Тоӌикистони азиз дар давраи соҳибистиқлолӣ рӯз ба рӯз тараққӣ намуда, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриӌан беҳтар ва мушкилоти иқтисодию иӌтимоӣ рӯ ба беҳӣ мениҳад. Ин ба он хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз барои беҳбуди вазъи зиндагии мардум талош меварзанд. Ҳукумати мамлакат бо ҳидоят ва роҳбарии ҳакимонаву мудаббиронаи Сарвари давлат бар асоси сиёсати санӌидашуда ва прагматикии дохилӣ ва хориӌӣ пайи иӌрои нақшаву барномаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иӌтимоии кишвар аст.
Албатта, дар як навишта бозгӯ намудани тамоми дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ номумкин аст. Вале нигоҳе ба роҳи тайнамудаи Тоӌикистон дар 7 соли охир моро ба ин натиӌа мерасонад, ки кишвари соҳибистиқлол дар масири дурусти пешрафт ва тараққӣ қарор дорад ва ин масирро собитқадамона мепаймояд.
Чуноне дар Паёми Президенти мамлакат ба Маӌлиси Олии Ӌумҳурии Тоӌикистон (26.12.2019) зикр гардид, дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маӌмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаӌми умумии даромади буӌет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзуд. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид. Саҳми бахши хусусӣ дар маӌмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонда шуд. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Дар ин росто нақши таърихии Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоӌик дар тамоми самтҳои ҳаёти иӌтимоию иқтисодии кишвар бармало зоҳир мегардад ва дар таърихи навини диёр бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд.
Бешак, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мамлакат дар ин давра ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар солҳои 2018 ва 2019 аст. Махсусан, ба кор даромадани агрегати аввали он, ки амалан «Роғун»-ро оғоз бахшиду номи ин неругоҳи асрро ба муддати чанд рӯз дар сархати ахбори расонаҳои ӌаҳон қарор дод, рӯйдоди басо муҳим ва ғурурофар барои тоӌикон дар сиёсати дохилӣ ва хориӌӣ буд. Он намоиши мудирият ва роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ва нишонаи иродаи миллии тоӌикон буд. Ӌаҳон ба ин азми тоӌикон аҳсан гуфт, зеро амалӣ кардани чунин лоиҳаи бузург дар шароити душвори буҳрони ӌаҳонии иқтисодӣ, ки даҳ сол боз домангири ӌаҳон аст, аз дасти ҳар ҳукумате барнамеояд.
НБО «Роғун», ки бунёди он бо ибтикори беназир ва азму талоши хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, ҳамчун иншооти бузурги аср ва кохи нуру зиё, рамзи ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллат дар дилу дидаи мардуми тоӌик мақом ёфтааст. Тоӌикистон ин иншооти азимро бо неруи бозу ва ақлу хиради шаҳрвандони худ бино мекунад. Ин иншооти нодир барои миллати тоӌик на танҳо нуру зиё, балки баракату фаровонӣ ва муҳаббату эҳтироми ҳамдигарро ато фармудааст.
Дар 7 соли гузашта Тоӌикистон барои расидан ба се ҳадафи стратегии худ - истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин миён саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аз тарафи Сарвари давлат эълон гардид. Ба андешаи Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсолоти саноатӣ — пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буӌети давлатӣ ва дар маӌмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иӌтимоӣ мебошад.
Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ низ дигаргуниҳои ӌиддӣ ба амал омаданд. Далели возеҳи ин гуфтаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани калонтарин корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоӌикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, корхонаи бузурги истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат, корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» дар ноҳияи Бобоӌон Ғафурови вилояти Суғд ва комбинати металлургии тоӌик дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ — дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст.
Махсусан, дар соҳаи илму маориф иқдомоти ӌиддӣ роҳандозӣ шуда, ислоҳот ва навсозӣ пеш бурда мешаванд. Ҳадафи стратегии сиёсати иӌтимоии давлат дар соҳаи маориф ба он равона шудааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин, бояд соҳиби донишу ӌаҳонбинии муосир бошанд.
Ҳукумати Тоӌикистон солҳои охир бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосири таълим ва таӌҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ӌумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникиро вусъат бахшида истодааст. Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараӌаи давлат, Ҳукумати мамлакат ва аҳли маориф ба ҳисоб меравад.
Ӌумҳурии Тоӌикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Пешвои миллат дар баланд бардоштани эътибори Тоӌикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ӌаҳонӣ, аз ӌумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ӌаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.
Аз оғози асри нав бо ташаббуси Сарвари давлати Тоӌикистон аз ӌониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ӌаҳон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 - 2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» шинохта шуданд. Ташаббуси навбатии Президенти маҳбуби мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028», ки аз тарафи Маӌмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоли иӌро мебошад, ба ҳамин давра рост меояд.
Шоёни зикр аст, ки ташаббусҳои Тоӌикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкориҳою танзими муносибатҳо нигаронда шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ мебахшанд, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гардида, аз таӌрибаи пешрафтаи якдигар ва ӌаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоангез, аз ӌумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар сиёсати хориӌии мамлакат тайи 7 соли охир ин ворид шудани Ӌумҳурии Тоӌикистон пас аз солҳои талош ва фаъолиятҳои дипломатӣ ба Шӯрои иқтисодӣ ва иӌтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) мебошад. Ин дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори роҳбарияти мамлакат дар назди созмонҳои байналмилалист. Тоӌикистон дар ниҳоди дигари СММ, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014 - 2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014 - 2018 узвият дошта, фаъолияти самаранок мебарад.
Айни ҳол Ӌумҳурии Тоӌикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иӌтимоӣ ва фарҳангии ӌаҳон нақш мегузорад.
14 ноябри соли 2016 Қонуни конститутсионии Ӌумҳурии Тоӌикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат» ба тасвиб расид, ки ҳадафи аслии он эҳтиромгузорӣ ба хизматҳои арзишманду таърихии Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар асл, мақоми қонунгузори кишвар воқеияти мавӌударо ба расмият даровард. Бешак, Ӌаноби Олӣ тӯли фаъолияти сиёсиашон ба сифати Сарвари давлат ба хотири якпорчагии мамлакат ва таъмини амнияту зиндагии босаодати мардум хидматҳои пурарзишеро анӌом доданду бо хизматҳои камназири хеш дар дилу дидаи мардуми Тоӌикистон маъво гирифтаанд. Унвони «Пешвои миллат»-ро сазовор шудани Президенти Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътирофи рисолати таърихии ӯ дар миёни мардум аст. Зеро кайҳост, ки ин марди наӌиб бо хидматҳои арзандааш, на танҳо дар Тоӌикистон, балки дар минтақа ва ӌаҳон эътибори хоссаро касб кардааст.
Акнун дар пеш ташаббуси навбатии созанда дар мавриди эълони корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ӌашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ӌумҳурии Тоӌикистон меистад. Ин ташаббус аз ӌониби тамоми қишрҳои ӌомеа ҳамовозӣ пайдо намуд ва то баргузории он зиёда аз 30 ҳазор иншооти нави иӌтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорон гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда мешаванд. Ва Тоӌикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувортаре ба сӯи тараққӣ, рифоҳ ва шукуфоӣ мегузорад.
Шоҳона Сулаймон