Имрӯз кас аз гулгашту хиёбонҳои он гузар карда, эҳсос менамояд, ки ин макони куҳанбунёд симои ҷавон гирифтааст. Дар як назар барои ҳар фарди одӣ ҳам равшан мегардад, ки ин ҷо ҳама унсурҳои суннатии шаҳрҳои ободу пешрафта вуҷуд доранд. Биноҳои ободи баландошёна, гулгашту хиёбонҳои зебо, кӯчаю паскӯчаҳои равшан, тоза ва дилрабо. Меҳмонхонаҳои барҳавою ороста, варзишгоҳҳои калону замонавӣ, китобхонаҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷу литсейҳо, марказҳои дилхушию фароғатхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, осорхонаҳо, бозору фурӯшгоҳҳо ва боз даҳҳо чизҳои дигаре, ки хосси шаҳрҳои калону пешрафтаанд, ин ҷо сари ҳар қадам ба чашм мерасанд. Табиист, ки ин ҳама пешравиҳо, дигаргуниҳо ва навсозиҳо аз баракати истиқлолияти кишвар аст.
Воқеан, шаҳри Кӯлоб дар як фурсати басо кӯтоҳ обод, зебо ва дигаргун гашт. Хосса баъд аз таҷлили ҷашни бошукӯҳи 2700 - солагӣ, ки соли 2006 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва аз баракати он Кӯлоб ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфт. Маҳз ин чорабинии муҳими сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки оламиён Кӯлобро чун яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ шиносанд ва эътироф намоянд.
Ин шаҳри бостониро аз тарафи шарқ кӯҳи Эмомаскарӣ, аз ҷануб, Шакарбаланд, аз ғарб Хоҷамуъмин ва аз шимолу ғарб Хоҷасартез иҳота кардаанд, ки ин ҳама дар маҷмӯъ манзараи умумии онро боз ҳам шукӯҳорою назаррабо ҷилва медиҳанд.
Имрӯз шаҳр то ба канораҳои ҷанубии рӯдхонаи Яхсӯ, ба қавле Бахшӯ, доман густурдааст. Мутобиқи нақшаи куллии шаҳр дар оянда он бояд дар ду ҷониби ин рӯдхона, бо дарназардошти биноҳои баландошёна, доман густарад.
Шаҳри Кӯлоб дар замони истиқлолият на танҳо аз нигоҳи меъморӣ, балки аз лиҳози иқтисод ва иҷтимоъ низ хеле пеш рафт. Ҳоло дар ин ҷо даҳҳо корхонаҳои саноатӣ фаъоланд, ки аз баракати онҳо сокинони шаҳру минтақа на танҳо бо маводи ниёзи аввал таъминанд, балки барои худ шуғли доимӣ пайдо намуданд. Чунончи, танҳо дар шаш моҳи соли равон бештар аз 500 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷои кор гардида, наздики 300 кас ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ҳоло дар ин ҷо бо дастгирии шаҳрдорӣ ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва зинда нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои мушаххас рӯи даст гирифта шудаанд. Дар ин самт бештар аз 250 сокинон, ки худ майли азбар кардани ҳунарҳои мардумиро доранд, ба омӯзиш ҷалб гардиданд.
Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои асосии пешрафт дар замони бозаргонӣ, ин роҳ кушодан ба тиҷорат ва шароити мусоид фароҳам овардан ба соҳибкории хурду миёна мебошад. Дар ин самт низ бо истифода аз имконоти мавҷуда танҳо дар соли равон барои рушди босуботи соҳибкорӣ ва дигар амалҳои манфиатноки шаҳрвандон, бештар аз 50 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба як соли пеш 16,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин иртибот дар шаҳру деҳот, боз ёздаҳ лоиҳаи сармоягузорӣ амал менамояд, ки маблағи умумии онҳо бештар аз сад миллион сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз барои ободу зебо гардондани шаҳр соҳибкорон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Бо иродат ва хоҳиши онҳо дар шаҳр сохтмони 14 иншоот, аз ҷумла: ду коргоҳи дӯзандагӣ, як осиёб, як хонаи истиқоматии 6 – ошёна (ба маблағи 9,9 миллион сомонӣ) сохта ба истифода дода шуд. Дар ин радиф сохтмони 123 иншооти дигар, аз ҷумла 25 корхонаи саноатӣ, 4 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тиббӣ, 5 иншооти варзишӣ ва 26 муассисаи хизматрасонӣ бомуваффақият идома дорад.
Дар ин давра ба маблағи 43,3 миллион сомонӣ сармояи асосӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 41,8 миллион сомонӣ ва пудратӣ ба андозаи 22,1 миллион сомонӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта, мутаносибан ба андозаи 2,1 ва 2,2 баробар зиёд мебошанд. Ин ҳама дар маҷмӯъ барои рушд ёфтани иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Шаҳри Кӯлоб аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар саргаҳи Роҳи Абрешим қарор дорад ва шоҳроҳи «Кӯлоб - Хоруғ» аз дили он мегузарад. Маҳз ҳамин чиз барои боз ҳам ободу зебо гардидани ин макон имкони хуберо фароҳам меорад. Эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумлаи амалҳои дурандешонаи Сарвари давлат мебошад, ки дар як фурсати кӯтоҳ самари нек овард. Мардуми ҳунарпарвари шаҳри Кӯлоб аз ин иқдоми Пешвои миллат рӯҳбаланд гардиданд ва имрӯзҳо дар роҳи амалӣ намудани он гомҳои шоиста мегузоранд. Дар ин ҷо даҳҳо коргоҳҳои хурду бузурги ҳунармандӣ эҳё гашта, дари худро ба рӯи пешаварону ҳаводорон боз намуданд ва ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ карданд. Шаҳри Кӯлоб ба маркази воқеии фарҳангу ҳунари минтақа табдил ёфт.
Дастовардҳои шаҳр дар тӯли 27 соли истиқлолият касро ба ояндаи босуботи диёр дилгарм месозанд. Имрӯз дар шаҳр омодагиҳо ба таҷлили 30-юмин солҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки соли 2021 дар назар аст, шурӯъ шудаанд. Шаҳрдорӣ дар ин раванд тадбирҳои зиёде андешидааст. Тибқи нақша дар шаҳр 558 иншооти таъйиноти иҷтимоӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд мегарданд. Дар ин шумор 64 коргоҳи истеҳсолӣ, 36 бунгоҳи саломатӣ, 31 дорухона, 30 муассисаи томактабӣ, 60 майдонча ва толори варзишӣ, 29 ҳаммом, 54 сартарошхона, 3 беморхона, 3 китобхона ва дар ин радиф даҳҳо нуқтаҳои дигари муассисаҳои хизматрасонӣ бунёд ёфта, растаю хиёбонҳои нав, пулу гузаргоҳҳо, кӯчаю гулгаштҳо ба вуҷуд меоянд, ки ин ҳамаро метавон аз файзи истиқлол ва музаффарияти даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ин шаҳри бостонӣ унвон кард.
А. ҲАБИБУЛЛОПУР,
шаҳри Кӯлоб