«Ошнои маро
дастгирӣ мекунед?!»
«Бонувони Тоҷикистон» ҷавони
қаҳрамон – муаллифи наворро ба суҳбат даъват кард
ва ӯ дар хусуси кору зиндагиаш чунин қисса намуд:
Кўдакї
«Дар ноњияи Восеъ, дар оилаи дењќон таваллуд шудаам. Падарам Њусейнов Рамазон солњои љанги шањрвандї кушта шуд. Бо додарам дар синни хеле кўчак аз падар ятим мондем, ман дувунимсолаву ў шашмоња. Чанд ваќт дар хонаи бобои модариам, дар шањри Кўлоб зиндагї мекардем. Замони кўдакиву овони љавонї хеле бароям сахт гузаштааст. Модарам Мўсоева Хурмо дар боѓча ба њайси мураббї кор мекард. Бо сабабе, ки љои зисти доимї надоштем зуд-зуд мактабро иваз мекардам.
Замоне, ки дар синфи 5 тањсил мекардам, ба шањри Душанбе омадам. Чанд ваќт дар хонаи амакам зиндагї кардам. Бо сабаби вазнинии рўзгору надоштани љои зист ба хонаи падари янгаам кўчидем. Соњиби хона, холаи Рима маро то синфи 9 мисли фарзанди худ тарбияву нигоњубин кард. Дар як хона 12 нафар мезистем. Ба бемории домана гирифтор шудам. Хола нони ќоќро дар об тар карда, ба ман мехўронд. Шабона аз зарби гуруснагї як бурда нони ќоќро гирифта, дар зери кўрпа оњиста-оњиста мехўрдам, ки дигарон нафањманд.
Фарзандони соҳиби хона бузург шуданду дигар ҷо тангӣ мекард ва ман дар хобгоҳе иҷоранишин шудам. Мошин мешустам, селофан мефурӯхтаму хонапулӣ меёфтам. Дидам, ки пайи пулёбӣ аз дарсхонӣ мемонам, дубора ба ноҳия рафтам.
Синфи 10 ва 11-ро дар Восеъ хондам. Баъди дарсҳо пахтачинӣ мекардаму маблағ ба даст меовардам. Як рӯз Бобои Ғуломалӣ ном ҳамдеҳаамон маслиҳат доданд, ки коре карда, таҳсилро дар ягон ҷо идома диҳам. Ба назди як инсони хайрхоҳи деҳа рафта, ғурурро шикастаму дар паси дарашон аз алам хеле гиристам. Аз модари он бародар илтимос кардам, ки фарзандашон маро ба ягон ҷо дохил кунад. Зани ҳалиму меҳрубон занг заданду аз он сӯ ҷавоб омад, ки фардо ба Душанбе биёяд…»
Донишҷӯӣ
«Шаҳодатномаи хатми мактабро гирифтам. Дар таи кисаам чанд сӯме аз пахтачинӣ доштам, ба мошин нишастаму ба пойтахт омадам. Ҳамин нафари хайрхоҳ, ки бе иҷозат овардани номашонро салоҳ намедонам, аз ман пурсиданд, ки куҷо дохил шудан мехоҳӣ? Гуфтам, духтур шудан мехоҳам. Ба фарзанди калониашон маблағ доданду хоҳиш карданд маро ба бозор бурда аввал сарулибос бихарад.
Ҳуҷҷатҳоро омода карда, донишҷӯи коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ гардидам. Насиҳати ин марди хирадманд ҳеҷ аз хотирам намеравад: «Бачам, ятим, ки дар хонаҳои мардум калон шудаӣ, номус куну бихон, одам шав!» Рӯзе, ки Ҷаноби Олӣ маро бо медали «Шафқат» қадрдонӣ карданд, аввал ба ҳамин инсон занг задам ва гуфтам: «Ташаккур ба насиҳати падаронаи шумо!».
Донишҷӯ шудаму боз соле дар хонаи холаи Рима истодам. Мекӯшидам, ки хуб таҳсил кунам. Гирандаи стипендия ҳам шудам. Ба хобгоҳ гузаштам. Ҳамин қадар сол аз модар дур будам. Соли 2011, пас аз хатм хостам аввалин коре, ки кунам, модару додарамро ба наздам орам. Додарам ҳам аллакай донишҷӯ шуда буд. Бехонагиву сарсонӣ ба дилам зад. Дар хонаи мардум як луқма нонро пеш аз он ки ба даҳон мебарӣ, аввал ҷониби соҳибхона менигарӣ. Ба муҳоҷират рафтаму 4 сол кор кардам. Соли 2015 омадам ва аз як теппае ду сотих замин гирифта, як дар хона пӯшондаму модарамро ба наздам овардам. Ба ҷои дару тиреза ду сол дар сардиҳо селофану кӯрпа зада зиндагӣ кардем. Шукр мекардем, ки дар зери барфу борон нестем…»
Истиқлол
«Соли 2015 ба шуъбаи эҳёи кӯдаконаи беморхонаи Қарияи Боло ба кор даромадам. Тақдир будааст, ки ҳамроҳи оилаам маҳз дар ин ҷо шинос шудам. Ӯ ҳам ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият дошт. Соли 2016 бо сохта шудани беморхонаи «Истиқлол» ҳар ду ба шуъбаи ёрии таъҷилии ин беморхона ба кор гузаштем.
Дар рӯзҳои вазнини паҳн шудани бемории сироятии «Covid-19» ҳамсари ман дар моҳи 6–7-и ҳомиладорӣ қарор дошт. Ҳама мегуфтанд, ки бигзор ба кор наравад. Аммо, вақте мардум ниёз доштанд, мо метавонистем аз онҳо рӯ гардонем? Гуфтам бигзор, хоҳад то рӯзи лозима кор кунад.
Маҳз дар он рӯзҳо фаҳмидам, ки Ҷаноби Олӣ дар хусуси кадом уқубатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо эҳсосот ҳарф мезадааст. Ин тобистон воқеан беқадрии инсонро бо чашми сар дидам. Шумо тасаввур кунед, ки фарзанд занг мезаду мегуфт, ки равед падару модарамро ба беморхона баред, ки бемориашон ба зану кӯдаки ман нагузарад (мегиряд).
Бояд озод кор мекардем. Метавонистем як шабонарӯз, ки кор кардем, ду шабонарӯзи дигар дар хона бимонем. Аммо мо - ҷавонон аҳд бастем, бе танаффус кор кунем. Табибон ба рухсатӣ баромаданду ба кор наомаданд. Камбуд эҳсос мешуд. Як ҳамкори нафақахӯри мо мӯйсафеди 67 сола Анақулов Искандар баъди чанд рӯзи кор ба хона рафту боз омад. Пурсидем, ки чаро омадӣ? Гуфт, сарамро ба болин гузоштаму гиряҳои мардум ба хотирам омад, дигар натавонистам. Ҳафтаҳо кор кард. Бемор ҳам шуд, шифо ҳам ёфт…
Муроҷиат
Ин муроҷиати ман умуман ба тамоми беморхонаҳо ва тамоми табибону ҳамкасбон дахл дошт, на ба як беморхонаи «Истиқлол». Табибони бовиҷдону воқеан бо ҳарфи калон ТАБИБ ҳам зиёд буданд. Ҷавононе буданд, ки фаъолияти аввали корашон ба ин рӯзҳои мудҳиш рост омад, аммо натарсиданду кор карданд.
Мо фелдшер Анақуловро падар мегӯем. Як бегоҳ, ки хеле афсурдаҳол будам, телефонамро рӯшан кардам ва хитоб ба тамоми ҳамкорон гуфтам, имрӯз ҳамин падар омада кор карда истодааст, айб нест, ки табибони ҷавон тарсидаву гурехтанд. Ин наворро соатҳои 10-и шаби 3 май дар шабакаи иҷтимоӣ гузоштам. Дар они воҳид садҳо «лайк» гирифт. Чун ман бо либоси махсус будам ҳамин тавр дар хотираҳо як табиб бо пойафзоле дар тори сар нақш бастам, аммо ҳамкорам Анақулов Искандар мисли як қаҳрамон дигар шинохта шуда буд. Зиёда аз 100 ҳазор шарҳ зери он видео навишта шуд.
Мутаассифона, баъзеҳо ба хотири сербинанда шудани саҳифаҳояшон қисматҳои ба худашон лозимаро бурида қисматҳои аслии наворро партофта буданд. Бӯсидани пойафзол ҳам дар он навор маънӣ дошт. Ман гуфтам қадамҳои ҳар табиберо, ки имрӯз содиқона заҳмат мекашад ва ҷомеа буданашро эҳсос мекунад, ман бибӯсам. Танҳо даъват кардам, ки табибон бо мардум бошанд. Эҳтироми мардум воқеан нисбати табибон дар ин давра зиёд шуд. Куҷое намерафтем, дастони моро дилсӯзона мебӯсиданд.
Нафароне буданд, ки баъди ин муроҷиат ба кор баргаштанд. Табибон мегуфтанд, ки Муҳаммадҷон, боз ту моро дар назар надошта бошӣ? Як нафар нақл кард, ки рухсатӣ гирифта ба деҳа рафтааст ва ҳамдеҳагон маломаташ кардаанд, ки мардум беморанду ин табиб гурехта омадааст.
Пешвои мардумӣ!
Худованд на ба ҳар кас унвони Пешвоиро лоиқ медонад. Масъулияти тақдири миллионҳоро ба даст гирифтану мардумӣ эътироф гаштан кори саҳле нест. Эмомалӣ Раҳмон аз байни мардуми одист ва қалбаш бо халқ ҳамнавост. Ман медонистам, вале бори дигар муътақид шудам, ки воқеан дарди дили мардум, дарди дили ӯст.
«Наздиктар о, ниқобатро бигир, мардум қаҳрамони худро бубинад», - гуфтани Пешвои миллат мисли барқе маро такон дод. Ман аслан рисолате, ки аз рӯи виҷдони касбӣ бояд анҷом медодам, анҷом додам. Аммо баъди ҷаласае, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҳазорон нафар аз кори ман ҳарф заданд, лозим ояд ҷонро нисори халқу Ватан мекунам.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Дар рӯзи ҷашни касбии кормандони соҳаи тандурустӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммадҷон Ҳусейновро наздаш хонду чун ҷавони баномуси садоқатдошта ба касб муаррифӣ намуд. Навори суҳбати Сарвари давлат бо фелдшери тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо тамошобин дошт:
Президент: - Куҷоро хатм кардӣ?
Фелдшер: - Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанберо.
Президент: - Баъд дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсилро идома надодӣ?
Фелдшер: - Бо сабаби вазъи ноҷӯри оилавӣ натавонистам.
Президент: - Чандсолаӣ?
Фелдшер: - 31 сола.
Президент: - Оиладор ҳастӣ?
Фелдшер: - Соҳиби як фарзанд.
Президент: - Агар супориш диҳем, имкони таҳсилро дорӣ?
Фелдшер: - Бале, Ҷаноби олӣ!
Президент: - Ректор, ошнои маро дастгирӣ мекунед ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шавад, мо аз ҳисоби фонди манзили хизматчиёни давлатӣ барояш як манзили дуҳуҷрагӣ ҷудо мекунем.
Хон, кор кун, зиндагиро пеш бар. Боз ман назорат мекунам!