Ба қадри модарон бирасед!
«Як-ду моњ пеш аз марги модарам он касро оѓўш кардаму пурсидам: очаљон, дар хурдї дар табаќ шири гарм мерехтиву равѓан ва аз болояш як коса љурѓот њамроњ менамудї, барои чї ин корро мекардї? Модарам гуфтанд: «Бачам, барои он чунин мекардам, ки њам шиками шумо сер бошаду њам тавонам аз шири боќимонда бароятон фатиру кулчаву тањмол пазам».
Резагавҳар аз љаласаи тантанавии бахшида ба Рўзи Модар бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон (Душанбе, Кохи Борбад – 7.03.2020)
«Шумо, бонувони азиз, мисли гулњои бањорї ва њатто зеботар аз он толорро хеле зебо кардаед».
Таъкид ба наворбардорон: «Маро не, модарони азиз ва фарзандони зебои моро имрўз тариќи телевизион нишон дињед».
«Мехоњам дар ин лањзањои пурнишот бо ифтихору сарфарозї хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру тањаммул њамчун сифатњои бењтарини миллї маќому манзалати занону бонувони моро дар љомеа баланд бардошта, онњоро азизи њар як оила ва ќуввати дили ањли хонавода гардондаанд».
«Модар гавҳари ноёб аст. Ҳоло, ки модар доред, ба қадраш бирасед. Ҳама сарвату давлати дунёро шояд ёфтан имкон дорад, аммо модарро не!»
«Сухане, ки модар ба фарзанд мегўяд, дўстдориву мењрубонї ва ѓамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоњир мекунад, чунин суханонро њељ каси дигар намегўяд ва чунин ѓамхориву дўстдориро њаргиз шахси дигар карда наметавонад».
«Танњо Модар аст, ки баъди бузург шудани фарзанд њам мегўяд, ман барои ту бимирам! Магар касе ба сидќу самимонатар аз модар ин суханро барои мо мегўяд? Не!»
«Бењтарин туњфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як мењрубониву навозиши ў мебошад».
«Мо, њар яки шумо, модарону бонувони азизро дўст медорем, бо занону духтарони ватандўст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки шумо вазифањои бадўшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иљро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон сањми боз њам бештар мегузоред».
«Ба њолати аввали марти соли 2020 аз шумораи умумии ќариб 19000 нафар хизматчиёни давлатї 4500
нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз љумла 1100 нафар ё 19 фоизи онњо имрўз дар вазифањои роњбарикунанда кор мекунанд. То охири соли 2019 бонувону занон дар њайати Њукумати мамлакат њамагї 4,7 фоизро ташкил медоданд, вале ин нишондињанда имрўз ба 14,7 фоиз расидааст».
«Дар иншооти ањамияти стратегидоштаи неругоњи барќи обии «Роѓун» 750 нафар занону бонувон, аз љумла 40 нафар дар вазифањои роњбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоњњои «Норак», «Бойѓозї» ва 1500 нафар дар корхонаи «Алюминийи Тољик» кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онњо роњбарони бахшњои гуногун мебошанд».
«Ман аз шумо, модарону бонувони азиз, даъват менамоям, ки нисбат ба шавњарони худ мењрубону ѓамхор бошед ва ба ќадри зањмати онњо расед. Муносибати хуби байнињамдигарии падару модар ба фарзандон ва ањли оила таъсири мусбат мерасонад ва ба онњо дарси ибрат мегардад».
«Солњои аввали фаъолиятам њамчун Президент «Раис» гуфта мурољиат мекарданд. Як ваќт гуфтанд, ки
«Раис, захираи ѓалла кам асту дар шањри Душанбе њоло 80 тонна орд мондааст». Дар хазинаи кишвар як тонна тилло доштем. Супориш додам, онро бо орд иваз кунанд, тариќи роњњои њавої ба кишвар орд ворид кардем. Мо мардумро дар давоми ќариб сї сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагї ва азият кашидани халќамон роњ дињем?»