Ободии кишвар аз Ваҳдат аст
Муҳовара бо муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода
- Дар ҳама ӌойи шаҳри Хоруғ созандагиву бунёдкорӣ мавӌ мезананд. Шумо истиқболи гарми сокинон ва мақомоти шаҳрдориро аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон Ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллат арз намуданд, ки он бо такя ба хиради азалии мардуми тоӌик муяссар гашт. Дар ӌойи дигар Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатиро боли иқболи миллат номиданд, ки ин баҳо ҳаммаъно будани ин ду мафҳумро барои тақдир ва сарнавишти миллат барӌаста ифода мекунад.
Ваҳдати миллӣ шиор нест, он бо сиришки падарону модарон, хуни фарзандон ва саъю талошҳои неруҳои созандаи ӌомеа ба даст омад, вале чун офтоб равшан аст, ки бе иродаи матини сиёсии Сарвари давлат ва худгузаштагиву ӌонбозиҳояш барои ба ҳам овардани миллати аз ҳам пошхӯрда, Ваҳдати миллӣ амри маҳол буд.
Бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд дар Хоруғ корҳои зиёд анӌом шуданд. Бунёди кохи Ӌавонон, Мактаби президентӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази ташхиси тиббии Оғохон, коллеӌи тиббӣ, хобгоҳ барои донишӌӯён, нахустин биноҳои нуҳошёнаи истиқоматӣ ва даҳҳо биноҳои нави замонавӣ симои шаҳрро чун маркази маъмурии вилоят куллан дигар карданд. Айни ҳол сохтмони биноҳои нави мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, филиали вилоятии «Амонатбонк», мактаб дар Бархоруғ, ду бинои истиқоматии 12-ошёна ва тетри миллӣ бо 1000 ӌойи нишаст идома дорад. Навад дарсади корҳои сохтмонӣ ва ороиш додани театри миллӣ бо харӌи бештар аз 20 миллион сомонӣ аз ӌониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иӌроияи Президенти Тоӌикистон ба анӌом расид.
Сокинони маҳаллаҳо, кӯча ва ҳавливу хонаҳо барои тозагиву ободӣ сабқат меварзанд. Барои ободу зебогардонӣ сокинон ва соҳибони нуқтаҳои тиӌоратӣ аз меъмории сабз эӌодкорона истифода мебаранд.
-Гурӯҳи адибони тоӌик ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон Хоруғро шаҳри ваҳдатмакон ва шаҳри ҳунар номиданд…
- Ҳар як шаҳр таърихан маҳсули ваҳдати халқҳо ва фарҳангҳои гуногун аст. Шаҳри Хоруғ, ки сад сол пеш деҳае буду ҳамагӣ чанд хонаводаи ангуштшумор дар ин ӌо зиндагӣ мекард, дар чорсӯи роҳҳои тиӌоратӣ қарор дошту ин мавқеият ба интихоби он ҳамчун маркази маъмурии вилоят сабаб шуд. Алҳол шаҳр 30 ҳазор нуфус дошта, шаҳрвандон аз кулли манотиқи кишвар дар ин ӌо ба кору зиндагӣ ва фаъолияти тиӌоратӣ машғул ҳастанд.
Дар шаҳр осорхона, маркази фарҳангӣ, боғи фароғатӣ, театри вилоятӣ ва чор китобхона дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамчунин, дар шаҳр 17 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавӌуд буда, бо мақсади ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҳамасола аз ҳисоби маблағгузории маҳаллӣ таъмиру тармим мегарданд.
Шаҳр ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳӣ табдил гардида, дар ин ӌо маркази пазироии сайёҳон фаъолият мекунад. Барои рушд додани сайёҳӣ ҳамчун соҳаи сердаромад 77 ҳунарманди моҳир дар шаҳр маҳсулоти хушнамуд ва босифати дастиро ба харидорон пешкаш менамояд. Ҳамчунин, бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ӌо марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасонӣ, ба мисли «Де Памири», Помир -Лодӌ», «Бадахшон -Травел» ва меҳмонхонаҳои замонавии «Серена», «Лаъл», «Кивекэс» бунёд гардиданд, ки барои ӌалби бештари сайёҳон ва муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунанд. Ба ӌуз меҳмонхонаҳои хусусӣ дар Хоруғ 40 ҳомстей ба мизоӌон хизмат мерасонад.
Хоруғ воқеан бо меҳнати сокинони он ба шаҳри ваҳдатмакон ва фарҳангу ҳунар табдил ёфтааст.
- Муносибати қишри ӌавони ӌомеа ба арзишҳои миллӣ чӣ гуна аст?
- Ӌавонон ҳар чи бештар моҳияти арзишҳои миллиро дарк мекунанд ва ба онҳо арӌ мегузоранду дар ҳаёти сиёсӣ ва ӌамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Шумораи ӌавонон дар шаҳр 9,5 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин миён 4,5 ҳазораш духтарон мебошанд. Бори панӌум аст, ки шаҳри Хоруғ нақшаи сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар як рӯз ва барзиёд иӌро намуда, бештари ӌавонон худихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд.
Зиёда аз 500 нафар ӌавон ба омӯзиш таҳти унвони «Амалисозии муқовимат бо хурофотпарастӣ, тундгароӣ ва терроризму экстремизм» фаро гирифта шуд. Боиси хушнудист, ки нафаре аз ӌавонони шаҳр дар феҳрасти афроде, ки барои ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар кишварҳои дигар, таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд, шомил намебошад. Форуми «Ӌавонон - пайрави Пешвои миллат» ва «Шоми дӯстии ӌавонон», ки соли гузашта бо ширкати ӌавонон аз минтақаҳои гуногуни ӌумҳурӣ бо сатҳи баланд дар Хоруғ гузашт, собит сохт, ки ӌавонон ба арзишҳои миллӣ, ваҳдат, истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ҳамгироии байни минтақаҳо арӌ мегузоранд ва ба онҳо содиқанд.
Қобили ёдоварист, ки ҳанӯз дар солҳои авӌи муқовиматҳои мусаллаҳона, вақте роҳи Кӯлоб - Дарвоз кушода набуд, гурӯҳи ӌавонон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси худашон пойи пиёда пайроҳаҳои пурхатарро тай намуда, дар мусобиқаи гӯштингирӣ дар вилояти Хатлон ширкат варзиданд ва бо ин амалашон паёми ваҳдатро расонданд.
Айни ҳол дар шаҳр 50 иншооти варзишӣ, аз ӌумла мактаби варзишии кӯдакону наврасон, маӌмаи варзишӣ, 13 толор ва варзишгоҳ бо 6 ҳазор ӌойи нишаст амал намуда, то Ӌашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 18 майдончаи варзиш сохта мешавад.
- Нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ?
- Занону модарон ҳамчун неруи муташаккили сиёсӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ нақши бориз ва таъсиргузор доранд. Фаъолияти касбии ман пас аз хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоӌикистон ба солҳои аввали ӌанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Манзили мо дар наздикии қароргоҳи мухолифин қарор дошт ва ёд дорам, ки нахустин шуда, гурӯҳи занону модарон бо раҳпаймоӣ аз майдони марказӣ ба қароргоҳ рафта, хостори халъи силоҳи фарзандонашон ва баргаштанашон ба зиндагии мулкӣ шуданд.Занону модарон, ҳамчунин, бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ қотеона овоз баланд карданд.
Ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрро бе ширкати фаъоли бонувон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз 63 нафар хизматчии давлатӣ, ки дар мақомоти шаҳрдорӣ фаъолият мекунад, 21 нафар занон мебошанд. Аз 15 мактаби шаҳр 9-тоашро занон роҳбарӣ мекунанд. Дар интихоботи моҳи марти имсола 8 зан ба вакилии Маӌлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардид.
- Таманниёти Шумо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ?
- Ёрии башардӯстонаи Президенти Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва беморони шаҳру ноҳияҳои Бадахшон иборат аз маводи ғизо, доруворӣ ва таӌҳизоти тиббӣ -техникӣ, ки дар маӌмӯъ маблағи 5 миллион сомониро ташкил дод, собит сохт, ки ҳифзи саломатӣ ва таъмини некуаҳволии мардуми кишвар ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор дорад. Тадбирҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат дар робита бо пеширӣ аз сироятёбӣ аз вируси нави COVID-19 имкон доданд, ки таъсир ва оқибатҳои ногувори он дар ӌумҳурӣ, аз ӌумла дар Хоруғ камтар бошанд. Дари идораву муассисаҳо ягон рӯз баста нашуда, сохтмонҳо идома доранд. Сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сипос аз дастгирӣ ва ёриҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд, ки дар баробари мардуми шарифи ӌумҳурӣ бо меҳнати садоқатмандона дар ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоранд. Зеро ободии кишвар аз файзи Сулҳу Ваҳдату Истиқлолият асту таҳкими ин арзишҳо вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар.
Суҳбаторо Ш. МИРЗОӋАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ