Бо вуруди соли нави мелодӣ мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз бархӯрдор аз муҳтавою мазмуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманду шукргузор аз кафолати муътамади зиндагии шоиста ба оянда устувору мутмаин пой мениҳанд. Воқеан ҳам, Паёми Пешвои муаззами миллат, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, моломол аз дастуру ҳидоятҳои созанда ва дархӯри хостаҳою ормонҳои умдаи иҷтимоъ буд.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём ҳамчун сиёсатмадори заковатманду дурандешу тадбирҷӯ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, дастуру пешниҳодҳои мушаххаси хешро оид ба беҳдошти вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иброз доштанд. Ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тариқи ҳалли масоили пешрафти устувори иқтисодӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, беҳбуди вазъи бозори меҳнат ва амсоли ин ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтаанд, ки воқеан ҳам, ба ниёзмандиҳои миллии давлати соҳибистиқлоли мо комилан ҷавобгӯ мебошанд. Дар ин росто, таваҷҷуҳи сатҳи олии кишвар ва сиёсати давлат ба масоили баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, амалигардии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо иқдому ибтикори муассиру манфиатбахши Сарвари хирадсолори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо иродаи сиёсии устувори хеш дар ҷомеае, ки арзишҳои маънавӣ ва урфу оини мардум қавист, ҷиҳати таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти беҳдошт ва ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занону духтарони лаёқатманд мусоидат менамоянд. Зимнан, дар Паёми хеш Сарвари давлат зикр карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд ва минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гунаи мисол аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзудааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 дарсад расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, 51 ҳазори онҳо бонувонанд. Алҳол шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзун гардида, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 дарсадро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нисбати намояндагони ин қишри ҷомеа ғамхориҳои рӯзафзун зоҳир намуда, баҳри боло бурдани мақому манзалати онҳо тадбирҳои муассир меандешанд. Имрӯзҳо бонувони тоҷик дақиқу дуруст медонанд, ки дар ҳифзи манфиатҳои қонунии хеш аз пуштибонии ҳамвораи Сарвари давлат бархӯрдоранд. Суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш далели ин гуфтаҳоянд:
«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Дар ин росто, Сарвари давлат аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар риояи қонунҳои миллии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, ба таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму оин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд. Муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.
Нуктаи дигари муҳим дар Паём таъмин намудани амнияти давлат ва сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон буд. Президенти кишвар, ки аз шеваи сиёсии сулҳпарваронаву башардӯстона кор мебаранд, тамоми хатарҳои глобалиро дарк ва таҳлилу ташхис менамоянд. Ба ҳар шахси заковатманд аз он ишора месозанд, ки аз шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ки мутаассифона, имрӯзҳо ҳам паст нашудааст, ғофилу бетафовут набошанд. Ин ҷанбаи сулҳсозии Сарвари давлатро, ки ваҳдату ҳамгироиро дар кишвари худ таъмин намудаанду таъкид бар он доранд, ки ин қазия бо роҳи низомӣ ҳал намегардад, аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Чунончи, дар Паёми хеш ангоштаанд: «Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ва ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳал карда шаванд».
Бо эътино ба таъриху тамаддуни чандҳазорсола ва иқлиму табиати биҳиштосои Тоҷикистон Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш солҳои 2019–2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд, ки ҳадафи эшон рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардуми ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад. Дар ин росто, таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба масъалаи мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳоти кишвар барои беҳтар гардидани вазъи корҳо дар ин самт такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» тасмим гирифта шуд, ки ҳар як соли ин даҳсола ба баррасии ҳамаҷониба ва ҳаллу фасли тадриҷии мушкилоти марбут ба об бахшида шавад. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки тамоми ибтикору тадбирҳои судманди Сарвари хирадсолори фарҳангпарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи асолату ғановати миллӣ ва сарватҳои бебаҳои табиати биҳиштии мамлакати мо равона гардидаанд, ки дар беҳбуди ҳаёти сокинони кишвар нақши муассир хоҳанд гузошт.
Шоҳона СУЛАЙМОН