«Мегӯянд, ҳар кӣ моликро дид, бе шак инсони хушбахтест. Ман ҳам шарафи дидани Эмомалӣ Раҳмонро доштам. На дар маҷлису тантанае, на дар иду маҳфиле, балки дар назди хонаи худам. Дар сари роҳи деҳаи Зиддеҳ»…
Ин ҷои суҳбат бону андаке хомӯшӣ ихтиёр намуду ҳозиронро, ки зудтар мехостанд ҷузъиёти ин вохӯриро аз забони ровии маҳфил бифаҳманд, бетоқат кард.
- Гиред, чой нӯшед, даҳон ширин кунед, мазаи ин гӯштро дар шаҳр намеёбед, - гуфтани хола дигар ба гӯши касе намедаромад. Ҳама хомӯшона давоми қиссаро шунидан мехостем. Холаи Зуҳро пиёлаашро рӯи дастархон гузошта ором нақлашро идома дод:
- Дидани нафаре, ки ин қадар сағиру кабир, бекасу кӯйро нон медиҳад, ҳазорон гурезаву беватанро соҳибватан кард, алабатта, кори савобест.
Соли 2018. Баҳор он сол бисёр зебо буд. Дарахтон ғарқи гул. Субҳи солеҳони як рӯзи боронӣ каме дуртар аз хонаи мо дар ҳаво ду чархбол пайдо шуд. Онҳо чанд дафъа чарх зада, на пеш мерафтанду на ба қафо мегаштанд. Дарк кардам, ки сабаб тирагии ҳавои байни ду кӯҳ шудааст, ки гузаштанро мушкил сохта. Ҷониби ҳамворие шитофта, бо ишораи даст фаҳмондам, ки ин ҷо нишинанд.
Чархболҳо мулоим поён омада, дар домани теппаи гулпӯш нишастанд. Баъди каме таваққуф аз дохилаш ду - се нафар фуромад. Аз байнашон Эмомалӣ Раҳмонро шинохтам. Бо ишора салом доданӣ будам, ки наздашон хонда, гарм ҳол пурсиданд. Осемасар аз хона кулчаи гарму ҷурғот овардам. Муҳофизон иҷозат надоданд. Сарвари давлат бо хоксории хос гуфтанд: «Ман нони ин модарро бори аввал мехӯрам. Бигзор орад, ин ризқи саҳар аст!». Чойи кабуду сиёҳ ҳам муҳайё намудем…
Замони рафтан Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Очаҷон, як дуои сафар деҳ». Гуфтам: «На танҳо ман, тамоми модарон дуогӯи шумоанд. Роҳатон сафед, Худо ба ҳамроҳ!».
То аз назарҳо дур шудан дастафшонӣ кардам. Сарвари давлат ҳам оинаи мошинро поён фароварда, хайр гуфтанд. Ба хотири хоксориву фурӯтанӣ Худо барояш иқбол инъом кардааст, гуфтам ба худ.
Холаи Зуҳро
Ӯ як бонуи одии кӯҳистонист, ки ҳамеша бо дидани чеҳраи нуронии Эмомалӣ Раҳмон тариқи оинаи нилгун бо меҳри модарона даст мебардошту барояш дуо мефиристод: «Бачам, сарат баланд бошаду забонат бурро. Худованд ҳар куҷо ҳифзат кунад!». Он замон ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе тасодуф Сарвари давлатро аз наздик хоҳад диду рӯ ба рӯ даст ба дуо хоҳад бардошт.
…57 сол муқаддам, вақте истгоҳи обуҳавосанҷии шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, дар наздикиҳои деҳаи Зиддеҳи ноҳияи Варзоб қомат афрохт, шавҳари холаи Зуҳро - амаки Темур чун посдор масъулияти нигоҳубини бинову гирду атрофи онро бар зимма гирифт. Дар баробари шавҳар хола корҳои поккориву хӯрокпазиро барои кормандони коргоҳ анҷом медод. Он солҳо геологҳо ҳам зуд - зуд меҳмони онҳо мешуданд.
- Аввалҳо дар наздикии идораи бодуҳавосанҷӣ дар вагоне мезистем. Баъдтар, дар ҷояш ду - се дар хона андохтем. Коргарон, ки аксарашон мардуми русзабон буданд, ба ман Зоя гӯён муроҷиат мекарданд. То имрӯз ҳам пиру барно маро чун холаи Зоя мешиносанд. Дар баробари 6 фарзанди худ, кӯдакони ҳавосанҷону геологҳоро парастор будам. Дар шароити кӯҳистон геологҳо бештар бо асп мегаштанд. Нигоҳубини аспҳо ҳам бар зиммаи оилаи мо буд. То як поси шаб кор мекардем, ба хона, ки омадам, хамир шӯрида, боз гандумдарав мерафтам. Чашми рӯз накафида нонҳои гармро рӯи хон мегузоштам, - аз он айёми зиндагиаш ёдовар мешавад хола.
Он солҳо хонаи Латифовҳо дар сари роҳ барои мусофирони дармонда ягона ҷойи раҳоӣ аз сардиву гуруснагӣ буд. Баъзан рӯзҳову ҳафтаҳо мардум бо сабаби резиши барфу борон ва фуромадани ярчу тарма дар ағбаи Анзоб дар хонаи холаи Зуҳро мемонданд.
- Духтаронам дар як рӯз ду - се маротиба нон мепухтанд. Ҳамроҳи фарзандон баъзан дар вагони сард хоб мерафтему меҳмонҳоро дар хонаи гарм ҷо медодем. Ҳамин тавр ризқи мо бо роҳгузарон якҷо шуд. Киҳое, ки тӯли ин солҳо меҳмони мо нашуданд. Аз даҳмардаву кормандони одӣ то роҳбарони зинаҳои болоӣ. Муовини якуми сарвазир Асадулло Ғуломов, ки равонаш шод бошад, борҳо меҳмони мо буд.
Аз сахтии солҳои баъдиҷангӣ Латифовҳо маҷбур шуданд, ки дар сари роҳ чойхона созанд. Фарзандон чукриву торон ва рустаниҳои фоиданок чида, дар сари роҳ мефурӯхтанд. Бо меҳнати ҳалол ва обилаи дастон амаку хола духтаронро ба хонаи бахт гуселонданду барои писаронашон арӯс оварданд.
- Ҳар раҳгузареро, ки дар рӯзҳои сахт дасташро гирифтам, бо меҳр маро «оча» мегӯяд. Ҳатто аз Амрико ба аёдатам меоянд. Ончунон дар сари роҳ одат кардам, ки дигар ба деҳа равам ҳам танҳо барои хабаргирӣ, зуд боз ба ин макон бармегардам. Насиҳати падару модар доим ба мо ин буд: «Ними нонро бо мардум бихӯред!». Имрӯз дар деҳа ҳама хешу табори мананд, - гуфта оҳи сабуке мекашад холаи Зуҳро.
Қурутоб барои Президент
- Шояд биандешед, ки бо он ки Президенти кишварро як бор дидааст, холаи Зуҳро зиёд ҳавобаландӣ мекунад? Миннат ба ҷонам, охир ман ӯро на як бору ду бор, се маротиба меҳмондорӣ карда, барояш қурутоби кӯҳистонӣ таҳия кардаам. Бори аввал ҳам дар сари роҳ дидам. Борони сахт меборид. Ҳавои номусоид сабаби таваққуфи ӯву ҳамроҳонаш гашта буд. Гӯсфандеро сар буриданӣ шудем, ки гуфтанд: «Лозим не, қурутоб омода кунед…».
Аз ин вохӯрӣ солҳо гузашт. Ҳикматҳои мардумӣ ҷон доранд. Як рӯзи маъмулии тобистон, ки дар кӯҳистони мо чандон гарм нест, аз субҳ поям сих зад. Аз сунҳорҳо пурсидам, хамир кардаед, нон доред? Аз қазо ҳамон рӯз дар роҳи сафар ба шаҳри Панҷакент Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон каме дар ин макон бозистод. Нони гармро бо ҷурғоти сард гирифтаму ба наздаш рафтам. Табассум карду гуфт: «Нони модарро дар обҳои сарди Хоҷаи Сангхок тар карда хӯрӣ лаззат мебарӣ».
Гуфтам: «Бачам, гӯштбирён мекунам». Гуфт: «Не, қурутоб, очаҷон».
Пурсид: «Модар, чӣ хизмат ҳаст?». Гуфтам: «Ҳазор сипос. Шукри оромие, ки дорем…». Зуд фатири гарм пухтаму қурутоб омода намудам.
Бо табассум аз хола, ки банди ёдҳост, мепурсам: «Оё ба дугонаҳоятон дар деҳа нақл кардед, ки Президенти Тоҷикистонро дидед?»
- Ооо, магар аз занҳо чизе панаҳ мемонад? То оне, ки ман онҳоро дидам, худашон ҳамаро фаҳмида буданд, - баланд механдад хола.
Дар хусуси ғизои дӯстдоштааш мепурсем. Иқрор мешавад, ки паловро бештар аз ҳар хӯрок меписандад, аммо:
- Мо чизе бо номи қаймоқи рӯи шир дорем, ки шояд дар дигар минтақаҳои кишвар надонанд. Хеле хушмазаву боқувват аст. Онро аз болои ҷурғоти гармхобонидашуда мегиранд. Ҷояшро барои кӯҳистониҳо чизе иваз карда наметавонад.
Рӯзгори хола имрӯз аз ҳисоби полизиву сабзавоткорӣ пеш меравад. Писаронаш чорвопарвару соҳибкоранд. Холаи Зуҳро дар ин овони пурнишоти зиндагиаш соҳиби 20 набераву 1 абера аст.
- Ба синни 72 қадам ниҳодам. Шукр, худам нону кулча мебандам, ҳавлою ширинӣ омода мекунам, хӯрок мепазам. Сунҳорҳо, солҳои зиёд хизмат кардед, бас мегӯянд. Аммо ман бе кор нишаста наметавонам.
Чанд сол пеш аз як халта орд 4 нон пухтам, ба намоишгоҳе ба шаҳри Маскав бурданд. Мегӯянд, ки аз ҳайрат даҳони бинандаҳо воз мондааст. Дилтанг, ки шудам, дойраамро мегираму суруд мехонам, набераҳоям Зайнабу Шабнам, Фарзонаю Зулайхо, Паймонаю Шукрона, Шаҳодату Кимиё ва Таманно ба рақс медароянд. Бо садои дафу рақси ширинакҳоям меосоям, - гӯён хола дойраашро ба даст мегирад…
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
«Бонувони Тоҷикистон»