ҲИДОЯТ
Як дуо буд, як дуои модар дар ибтидо ба сӯи фатҳу кушоишҳо, саҳеҳтараш як ҳидоят ё фотиҳаи неки модар ба писари навхати нозпарварди хонадон чун раҳпӯиву раҳҷӯӣ ба қасди тамдиди таҳсилот. Падари хонадон бад-ин тасмим аслан мувофиқ набуду ба қавле далели муътамаде ҳам дошт ва дар замина ба ҳич эҳтиёҷе дур аз остони гарму ҳалқаи хонавода берун рафтани ҷигарбандашро намехост, ба бӯи ин бим, ки: «Ҳар сафар кинояе аз марг аст». Дар ин пофишорӣ ҳақ ҳам бо ӯ буд, чунки дар диёри дури дури Украина ҳини адои хидмати аскарӣ дар пайи як иттифоқи мудҳиш лахти ҷигарашро бохта буд. Дар ин сӯзу соз месӯхт ва рӯзу ҳафтаву моҳу сол чи ки, ҳатто барои як нафас сари созиш ба тарки хонаву дар гуфтани ду писарбачаи дигарашро надошт. Аммо, нигаҳу назар ва қазовати модар ба масъалаву мушкили бамиёномада дигаргуна буд. Модари дурнигару дилбини сариштакор аз масрафи рӯзгор зарра-зарра кам мекарду ба раҳтӯшаи писараш зам. Чун фурсати фотиҳаи сафар фаро расид, ӯ сандуқи меросии волидонашро кушуду ба дасти ҷигарбандаш роҳхарҷиро супурд. Баъди дуову фотиҳаи нек гуфт: «Бихон, бачам, бихон, ки «Ҳаштдодаракон»-и азизу авлоди падарат ба хондану доноӣ дар Бухоро доди дунёро дар илми ислому Илоҳиёт додаанд!»
«ҲАШТДОДАРАКОН»
Рози то ин лаҳза нокушудаи «Ҳаштдодаракон»-ро шояд модар бори нахуст пеши фарзанди хушзеҳну доништалабаш худноогаҳу бадоҳатан дар ангезаи кадом андешаи ирфонӣ ифшо намуд, зеро дар он замонҳо, ки Шӯравияш меномиданд, ифтихор аз илми Илоҳиёт ҷурми нобахшиданӣ маҳсуб меёфт(китоби «Навои куҳанро навӣ», ки соли 2005 интишор гардидааст, дар бораи зиндагиномаи ашхоси мансуб ба дудмони дастони мавриди назар ба гунаи муфассал қисса мекунад). Мазмуни мухтасар ин аст, ки дар хонаводаи сӯфӣ Одинаи ғузихамӣ ва ҳамсараш Бибииззат 8 писар ба сар мебурд ва ҳам улуми исломиро аз волидайни худ меомӯхт. Аммо, бар асари маризии ногаҳоние чун модарашон даргузашт, осоиши хонавода аз байн рафт. Ҳаштдодаракони ҳушманд шикоят аз дуруштии моиндар пеши падар набурданд то ӯ хонавайрон нашавад, балки рӯ ба Бухорои макони илму дин ниҳоданд то улуми исломро дар мадрасаҳои ин шаҳр омӯзанд. 35 сари сол хонданду дар илми дини ислом комил ёфтанд. Сӯфӣ Одинаро танҳо баъд аз 10 – 15 сол муждаи толибилми мадорис будани фарзандон расид. Бародарон Абдулло, Исмоил, Файзулло, Масъуди Мавлавӣ, Зариф, Ибод, Латиф ва Ҷалолиддинро на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон, Афғонистон, қисман мамолики араб дар вақташ мешинохтанду ба хирадмандию дониши бекарони исломиашон арҷ мегузоштанд. Масъуди Мавлавӣ дар зодгоҳи худ рустои Ғузихами Балҷувон мадфун асту манзили охирати домулло Файзулло дар қишлоқи Пушинги ноҳияи Данғара. Ба иқрори мардуми таҳҷоии воқифи ҳол парвози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, наҷотбахши Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ то бад-ин ашхоси муътабар мекашад. Ин ҳама заковату дониш, арҷгузорӣ ба мероси илмию фарҳангии гузаштагон, қадршиносии фарзандони фарзонаи миллату меҳан ва ҷонфидоиро баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ӯ ба ҷиҳати ирсӣ маҳз аз волидайнаш мерос гирифтааст. Борҳо самимона иқрор омадаанд, ки бо дуою дастгирии модар тамдиди таҳсил намудаанд, гиреҳи мушкилтарин масъалаву моҷароҳоро бо тадбирҷӯиҳои он кас кушодаанд. Меҳру муҳаббат, эҳтирому арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати зан-модар дар кишвари мо бо кӯшишу эҳтимоми Пешвои муаззами миллат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо кард. Таҳияву ба тасвиб расидани қонуну қарорҳо дар самти танзими ҷашну маросимҳои миллию суннатӣ ва боло бурдани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд ба нафъи хонаводаҳои тоҷик хӯрд, ки чароғи рӯшанбахши ин кошонаҳо маъмулан модарон мебошанд. Ҳини сафарҳои эҷодӣ борҳо шоҳид шудаам, ки модарон аз Сарвари давлат бо қалби саршор аз эътиқоду самимияту шукргузорӣ чун аз ҷигаргӯшаи худ ном мебаранду дуову дурудаш мефиристанд, бақои давлаташро мекунанд. Чаро ки онҳо дар солҳои пурсаодати соҳибистиқлолӣ бо чашми сар диданду ба тору пуду саропои вуҷуд эҳсос намуданд, ки тантанаи ваҳдату ҳамгироӣ, сулҳу созиш ва адолати иҷтимоӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои баргузидаи миллат мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар тарбияту парвариш ва ба хидмати ҷомеа эҳдо намудани давлатдорони бузурги созандаю бунёдкор нақши волидайн бузург буваду бо арзиш. Ин нукта дар як байти шоири нуктасанҷи тоҷику форс Соиби Табрезӣ ба тариқи зайл бозгӯ шуда:
Диҳад самар зи рагу решаи дарахт хабар,
Нуҳуфтаҳои падар аз писар шавад пайдо.
НУҲУФТАҲОИ ПАДАР
Як далели зиндаи дигар аз омӯзаҳои нуҳуфтаи падарро мо имрӯзҳо дар амалу кор, кирдору рафтор, суҳбату гуфтори мардумсолорию ободкории шаҳрдории Душанбе мушоҳида кардан дорем. Баъди ба даст гирифтани зимоми раҳбарии маъмурияти пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба зудтарин фурсат шаҳрро дуболо шаҳр кард. Имрӯзҳо овозаи боғистонҳои хурраму тамошобоб, хиёбону гулгаштҳои зебою сабз андар сабзи чароғон, бунёди иншооти варзишию солимгардонӣ дар маҳаллаю шаҳракҳо, фаввораҳою обистонҳои бешумор, беҳбудии хидматгузории нақлиёти мусофирбар, тадбирҳои фаъолгардонии коргоҳҳои бешумори саноатӣ дар қаламрави шаҳр ва ба ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардондану дастгирии иҷтимоии меҳтарони ҷангу бознишастаҳои маскуни пойтахт ва бад-ин осо ташаббусу тараддудҳои хастагинопазири рустамонаи Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ҳосил аз ҳамон нуҳуфтаҳои падари бузургвор бувад чун армуғони арзандае ба солҷашни 27-умини Истиқлолияти Ватан ва ҳам арҷгузорӣ ба як ҷашнвораи муқаддаси дигари муқаррар дар таъриху тақвими соҳибистиқлолии Тоҷикистон - Рӯзи Президент.
Шоҳона СУЛАЙМОН