Иқбол аз Истиқлол
Мусоҳиба дар арафаи ҷашни мубораки 29 – солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини раиси ноҳияи Роштқалъа Роза Гуламадшозода
-Ноҳия дар соли аввали эъломи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт. Чиро дастоварди асосӣ дар ин давра мешуморед?
- Ноҳияи Роштқалъа ҳамқадами Истиқлолияти давлатисту дар баробари он рушд намуд. Зарурати вусъат бахшидани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии минтақаи дурафтода ба аз нав таъсис додани ноҳия, ки аввали солҳои 1960 беасос барҳам дода шуда буд, сабаб гардиданд. Маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият доданд, ки ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар риштаҳои гуногун ба дастовардҳои арзанда соҳиб шавад. Шумораи аҳолии маркази ноҳия ва шаш деҳоти он ба 30 ҳазор нафар мерасад. Зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дошта, ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ намудани он боиси афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳ гаштани сатҳи зиндагии сокинон гардид. Дар баробари зироаткорӣ ва боғдорӣ чорвопарварӣ ба яке аз манбаъҳои сердаромад табдил ёфт. Дар ноҳия барои қутоспарварӣ шароити мусоид мавҷуд буда, айни ҳол дар хоҷагиҳои фермерӣ ва инфиродӣ 1540 қутос парвариш меёбад. Бо мақсади боз ҳам афзоиш додани саршумори қутос ва истеҳсоли гӯшти аз лиҳози экологӣ тоза, то охири соли равон 400 қутос аз ноҳияи Мурғоб харид мешавад.
Зиёда аз 30 бонуи ҳунарманд дар корхонаи хурди коркарди мӯинаи гӯсфандҳои зотӣ ва бузҳои асморӣ ва тайёр намудану фурӯши маҳсулот шуғл меварзад.
Ноҳия дар ҳоле таъсис ёфт, ки маркази маъмурии он - Роштқалъа ягон бинои нав надошт. Ба шарофати амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ симои марказ ва деҳоти ноҳия куллан дигаргун шуда, намуди замонавӣ гирифтанд. Тайи ин солҳо бо хароҷоти зиёда аз 325 миллион сомонӣ дар ноҳия 79 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд. Дар самти бунёдкорӣ ба сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ ва ҳифзи тандурустӣ, шабакаҳои обрасонӣ, беҳтарсозии дастрасӣ ба неруи барқ, роҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегават оғоз ёфта, ба истифода додани он раванди саноатикунонии ноҳияро таҳким мебахшад.
- Дар самти саноатикунонии ноҳия чӣ имкониятҳо мавҷуданд?
- Дар ноҳия корхонаҳои хурди коркарди мева, шарбатбарорӣ, чӯбкориву бофандагӣ ва хишт фаъолият доранд. НБО «Себзор» ба таъмини боэътимоди сокинони маркази вилоят ва ноҳияҳои наздик бо неруи барқ мусоидат менамояд ва барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, пӯст, пашм, шир ва сангҳои ҷавоҳиру ороишӣ, ба мисли лоҷуварду мармар, ки ноҳия аз онҳо бой аст, шароит фароҳам месозад. Роштқалъа аз қадим бо лоҷуварди сифаташ баланд шуҳратманд асту дар кони Лоҷуварддара захираи зиёди он мавҷуд мебошад.
Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ таъсис ёфта, то охири сол ба кор оғоз мекунад.
- Дурнамои рушди сайёҳиро чӣ гуна мебинед?
- Шоҳдара, номи асосии таърихии ноҳияи Роштқалъа, аз қадим чун макони аҳли фарҳангу адаб ва ҳунар шуҳрат дорад. Дар муҳити фарҳангии ин ҷо шоирони халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва Ширин Бунёд, адибони шинохта Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода, Нодир Шанбезода, Тӯтиёи Мизроб, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Хушомади Алидод, оҳангсози барҷаста Қиматшо Шоискандаров ва дигарон ба камол расидаанд. Мардуми ноҳия аҳли китоб ва созу суруд буда, манзилеро пайдо намудан душвор аст, ки дар тоқи махсуси он китобҳо чидаву дар сутунҳои он даф ё рубоб овезон набошанд. Фарҳанги бостонӣ сарвати асосии мардум буда, сайёҳон дар табиати зебои маҳал ва санъату ҳунар, ки бозгӯи хулқу атвори сокинони меҳнатдӯсту маърифатпарвар аст, барои худ боз як гӯшаи нотакрори Тоҷикистони азизро кашф мекунанд.
Дар ноҳия 121 ёдгории фарҳангиву таърихӣ ба қайд гирифта шудааст, ки барои сайёҳон мароқангезанд. Худи дижи Роштқалъа, ки иддае онро ба маънои «роҷқалъа», яъне қалъае дар баландӣ ва бархе бо маънои «роштқалъа» - қалъаи аз варақсангҳо ва гили рангаш ҷигарӣ сохташуда, мефаҳманд, яке аз ёдгориҳои беназири бостон аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон болои он парфишон гардидааст. Бостоншиносон нишонаҳои зиндагии сокинони асри биринҷиро дар Бадахшон дар мавзеи Ҷавшангози ноҳия кашф карданд, ки ин макон дар илми бостоншиносӣ бо номи Юрхбуқ (Южбок) маъмул буда, ҳамасола сайёҳони зиёд ба ин ҷо меоянд. Роштқалъа макони чашмаҳои гарм ва обҳои маъданӣ буда, дар мавзеи Куки деҳоти Сежд бо ҷалби бахши хусусӣ бунёди фароғатгоҳ ва табобатгоҳи замонавӣ идома дорад.
Меҳмонхона, 12 гармоба, 7 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн, осорхона ва тарабхонаву ошхонаҳои замонавӣ дар хизмати сайёҳон қарор дошта, шумораи сайёҳоне, ки ба дидани мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ноҳия меоянд, сол ба сол меафзояд.
Мақомоти ноҳия ва сокинон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо сазовори ҷойи дувум гардид, ки баёнгари муносибати дилсӯзонаи мардум ба осори фарҳангӣ аст. Ҳамчунин бо супориши раиси ноҳия дар 41 мактаби ноҳия бахшида ба шоирон ва адибони камолёфта дар домани ин куҳандиёр гӯшаҳои махсус тартиб дода шуданд. Саҳеҳ аст, ки донистани таъриху фарҳанги миллат аз донистани таъриху фарҳанги маҳал сар мешавад.
- Ба эҳтироми мақоми зан дар ноҳия чӣ назар доред?
- Агар дар солҳои аввали таъсиси ноҳия ҳамагӣ 8 нафар зан дар мақоми роҳбарикунанда фаъолият дошт, ҳоло шумораи онҳо ба шумули сарварони муассисаҳои таълимӣ ба 63 нафар мерасад. Дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ширкати фаъол доранду ташаббускоранд. Собиқадорони меҳнат Пайкармо Алиёрова ва Оишамо Гадоалиева, аз зумраи чунин бонувони соҳибэҳтироманд, ки яке солҳои зиёд дар соҳаи тандурустии вилоят заҳмати зиёд кашида, ба мақоми раиси ноҳия расид ва дигаре роҳбарии ҷамоати деҳотро бар дӯш дошта, бо садоқат ва масъулияти баланд вазифаашро иҷро намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ширкати фаъол доранд.
Алҳол дар қаламрав 221 ҳунарманд ба оҳангарӣ, кандакорӣ, созтарошӣ, қошуқ ва табақтарошӣ, қаннодӣ, ҷуробу тоқӣ ва муҳрабофиву намадрезӣ шуғл меварзанд, ки бештарашон занон ҳастанду аз ҳисоби касбу корашон ба буҷети хонаводагӣ даромад меоранд. Грантҳои президентӣ ба рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ байни бонувон мусоидат намуданд.
Бонувон ҳамчун эҳёгар ва муҳофизи ҳунари мардумӣ нақши арзанда доранд. Дар ноҳия қариб 50 бонуи доирачии касбӣ ҳаст, ки бо ҳунари волояшон ба базми наврӯзӣ ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ шукӯҳи тоза мебахшанд. Дар қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншо Гадоалиев коргардони ҷавон Абригул Бероншоева нозукиҳои рақси халқиро ба ҷавондухтарону писарон меомӯзонад.
- Кадом дастоварди солро зикр карданиед?
- Мардуми ноҳия табиатан шоиранду ин сифати эҷодкорашонро бори дигар дар сабқати сатҳи ҷумҳуриявӣ собит сохтанд. Намояндаи ноҳия дар озмуни «Тоҷикистон, Ватани азизи ман» дар номинатсияи шоирӣ соҳиби ҷоиза гардид. Ду хонандаи макотиби ноҳия аз озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои химия ва математика медали тилло овард. Маорифчиёни ноҳия бо илҳом аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар мавриди баланд бардоштани қадру манзалати омӯзгор рисолати касбиашонро содиқона анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи самаранок истифода бурдани замин маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 235 ҳазор сомонӣ афзудааст…
Ш. Мирзоҷалол,
ноҳияи Роштқалъа