Озодмарде
аз пайроҳаи сулҳу оштӣ
Аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ин ҳуӌӌати сарнавиштсоз 23 сол сипарӣ мешавад. Ин рӯйдоди муҳим натиӌаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Комиссияи оштии миллӣ чун ҳайати барӯманди мардумӣ, ки дар он беҳтарин намояндагон аз ҳама табақаҳои ӌомеа, ҳизбу созмонҳои ӌамъиятӣ гирд омада буданд, далели рӯшани ҳамраъйӣ эътироф гардид.
Дар ин ҳайат сиёсатмадорон, арбобони ӌамъиятию давлатӣ, шахсиятҳои шинохта гирд омада буданд. Дар ин шумор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, собиқадори маориф Тағай Раҳмонов низ ширкат дошт.
Мавсуф инсони одию заминӣ буд, ки ба ӌуз ростию росткорӣ ва покӣ чизи дигареро намедонист. Якрӯю якрой ва марде буд дилаш бо забонаш як. Ҳама гуфтаҳояш самимӣ ва аз дилу аз ӌон буданд. Ҳар суханаш вазн дошту ҳар нигоҳаш маънӣ. Кам ҳарф мезад, вале пурмазмун, ӌиддӣ, фаҳмо ва ӌаззобу маънидор. Ҳарчанд ваӌоҳати бисёр ӌиддӣ дошт, шӯхиомезу лутфомез ҳарф мезад. Тавре ба як ишораи зебову бамавридаш, дилхоҳ касро метавонист аз ҳолати ногувор берун барорад.
Тағай Раҳмонов зодаи деҳаи зебоманзари Кафтари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буд. Деҳаи Кафтар қадамӌои мардони бузург аст. Мавсуф яке аз он мардумони сулҳдӯсту сулҳошност, ки бо кабӯтарон унс дошт. Сулҳдӯстӣ ва ҳамраъйӣ бо мардум дар ниҳоди ӯ ҳанӯз аз айёми бачагӣ ва зиндагӣ миёни мардуми сулҳдӯст ибтидо гирифта, баъдан ба рӯзгораш тавъам гашт.
Вай дар муҳити деҳаи хурдакаки канори кӯҳи азими Эмомаскарӣ тарбият ёфта, баъд ба ӌустуӌӯи илму дониш мебарояд. Факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоӌикистонро хатм намуда, дар риштаи фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил ва рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Чанд муддат дар шуъбаи фалсафаи АМИ Тоӌикистон ходим ва баъд мудири шуъба буд.
Вале авӌи фаъолияти илмию педагогии ӯ ба ҳини роҳбарияш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рост меояд. Маҳз дар ин айём ӯ худро чун роҳбари масъулиятшинос муаррифӣ намуд. Симои аслии ӯ чун роҳбари росткор ва принсипнок ҳамаӌониба намоён мешавад. ӯ ҳамчун донишманди дақиқназар барои пешрафти илм корҳои зиёдеро ба анӌом расонд. Хусусан, дар тарбияи кадрҳои ӌавон, ӌалби онҳо ба корҳои илмӣ ва ба аспирантураву докторантура фиристондани устодон саҳми арзанда мегузорад.
Вақте дар мамлакат баҳри истиқрори сулҳу созиш Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт, ба ин ҳайат беҳтарин фарзандони миллат даъват шуданд. Дар Комиссияи оштии миллӣ Тағай Раҳмонов бо фазилатҳои накую волои хеш саҳмгузор шуд. ӯ тавонист масъулияти хешро хеле софдилонаю холисона ба ӌо орад.
Тағай Раҳмонов дар зеркомиссияе қарор дошт, ки дар он фаъолияти ояндаи сохторҳои қудратии мамлакат матраҳ мегашт ва одитарин иштибоҳ метавонист ноӌӯриҳои зиёдеро эӌод намояд. Мавсуф ҳамчун сиёсатмадори соҳибтаӌриба, донишманду поксиришту самимияташ миёни ҳамкорон соҳиби нуфуз ва обрӯи зиёде гардад. ӯ аз шумори нафароне буд, ки дар мубоҳисаҳо ӌасурона, рӯирост масъалаҳоро ба миён мегузошту муҳокима мекард.
Нигорандаи сатрҳо бо фавқуззикр бештар аз ду сол, ҳангоми таӌлили ӌашни 2700 - солагии Кӯлоб фаъолият дошт. Он вақт устод вазифаи мушовирии раиси шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошту ман корманди маркази матбуотии ӌашн будам.
Медидам, ки ӯ бо он обрӯю эҳтиром, донишу малака ва шукӯҳу ӌалоле, ки дорад, боз хоксору заминист. Чун роҳбари собиқи донишгоҳ ва котиби кумитаи ҳизбии собиқ вилояти Кӯлоб, ин вазифаи одиро аз сидқи дил ба ӌо меовард. Дар ин вазифа тамоми масъалаҳои муҳим ва аввалиндараӌаи ӌашнӣ ба зиммаи ӯ вогузор шуда буданд ва раиси шаҳр ба муаллим ваколатҳои зиёд дода буд.
Устод хеле сахткор буданд. Ҳама корро худашон анӌом медоданд. То нисфишабӣ нишаста кор мекард. Одати ба касе супориши иловагӣ доданро надошт. Бо вуӌуди ин гоҳ - гоҳе аз суҳбатҳояш бархӯрдор мегаштам. Аз фаъолияти хеш дар Комиссияи оштии миллӣ баъзе лаҳзаҳоро ёдовар мешуд:
-Боре мутобиқи дастури Ҳукумат мебоист пеши роҳи хунрезии ду гурӯҳи мухолифро мегирифтем. Бо роҳбарони воломақоми мухолифин ба нишонии муайян рафтем. Чун ба майдон ворид гаштем, тирпарронӣ сар шуд. Каме монда буд, ки мошини моро ҳам зери борони тир қарор диҳанд. Дидам, ки гап дигару амал дигар шуда истодааст. Зуд аз мошин фуромада, куртаамро кашидам, онро байрақ карда, ба самти муқобил раҳсипор шудам. Ҳамроҳонам дод мезаданд, ки баргард, аммо чонсарак пеш мерафтам. Як вақт бинам, ки тирпарронӣ бас шуд. Дар майдони калон танҳо манам, дар дастам ливои сафед. Ба камингоҳи размандагон расидам. Як даста силоҳдорон ба сӯям омаданд. Гӯфтам:
- Намебинед, ки ман силоҳ надорам, беяроқро намепарронанд!
Маро назди сардорашон бурданд. Командир ҳолати маро дида ба ҳайрат афтод. Ба ӌои салому алайк бонг бардоштам:
- Ту лафз дорӣ ё не!? Ба сӯи кӣ тир мепарронӣ?
Инро гуфтаму пас дарк сохтам, ки сухани сахту беӌо гуфтам. Вале паст наомада, ҳолатамро тағйир надодам. Ин дам як ғалоғула бархост: - ӯ киро ҳақорат медиҳад? – Парронед, ӯро!!
Командир аз ӌасорат ва тарзи гуфтори сахт ба ғазаб омада бошад ҳам, беихтиёр хандид ва дасташро боло бардошта, ишора кард, ки маро ба ҳолам гузоранд. Худ аз ӌояш хеста наздам омад ва маро ба нишастан таклиф кард. Ман аз ӌаҳли зиёд ба суханаш эътибор надода, ғазаболуд ба сӯяш менигаристам. Ин ҳолат ӯро боз ҳам ошуфтатар гардонд. Ниҳоят ӯ аз ханда бозистод ва бо нармӣ гуфт:
- Устод, Шуморо шинохтам, гузаред шинед…
Пас, «байрақ» -амро аз дастам гирифта, синчакорона ба он назар афканд ва дид, ки куртаи сафеди муқаррарист, онро ба дастам дод.
Тағай Раҳмонов баъд аз ӌамъбасти муваффақона дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолияташро соли 2000 - ум дар дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоӌикистон ба ҳайси машваратчии калон идома дод. Боз ҳам дар ӌодаи амнияту осудагии мардуми кишвар камар баст.
Овони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шуда буд. Барои заҳматҳояш дар истиқрори сулҳу созиш ва таҳкими он бо ордени Спитамен, медали ӌашнии 10 - солагии Иӌлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ӌумҳурии Тоӌикистон қадр гаштааст. Корманди шоистаи Тоӌикистон ва «Аълочии мактаби олии СССР» мебошад.
Тағай Раҳмонов соли 2010 дунёро тарк гуфт. Номи неки ин марди шариф аз дилҳои дӯстону шогирдон ва наздиконаш зудуда нахоҳад гашт.
Алихон ЗАРИФӢ