04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШАҲРИ ЗАМОНАВӢ

 

Ноҳияи Нуробод аз ҷумлаи мавзеъҳои навбунёде мебошад, ки аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати ватандӯстонаи сокинонаш пурра аз нав сохта шуда, шаҳраки Дарбанд ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфт.

Тӯли 27 соли Истиқлолият дар ноҳияи Нуробод 198 бинову иншооти таъйиноти гуногун бо харҷи 309 миллиону 351 ҳазору 190 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар шаш моҳи соли 2018 тибқи нақша барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 46 миллиону 334 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир, даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ ба ҳусни ноҳия ҳусн афзуда, ба беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинони он мусоидат кард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия ба маблағи умумии қариб 425 миллион сомонӣ (баробар ба 53 миллион доллари амрикоӣ) 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ амалӣ шуда, айни замон татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад.

Дар ҳудуди ноҳия 7 коргоҳу корхонаи хурди саноатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохт­мон ва ду неругоҳи барқи обии хурд фаъолият дошта, истеҳсоли маҳсулот торафт меафзояд.

Дар соли 2016 сохтмони се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав дар деҳоти Ҳакимӣ ва Сафедчашмаи ноҳия, ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба итмом расонда шудааст. Дар маркази ноҳия - шаҳраки Дарбанд кӯдакистони дорои тамоми шароит барои 140 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ қомат афрохт.

Мувофиқи омор дар солҳои соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Нур­обод 240 баробар афзуда, шумораи муассисаҳои дармонбахшӣ ба 42 адад расид.

Саҳми занони ноҳияи Нуробод имрӯз дар тамоми соҳаҳо назаррас аст. Бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ сарбаландона фаъолият доранд. Дар соли хониши нав 11 нафар духтар тариқи Квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуд. Аз ҳисоби духтаракони ҷавон дар ноҳия мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, агрономҳо омода шудаанд. Дар корҳои бонкдорӣ низ духтарон фаъо­ланд.

Шумораи занон дар ноҳия 36 000 нафарро ташкил дода, айни замон 15 нафар дар вазифаи роҳбарикунанда заҳмат мекашад. 12 нафар тариқи озмун ба хизмати давлатӣ ҷалб гардидааст.

Ҳоло дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 8 нафар, маориф 100 нафар, тиб 116 нафар, дигар сохторҳо 28 нафар, соҳибкорӣ 11 нафар ва дар соҳаи кишоварзӣ 3 380 нафар занон ба фаъолият машғуланд. 9 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 9 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошанд.

РОҳҳО ПАЙВАНДГАРАНД

Дар тавозуни муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Нуробод 161,5 км роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 91 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва 69,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 3 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта ва 400 метр роҳи мавзеи Сурхоб пурра мумфарш карда шудаанд. Барои мумфарш ва ҳамвор намудани роҳҳо аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 65 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Мувофиқи нақша то охири соли 2018 бо дастгирии соҳибкорон боз мумфарш намудани 5,2 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ байни километрҳои 101 то 108 минтақаи Чорсада дар назар дошта шудааст. Ҳоло кор дар ин қитъаи шоҳроҳ оғоз ёфта, 3 километри он аллакай мумфарш шудааст.

Дар ноҳия корҳои соҳилбандӣ дар вусъати 400 метр идома доранд.

 

:.  Сиёсат 17.09.2018 10:39 2286

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz