саҳл нест. Давлати Тоҷикистон барои ҳифз ва тақвияти Истиқлолияти худ тамоми шароит, тавон ва имкониятро дорад, вале бояд донист, ки посдорӣ аз Истиқлолият ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар ва мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлол вазифаи ҳар фарди бедори миллат ва ҳар сокини ин сарзамин аст. Пас, биёед ҳамагон дар ҳифзи Истиқлолият ва тараққии ин диёри биҳиштосо бо ҳар роҳе, ки метавонем, нақши сазовор гузорем.
Шоҳона сулаймон