Ба рух чун осмони Тоҷикистон,
Мусаффо, беғубору босафоӣ.
Бизебад бар ту шарми нозанинат,
Батамкинию нарму хушсадоӣ
Бигирӣ даст пирони хирадро,
Ятимонро парасторӣ намоӣ
Мисоли қиблагоҳи ғамгусорат,
Ҳалиму хоксору босахоӣ
Чу боғи дӯстӣ бунёд кардӣ,
Ризо шуд рӯҳи Ҷомию Навоӣ
Туӣ арзандаи мадҳу ситоиш,
Сари болои мову фахри моӣ!
Ба ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ – муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бигуфт оне зи занҳо нест суфӣ,
Надонад Хайриниссои Юсуфӣ.
Ки ӯ ҷуз дидаи хушбин надорад,
Ба дил бар ҳеҷ одам кин надорад.
Ба ҳар мансаб, ки бошад, зиндадил ӯст,
Диле хурсанд кардан кори некуст.
Ба МАҒФИРАТ ХИДИРЗОДА – муовини раиси вилояти Хатлон
Ҳастанд Хидирзода
Бонуи худодода.
Иқбол ба рӯйи ӯ
Дорад дари бикшода.
Ҳар мансаби олиро
Иҷро кунад озода.
Бар амри Ватан доим
Ҳар дам бувад омода.
Ба СУМАНГУЛ ТАҒОЙЗОДА – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Суман гул ҳаст, ҳаст, оре, суман гул,
Барад гул лек рашк аз ту, Сумангул.
Ки гар аз гул кунад боғу чаман гул,
Зи кори неку ҳусни ту – Ватан гул.
Ба ГАВҲАР ШАРОФЗОДА – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ
Ба ту доданд неку сарвариро,
Ҳифозат гавҳари лафзи дариро.
Туӣ Гавҳар зи оли бошарофат,
Муқаддас дон забони модариро.
Ба ФАРОҒАТ АЗИЗӢ – ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Ало эй духти хушиқболи санъат,
Зи саҳми туст некӯ ҳоли санъат.
Миёни олимон аз он азизӣ,
Ки доноиву боақлу тамизӣ.
Аз ин рӯ, дӯст дорандат ҳамеша
Ҳама атрофиён, ҳамкасбу пеша.
Гузаштастат агарчи вақти роҳат,
Намонандат бароӣ бар фароғат.
Ба МАВСУМА МУИНӢ – муовини раиси шаҳри Душанбе
Ало зебо ба гуфтору ба кирдор,
Ба кори хеш мебошӣ сазовор.
Бувад таъйиншуда маънои Мавсум,
Ва як маънои Муинӣ мададгор.
Мададгори раиси навҷавонӣ,
Ки бо номус мегирад сарукор.
Душанбе дилситон бо ҷаҳдатон шуд,
Фузун гардид шаъни шаҳрсолор.
Сафар Айюбзодаи Маҳзун