Зарина ИДИЗОДА:
«Ба кӯи мақсуд расидам»
- Вазъ ноором буд, садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Имкони рафтан ба пойтахт ва имтиҳон супурдан набуд. Аз ин рӯ, дар мактаби №1 шаҳраки Ғарм устодони донишкадаҳои пойтахт аз довталабон имтиҳон мегирифтанд. Дар байни 56 писар танҳо ман як духтар будам. Вақте аз имтиҳонсупурӣ баромадем, одамони силоҳбадаст маркази ноҳияро пурра иҳота намуда буданд. Дар саҳни бинои мақомоти иҷроия силоҳбадастон сокинони одӣ, кормандони идораҳои давлатӣ, роҳгузарҳо ва дар ин баробар моро низ сиёсат мекарданд.
Дар байни издиҳом аз ҳама бештар маро дашному ҳақорат мекарданд. Зеро он ҷо ба ҷуз ман зан ё духтари дигаре набуд. Мегуфтанд, агар ба хондан равӣ нобуд месозем. Бо азоб мардум халосам намуданду аз марказ то ба деҳа пои пиёда ва гирён раҳсипор гаштам.
Чанд рӯзе баъд барои ба шаҳр бурдани донишҷӯён ва санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бояд дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» иштирок мекарданд, чархбол омад. Дар фурудгоҳи ноҳия силоҳбадастони муҷоҳид дар байни мусофирони чархбол ману падарамро меҷустанд, «Заринаро надидед? Зарина дар куҷост?» - гуфта мепурсиданд. Ришдорҳо санъаткоронро зери латукӯби шадид қарор доданд. Асбобҳои мусиқиро дар сарашон зада пора - пора намуданд. Онҳо оғуштаи хун савори чархбол гаштанд. Парҳои чархбол ба ҳаракат даромаданд ва ман аз мошин поён шуда давидам. Дохили чархбол дидам, ки пойафзолҳоям аз поям паридаанд, - ба ёд меорад он рӯзҳои мудҳишро Зарина Идизода.
Соли 1996 ҳаёти донишҷӯии ӯ оғоз мегардад. Он сол ғайр аз Зарина боз ду бародар ва апааш дар донишкадаҳои пойтахт мехонданд.
–Барои 4 нафар донишҷӯ аз як оила душвориҳо зиёд буданд. Зиндагӣ сангин мегузашт, - ёд меорад муаллима ва илова мекунад, - хушбахтона, ҳамон сол дар озмуни «Андалеб» дар таърихи Рашт сазовори 10 хол гаштам. Маблағи лифофа барои гирифтани ҷои аввал 800 сомониро ташкил медод. Он вақт ин маблағи калон, барои мо - 4 нафар донишҷӯ то як сол басанда буд.
Ифтитоҳи донишгоҳи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаест дар таърихи минтақа. Бинои хуштарҳу замонавии 5 - ошёнаи донишкада, хобгоҳи 4 - ошёнаи дорои 360 рахти хоб барои муҳассилон ва шаҳрчаи омӯзгорон бо хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон шароит фароҳам овард, ки ноҳия дар баробари маркази маъмурӣ ба маркази илму маърифати минтақа мубаддал гардад.
Зарина Идиева аз нахустин омӯзгорони ин даргоҳ бо ҳайати наву ҷавон ва роҳбарии омӯзгорони пуртаҷриба кори таълиму тарбияро ба роҳ монда аз аввалин поягузорони пайроҳаи омӯзгории ин донишкада ба шумор меравад.
Ба иқрори ҳамкорон, Зарина шахси пурмаҳсул ва навовар аст. Маҳз бо ташаббуси ӯ навгониҳо дар донишкада роҳандозӣ мешуданд. Донишҷӯён дар симои муаллима барои худ дӯсту ёваре пайдо карда буданд. Бахусус духтарон аз дигар ноҳия ва минтақаҳои кишвар, ки дар хобгоҳ мезистанд, аз ғамхорӣ, дастгириҳои пайвастаи муаллима бархӯрдор буданд.
Донишҷӯёни бепарастору ниёзманд дар симои ин бону парастори хешро пайдо намуданд. Муаллима чанде аз донишҷӯдухтаронро худ хонадор намудаасту тӯйи арӯсӣ барпо кардааст. Ба духтарони донишгоҳияш ба Кӯлобу Восеъ, Варзобу Ваҳдат, Лахшу Тавилдара гаҳвора бурдааст. Дар 20 соли омӯзгорияш садҳо нафар шогирдони хубро ба камол расондаасту то ҳол бо онҳо рафтуомад дорад…
- Пас аз анҷоми таътили зимистона чанд рӯз пои пиёда аз деҳа ба роҳи калон, барои дарёфти нақлиёт мефуромадам. Вазъ ноором буд. Нақлиёт қариб, ки намегашт. Танҳо як автобус аз ноҳия моҳе як ё ду маротиба мардумро ба шаҳр мебурд.
Чанд рӯз дар интизори автобус гузашт. Дар донишкада аллакай дарсҳо оғоз шуда буданд. Билохира 12 феврали соли 1997 як «ПАЗ» – ики куҳна пайдо шуд. Мусофирони ду автобус дар ҳамин як «ПАЗ» – ики муҳаррикаш аз трактору дохилаш бӯи чангу дуди солярка рӯи ҳам савор шуданд. Ман канори роҳ об дар дида рост мондам. Садои ронанда ба гӯшам расид: - Ҳой духтари акаи Фузайлшо, биё шин. Ин марди роҳ маро аз дари худаш савор карда пушти нишастгоҳаш ҷо намуд. Дар автобус дигар барои пой мондан ҳам ҷой намонд. Пушти ронанда аллакай модаре бо келину писар ва набера нимросту нимнишаста буданд. Тамоми роҳ, ки 15 соатро дар бар гирифт, бо навбат пойҳоямро иваз намуда, дастқапакро сахт дошта, якпоя рост меистодам.
Аз Рашт то Душанбе постгоҳҳои зиёде буданд. Дар ҳар як пост бо баҳонаи тафтиш мардумро мефуроварданд. «Ҳо ана он духтарро фарор», - гуфт яке аз силоҳбадастони постгоҳ. «Ман туро шинохтам, бидъатшуда тез фаро!», - гуфта доду дашном мегуфт. Бурда дар даруни бочка андозед ё дар пешонияш «крест» кашида ба ғор партоед, то дигарон бинанд, ки духтарони бидъатро мо чӣ ҷазо медиҳем! Ҳама аз ҷони худ метарсид. Касе халосам накард. - Ман бемории дил дорам, ба шаҳр барои табобат рафта истодаам, барои хондан не, - гӯён ба қумандони онҳо гиряву зориву илтиҷо намудам.
Баъд аз он, ки сияҳкорон рафтани маро ба хондан фаҳмиданд, дар ҳуҷраи корияш падарамро сахт кӯфтаанд, «духтари ту номи духтарони раштиро паст кард», гӯён рӯяшро бо корди сари автомат чок намуданд, ки то дами марг он захм дар рухсори падарам боқӣ монд. Ба ҳамаи ин таҳдиду азиятҳо тоб оварда падарам мегуфт, ин рӯзҳои шум сипарӣ хоҳанд шуд, шумо бояд хонед, бахусус духтарҳо, - мегӯяд бо сӯз Зарина Идизода.
Рӯзҳои пурдарду сиёҳ гузаштанд, мардум ба саодат расид. Дар қатори дигарон Заринаи шуҷоъ имрӯз бо сарбаландӣ заҳмат мекашад.
-Замони мудирии шуъбаи маориф буданам корро аз мактабҳои деҳоти дурдаст оғоз намудам. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва шахсан раиси ноҳия ва бо ҷалби волидайн, соҳибкорону шахсони саховатпеша дар назди мактабҳо хонаи омӯзгорон (хобгоҳ) бунёд шуданд. Бо ин роҳ таъмин намудани мутахассисони аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалбгардида бо ҷои хоб бартараф гардид.
Аз соҳаи маориф ба соҳаи сиёсат рӯ овардан кори саҳл набуд. Шахс ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Баъзе ҳолатҳо дар гирифтани тасмим дар мемонӣ. Аз шахсони собиқадору кордида машварату маслиҳатҳо мегирифтам. Пеш аз ҳама, роҳбари бевоситаам раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, ки таҷрибаи зиёди кор дар мақомоти роҳбарии ноҳия доранд, маро дастгирӣ мекунанд. Аъзамҷон Ҳасанов, Муллоҷон Аҳмадовро, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият намудаанд, устодони худ мешуморам.
Ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёди майдончаҳои варзиш дар маркази ноҳия бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ҷамоатҳо аз ҳисоби шахсони саховатманду соҳибкорони маҳаллӣ баҳри бо шуғл фаро гирифтани ҷавонони раштӣ боиси фараҳмандист.
Солҳои пеш барои соҳибмаълумот гардидани духтарон волидон монеъ мешуданд. Ҳоло бошад, барои квота барои як ҷой даҳ нафар духтар бо ҳам сабқат мекунад, ки боиси хурсандист.
- Муаллима Марҳабо Олимӣ аз зумраи нафаронест, ки ҳамчун зан - модар роҳбару устод, дастгириву тарбияам намуда, замони донишҷӯӣ роҳбару роҳбаладам буданд. Таҷрибаи кории бонувони бузурги арсаи сиёсати кишвар Низорамо Зарифова, Бозгул Додхудоева, ки дар раванди давлатдорӣ саҳми бориз доранд, бароям идеал мебошанд.
Имрӯз бо дидани сайругашти озоди ҷавонон дар кӯчаҳо ва боғу гулгаштҳои ноҳия касро шодӣ фаро мегирад. Рӯи курсиву айвончаҳои боғ навхонадорон бо ҳам суҳбат доранду дар фазои орому осоишта ва сулҳу амният озод нафас мегиранд.
Шукрона аз он, ки бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бадбахтиҳо раҳидем. Ваҳдати саросарӣ ва сулҳу амнияти пойдор насибамон гашт. Хоинону душманони давлату миллат хору залил гаштанд. Ба қадри ин ҳама саодат бояд расид.
Ба ҳама сахтиҳои замон, ба ҳама фишору зӯроварии разилон сар хам накарда, тоб овардам. Гуфтаи Мирзо Абдулқодири Бедил «Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд…» - ро шиори худ қарор додам.
Модарам 32 сол омӯзгор, падарам мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия буданд. Волидон аз хурдӣ дар дили мо завқи китобхонӣ ва илмомӯзиро талқин менамуданд. Дар оила 4 писар ва 4 духтарему ҳама соҳиби маълумоти олӣ.
Шавҳарам устоди Донишкадаи омӯзгории Рашт аст. Маҳз бо ёрии ӯ ва дастгириҳояш ман ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаам. Дар тарбияи фарзандонамон Мафтуна, Мубориз ва Азизабону саҳми ҳамсарам бештар аз ман аст.
Д. САФАР,
ноҳияи Рашт