ҶАҲОН ДОНАД, КИ МО ҲАМСОЯ ҲАСТЕМ!
Эмомалӣ Раҳмон:
Ташаккур, аз номи ҳайати меҳмонон ва аз номи худам барои чунин як пазироии самимӣ. Дар 27 сол ин нахустин сафари давлатии ман ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Мулоқоту баҳамоии мо – сарварони ду давлат барои мардуми одӣ бисёр муҳим мебошад, ин орзуву омоли халқ аст…
Итминон дорам, ки гуфтушунидҳои мо барои рушди бештари ҷараёни корҳои созандаи байни ду давлат имконият фароҳам меорад. Воқеан, дар муддати кӯтоҳ, дар шаш моҳ гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ду баробар афзоиш ёфтааст…
Имрӯз байни мо мавзӯи ҳалношудае намондааст. Мо сари ҳар масъалае ба мувофиқа омадаем. Дар ин сафар ҳуҷҷатҳои муҳиме ба имзо расиданд, ки натиҷаҳояш маълуманд. Мавзӯи муҳим захираҳои обист, гарчанде сол соли вазнину камбориш буд, мо кӯшидем ҳамсояҳо дар масъалаи об танқисӣ накашанд…
Ман мебинам, чӣ қадар давлат дар муддати кӯтоҳ рушд кард, гулгулшукуфон шуд, имрӯз Ӯзбекистон хеле пешсаф ва дастовардҳояш дар сатҳи ҷаҳонӣ боиси пазироиш аст. аз номи халқи тоҷик ба мардуми ӯзбек сулҳу субот ва ободии беш аз ин таманно дорам...
Шавкат Мирзиёев:
Мардуми тоҷик ва ӯзбек мисли ду шохаи як дарахтанд. Мо як дин, замин ва об дорем. Дар ғаму шарики ҳамдигар якҷо ҳастем, як сарнавишт моро пайваст мекунад. Анъанаҳои неки гузаштагони худро идома дода, мо бояд дӯстии халқҳоямонро тақвият бахшем ва аз он ҳимоя кунем…
Имрӯз муҳимтарин ҳуҷҷат - шартномаи шарики стратегӣ будани ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуд. Чанд соли қабл кӣ ба ин бовар мекард? Ин исботи якмарому якмақсад будани мост. Ин таърих аст!
Ба қароре омадем, ки дар дарёи Зарафшон якҷоя НБО бисозем. Тасаввур карда метавонед? Барои омӯзиши имкониятҳои истифода аз оби тозаи кӯли Сарез супоришҳои мушаххас дода шуданд. Баъзеҳо бар ин бовар буданд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон сари мавзӯи тақсимоти об ҳеҷ гоҳ ба мусолиҳа намеоянд. Бори дигар бовар мекунонем, ки мо дигар сари масъалаи об мушкили ҳалношудае надорем…
Бо ҳам наздик будан, дар ғаму шодии якдигар шарик будан, риояи қавонини ҳамсоядорӣ талаботи вақт аст. Дӯстони азиз, меҳмонони гиромӣ, мо саҳифаи тозаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро боз кардем.