Дар Хоруғ намояндагони ин насл аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар мавзӯи сиёсат, фарҳангу маданияти ҷавонон табодули афкор менамуданд. Дар ин байн ҷавони болобаланду гандумгун, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба минбар баромада хеле ҷолиб дар мавриди роҳҳои таҳким бахшидани зиракии сиёсӣ, беҳтарсозии ахлоқ ва маънавиёти насли ояндасоз изҳори назар кард.
-Азбаски бидуни коғаз фикрҳоямро бо забони содаву равон баён кардам, ҳамтоёни зиёдам ҳангоми танаффус маро табрик гуфтанд. Дар толор намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳам ширкат меварзиданд ва аз байни издиҳом зане наздам омада, худро муовини раиси ноҳияи Роштқалъа муаррифӣ намуду пас аз тавсифи салиқаи суханвариам аз ҳолу аҳволам пурсид, ки оё ман ҳамчун намояндаи ҷавони ноҳия ба чӣ ёриву дастгирӣ ниёз дорам. Акнун чанд сол боз бо тақозои вазифаи рӯзноманигорӣ бо масъулони зиёд, аз ҷумла бонувони сарвар дар сохторҳои гуногун сару кор доштанам лозим омад. Вале, бовар кунед, ба мисли Гулбегим Миракова афроди маснаднишине, ки дари ҳуҷраи кориашон ҳамеша ба рӯйи ҳама боз бошаду мушкилоти шаҳрванди корафтодаро чун мушкилоти шахсиашон қабул мекунанд ва ба ҳаллашон бо ғайрати зиёд мекӯшанд, меҳрубону ғамхор ва бодиққат ба ҳама рӯйдоди марбут ба доираи масъулияташон ҳастанд, каманд, - ёдовар мешавад мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» Саъдоншо Ҷанобилшоев.
-Муаллима шахси ҷиддӣ, пуркор ва хоксор мебошанд. Маслиҳатҳояшонро аз мо дареғ намедоранд, нисбат ба кадрҳои ҷавон дилсӯз ва меҳрубон ҳастанд, - иқрор меояд Зӯҳро Муллоҳикматова, сардори бахши ҷавонони ноҳияи Роштқалъа.
Донишу таҷрибаро ба дигарон омӯхтан сифати фитрии ин бонуст. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолияташро дар мактаби шаҳри Норак оғоз намуд. Дар ин ҷо ӯ ва шавҳараш 15 сол ба шогирдон асрори фанни риёзӣ омӯхтанд. Бемории як фарзанди хонавода сабаб шуд, ки онҳо ба зодгоҳашон баргарданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа Гулбегим фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори фанни риёзӣ идома дод. Натиҷаи талошҳои омӯзгори серғайрат зуд самар овард, зеро дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ дар рақобати зеҳнӣ шогирдонаш дастболо ва ба ҷойҳои сазовор ноил мегардиданд. Бо дарназардошти натиҷаҳои таълимӣ, кордонӣ ва ташаббускорӣ пас аз чанде Г. Мираковаро муовини директори мактаб оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин намуданд. Истифодаи босамари донишу таҷриба ва усулҳои роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ дар ҷараёни беҳтарсозии таълиму тадрис, ташаббускорӣ ва мавқеи фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ Г. Мирковаро ба яке аз чеҳраҳои намоён байни маорифчиёни ноҳия табдил дод.
Ноҳияи Роштқалъа соли 1992 таъсис ёфта, дар сохтори идории мақомот шумораи занон хеле кам буданд. Вақте дар партави Фармони Президенти кишвар аз аввалҳои соли 2000-ум оид ба боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа зарурати таъмин намудани ширкати фаъоли занон дар корҳои идорӣ ба миён омад, роҳбарияти ноҳия ин зани ташкилотчӣ ва ташаббускорро ба кор дар сохтори мақомот даъват намуданд.
Ӯ аввал дар бахши кор бо занон ва оила ба фаъолият пардохта, сипас ҳашт сол дар мақоми муовини раиси ноҳия заҳмат кашид. Г. Миракова аз зумраи бонувони сарварест, ки дар баробари иҷрои босифати вазифаҳои хидматӣ ва нақшавӣ ба тамоми падида ва ҳодисаҳое, ки дар доираи салоҳияташ дар ноҳия ба вуқӯъ мепайванданд, таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва онҳоро дастгирӣ месозаду ба ҳаллашон мусоидат менамояд.
Миёни бонувони маҳаллӣ ҳунар ва соҳибкориро ташвиқ менамояд, то занон аз имконияти табиии маҳал ба нафъи буҷети оилавиашон самаранок истифода баранд. Агар дар маҳалҳои иқлимашон гармтари ноҳия бонувон ба коркарди меваву сабзавот бештар диққат диҳанд, дар нуқтаҳои дурдаст коркарди тибити бузи кашмирӣ равнақу ривоҷ ёфт. Бо эътино ба сердаромад будани коркарди мӯинаи бузи кашмирӣ дар деҳаи Занудҷ корхонаи хурд ба фаъолият оғоз намуд. Ин иқдомро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон амалӣ намуда, 18 нафар зани хонашини деҳот бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин гардид.
Ба ғайр аз риштаҳои аз тибит тайёршуда, ки дар бозор талабот ба онҳо зиёд аст, бонувони ҳунарманд аз он ҷуробу тоқӣ, дастпӯшак, кулоҳ ва намудҳои дигари либосҳои гарми зимистона тайёр менамоянд.
Дар бораи ин бону мегӯянд, ки дар солҳои фаъолият дар симати раиси бахши занон ва кор бо оила ва муовини раиси ноҳия будан, дар такомули ҳаёти фарҳангии маҳал саҳм дорад. Бо ибтикори ӯ фестивал-озмуни ноҳиявии «Ганҷина» рӯйи кор омад, ки дар он сокинони ҷамоатҳои деҳот барои муаррифӣ намудани дастранҷҳои мардумӣ бо ҳам сабқат варзиданд. Рангорангии намоиш собит сохт, ки намудҳои зиёде аз ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли ҳунари ғиноӣ ва сарояндагӣ, чӯбтарошӣ, дӯзандагӣ ва бофандагӣ аз ҳар ҷойи дигари вилоят дар ноҳияи Роштқалъа боқӣ монда, озмун беҳтарин истеъдодҳои ҷавони дафсозу фалакхонро ба майдон овард. Сайқал ёфтани маҳорат дар майдонҳои сабқати фарҳангӣ боис гардид, ки ба ҳунармандони ноҳия шарафи намояндагии ВМКБ дар озмуни ҷумҳуриявии «Бозори ҳунар» ва сазовори мақоми шоиста гаштан дар он насиб шуд.
Сад бонуи даф ба каф дар миёни қуллаҳои гардунсои Бадахшон дар маҳали Миденшарви ноҳияи Роштқалъа аз гузоштани хишти нахустини Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мавриди истифода қарор гирифтани он иқтидори энергетикии минтақаро боз ҳам таҳким мебахшад, мужда доданд. Садои малакутии даф бо қалб ва ҳаракатҳои ҷаззоби ҳунармандон ҳамовоз гардида, манзараи фаромӯшношуданӣ ва тасхиркунандаеро падид овард. Дар арафаи омодагӣ ба ин маросим ҳангоме масъалаи чӣ тавр пур намудани камбуди созҳои мардумӣ ба миён омад, ин бонуи сарвар тавонист, устоҳои маҳаллиро, ки чанд вақт боз тешаро аз даст раҳо карда буданд, ба сохтани даф ҷалб намояд. Аз пиразанҳои солманд хоҳиш намуд, ки ба бонувон нозукиҳои аз ёдҳо фаромӯшшудаи тарзи задани дафро омӯзонанд. Дар пеши чашми тамошобинон боз як намуди ҳунари мардумӣ бо тамоми нозукиҳояш эҳё гардида буд. Сарвари давлат ба бонувони ҳунарманд пешниҳод кард, ки бо ҳам акси хотиравӣ гиранд ва ҳунармандон чун нишонаи қадри заҳматҳояшон бо ҳаяҷону эҳсос ва ифтихор аз ин лаҳза ёдовар мешаванд.
Дар Роштқалъа солҳои охир мутахассисони ҷавони зиёд дар идораву муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳанг кор мекунанд, ки бештарашон дар иҷрои масъулияти хидматӣ қадрдонӣ нишон медиҳанд. Вале, барои мисол, агар тифле ва ё зане бемори сахт шавад, иддае аз сокинони ноҳия пеш аз интиқоли мариз ба шифохонаи вилоятӣ бо амри одат ва эътиқод барои гирифтани тавсия ба Пайкармо Алиёрова ва Гулхотун Мирзокасирова муроҷиат мекунанд. Пизишконе, ки неруи хастанопазири фаъолияти касбиашонро ба ҳифзи саломатии мардум бахшидаву бо кори ҳалолашон сазовори эътимоди мардум гаштаанд ва, агарчи кайҳо бознишастаанд, вале дару дилашон ҳамеша ба рӯйи мардум боз аст. Гулбегим Миракова аз зумраи чунин бонувони шоиста ва коромӯз аст, ки бо фаъолияти пурсамараш «гули сари сабад»-и эҳтироми мардуми ноҳия гардида, афроди зиёд дар масоили гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд ва ҳамеша аз ёриву дастгирии ин бонуи ҳимматбаланду покдил баҳравар мегарданд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Роштқалъа