Ҷавонтарин вакил
Интихоботи вакилони Маӌлиси намояндагони Маӌлиси Олии Ӌумҳурии Тоӌикистон 1–уми марти соли 2020 доиргашта, барои ӌавонон дар парлумони кишвар роҳ кушод. Хурсандиовар аст, ки мардум ба насли ӌавон итминон доранд. Интихобкунандагон бар он боваранд, ки ӌавонон баҳри беҳбудиву рӯзгори хуши онҳо кӯшиш ба харӌ медиҳанд.
Воқеан, вакил бояд манфиатҳои интихобкунандагон, алалхусус мардуми одиро дастгирӣ намуда, қобилияти хуби дарки вазъи ӌомеа ва андешаи пайдо намудани роҳи ҳалли онро дошта бошад…
Қаҳрамони мо Сарвиноз Маӌидова аз зумраи ӌавонтарин вакил аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоӌикистон аз ҳавзаи якмандатаи Бохтар № 26 ба сафи вакилони Маӌлиси намояндагони Маӌлиси Олии Ӌумҳурии Тоӌикистон интихоб гардидааст.
Ошноӣ
Сарвиноз моҳи сентябри соли 1986 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Волидон дар тарбияи фарзандон заҳмати зиёд кашида, ҳар якеро соҳибмаълумот гардонданд. Ӯ пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34 ноҳияи Рӯдакӣ соли 2004 ба факултети соҳибкорӣ ва менеӌменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоӌикистон бо ихтисоси иқтисодиёти ӌаҳон ва менеӌменти байналмилалӣ дохил гашт.
Дар муддати начандон тӯлонӣ бо донишу маҳорати баландаш дар байни омӯзгорону ҳамсабақон шинохта шуд. Мавсуф донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ аст. Хушоянд аст, ки ӯ пайваста савияи дониши худро бо хондани адабиётҳои хориӌӣ тақвият мебахшад. Натиӌаи заҳматҳояш буд, ки соли 2009 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, бо тавсияи устодон соли 2010 ба аспирантураи Институти иқтисодиёти Академияи миллии илмҳои Тоӌикистон шомил гашт. Сарвиноз дар ин даргоҳи илм гирандаи стипендияи Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон буд.
Пас аз итмоми аспирантура соли 2014 ҳамчун ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоӌикистон ба фаъолият пардохт.
Муаллифи як монография ва 14 мақолаи илмист. Соли 2017 Сарвиноз Маӌидова аз тарафи Академияи миллии илмҳои Тоӌикистон бо ӌоиза ва дипломи олимони ӌавон сазовор дониста шуд. Пас аз 9 соли такопӯи ӌӯёи илм, ниҳоят дар соли 2018 рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Таъмини баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар кластерикунонӣ (дар мисоли Ӌумҳурии Тоӌикистон)» бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ Мавзуна Каримова ҳимоя намуд.
Ӯ аз соли 2019 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мебурд.
Вакилӣ душвор аст?
- Ба ақидаи ман, зан, ки хеле дили ҳассос дораду дақиқназар аст, аз иӌрои ҳама кор бо дилпурӣ мебарояд. Мекӯшам то ба боварии мардум сазовор бошам ва баҳри беҳтаргардонии ҳаёти сокинони мамлакат хизмат намоям. Кумитаи мо, ки оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аст, қадам ба қадам пайи омӯзиш ҳастам. Ҳадафи асосии барномаи пешазинтихоботиам, ки баҳри баланд бардоштани савияи донишандӯзӣ, мактабу маориф, дастгирии ӌавонону занон аст, саъй менамоям. Вакил бояд сазовори боварии мардум бошад,- иброз медорад Сарвиноз.
Ба ақидаи вакили Думаи давлатии Россия Т. Воронова «Агар сиёсатмадор имкони ояндаро ташкилу эӌод карда натавонад, пас вай сиёсатмадор нест». Вакилони мардумӣ ҳамеша дар андешаи тасвири хушбахтии ояндаи ӌомеа бояд бошанд.
- Дар вохӯриҳо мардум моро самимона пешвоз мегирифтанду бо як ҳисси эҳтиром муносибат мекарданд. Нигоҳҳои пурмеҳр, изҳори боварии сокинон ба вакили худ ва, ҳамчунин, гӯш додан ба мушкилоти мардум маро ҳамеша ба фаъолият водор месозад. Дарди мардумро шунидан кори ҳар як вакил аст.
Ба гуфти вай, мардум озодона метавонанд бо вакилони хеш вохӯранду суҳбатҳо анӌом бидиҳанд. Барои қабули шаҳрвандон дар Маӌлиси намояндагони Маӌлиси Олии Ӌумҳурии Тоӌикистон ҳуӌраи махсус ӌудо шудааст. Ҳамчунин, аз рӯи нақша вакилон ҳамасола аз моҳи июн барои вохӯрӣ бо мардум сафарбар мегарданд.
Сарвиноз Маӌидова дар баробари корҳои давлатӣ вазифаи модариро низ бар дӯш дорад. Ифтихорманд аст, ки дар кишвари ободу осоишта умр ба сар мебараду соҳиби оилаи солим аст.
- Бо оғози фаъолияти вакилӣ дар парлумон баҳри рушду низоми қонунгузорӣ диққати махсус зоҳир менамоем. Мекӯшам то баҳри халқу миллат кори хуберо ба сомон расонам. Барои амалӣ гаштани орзуву ниятҳо имкониятҳои хуб фароҳам аст. Ғамхориҳои Ҳукумати кишвар баҳри бонувон равона гаштааст. Мо аз эҳтирому самимият, дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, пайи ободии Ватан камар бастаем,- бо қаноатмандӣ афзуд Сарвиноз Маӌидова.
Итминони комил дорем, ки вакили ӌавон ва донишмандбону Сарвиноз Маӌидова баробар бо дигар вакилон ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… ба сафарбар намудани неруи зеҳнӣ ва донишу таӌрибаи худ дар рушду низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ӌомеа нақши назаррас мебозанд».
Фарзона Восеева
Ҷавонтарин вакил
Интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 1–уми марти соли 2020 доиргашта, барои љавонон дар парлумони кишвар роњ кушод. Хурсандиовар аст, ки мардум ба насли љавон итминон доранд. Интихобкунандагон бар он боваранд, ки љавонон бањри бењбудиву рўзгори хуши онњо кўшиш ба харљ медињанд.
Воќеан, вакил бояд манфиатњои интихобкунандагон, алалхусус мардуми одиро дастгирї намуда, ќобилияти хуби дарки вазъи љомеа ва андешаи пайдо намудани роњи њалли онро дошта бошад…
Ќањрамони мо Сарвиноз Маљидова аз зумраи љавонтарин вакил аз Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон аз њавзаи якмандатаи Бохтар № 26 ба сафи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардидааст.
Ошної
Сарвиноз моњи сентябри соли 1986 дар шањри Бохтари вилояти Хатлон дар оилаи зиёї ба дунё омадааст. Волидон дар тарбияи фарзандон зањмати зиёд кашида, њар якеро соњибмаълумот гардонданд. Ў пас аз хатми мактаби тањсилоти миёнаи умумии №34 ноњияи Рўдакї соли 2004 ба факултети соњибкорї ва менељменти Донишкадаи соњибкорї ва хизмати Тољикистон бо ихтисоси иќтисодиёти љањон ва менељменти байналмилалї дохил гашт.
Дар муддати начандон тўлонї бо донишу мањорати баландаш дар байни омўзгорону њамсабаќон шинохта шуд. Мавсуф донандаи хуби забонњои русї ва англисї аст. Хушоянд аст, ки ў пайваста савияи дониши худро бо хондани адабиётњои хориљї таќвият мебахшад. Натиљаи зањматњояш буд, ки соли 2009 донишгоњро бо дипломи аъло хатм намуда, бо тавсияи устодон соли 2010 ба аспирантураи Институти иќтисодиёти Академияи миллии илмњои Тољикистон шомил гашт. Сарвиноз дар ин даргоњи илм гирандаи стипендияи Президенти Љумњурии Тољикистон буд.
Пас аз итмоми аспирантура соли 2014 њамчун ходими калони илмии шуъбаи тањќиќоти иќтисодиёти воќеии Институти иќтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмњои Тољикистон ба фаъолият пардохт.
Муаллифи як монография ва 14 маќолаи илмист. Соли 2017 Сарвиноз Маљидова аз тарафи Академияи миллии илмњои Тољикистон бо љоиза ва дипломи олимони љавон сазовор дониста шуд. Пас аз 9 соли такопўи љўёи илм, нињоят дар соли 2018 рисолаи илмиашро дар мавзўи «Таъмини баланд бардоштани раќобатпазирии истењсоли мањсулоти соњаи кишоварзї дар кластерикунонї (дар мисоли Љумњурии Тољикистон)» бо роњбарии доктори илмњои иќтисодї Мавзуна Каримова њимоя намуд.
Ў аз соли 2019 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ба њайси омўзгор фаъолият мебурд.
Вакилї душвор аст?
- Ба аќидаи ман, зан, ки хеле дили њассос дораду даќиќназар аст, аз иљрои њама кор бо дилпурї мебарояд. Мекўшам то ба боварии мардум сазовор бошам ва бањри бењтаргардонии њаёти сокинони мамлакат хизмат намоям. Кумитаи мо, ки оид ба ќонунгузорӣ ва њуќуќи инсон аст, ќадам ба ќадам пайи омўзиш њастам. Њадафи асосии барномаи пешазинтихоботиам, ки бањри баланд бардоштани савияи донишандўзї, мактабу маориф, дастгирии љавонону занон аст, саъй менамоям. Вакил бояд сазовори боварии мардум бошад,- иброз медорад Сарвиноз.
Ба аќидаи вакили Думаи давлатии Россия Т. Воронова «Агар сиёсатмадор имкони ояндаро ташкилу эљод карда натавонад, пас вай сиёсатмадор нест». Вакилони мардумї њамеша дар андешаи тасвири хушбахтии ояндаи љомеа бояд бошанд.
- Дар вохўрињо мардум моро самимона пешвоз мегирифтанду бо як њисси эњтиром муносибат мекарданд. Нигоњњои пурмењр, изњори боварии сокинон ба вакили худ ва, њамчунин, гўш додан ба мушкилоти мардум маро њамеша ба фаъолият водор месозад. Дарди мардумро шунидан кори њар як вакил аст.
Ба гуфти вай, мардум озодона метавонанд бо вакилони хеш вохўранду суњбатњо анљом бидињанд. Барои ќабули шањрвандон дар Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њуљраи махсус људо шудааст. Њамчунин, аз рўи наќша вакилон њамасола аз моњи июн барои вохўрї бо мардум сафарбар мегарданд.
Сарвиноз Маљидова дар баробари корњои давлатї вазифаи модариро низ бар дўш дорад. Ифтихорманд аст, ки дар кишвари ободу осоишта умр ба сар мебараду соњиби оилаи солим аст.
- Бо оѓози фаъолияти вакилї дар парлумон бањри рушду низоми ќонунгузорї диќќати махсус зоњир менамоем. Мекўшам то бањри халќу миллат кори хуберо ба сомон расонам. Барои амалї гаштани орзуву ниятњо имкониятњои хуб фароњам аст. Ѓамхорињои Њукумати кишвар бањри бонувон равона гаштааст. Мо аз эњтирому самимият, дастгирињои пайвастаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рўњу илњоми тоза гирифта, пайи ободии Ватан камар бастаем,- бо ќаноатмандї афзуд Сарвиноз Маљидова.
Итминони комил дорем, ки вакили љавон ва донишмандбону Сарвиноз Маљидова баробар бо дигар вакилон ба ќавли Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон «… ба сафарбар намудани неруи зењнї ва донишу таљрибаи худ дар рушду низоми ќонунгузорї, боз њам бењтар намудани сифати ќонунњо, тањкими заминањои њуќуќии давлат ва љомеа наќши назаррас мебозанд».
Фарзона восеева